Достон ва ҳикоёт

Ӯро гови шохдор куштааст

Дар як достони куҳани чинӣ омадааст, ки боре миёни писари вазир ва писари нигаҳбони дарбор даъво роҳ меуфтад ва кор ба ҷое мерасад, ки вазирзода чоқу ба даст мегирад ва шиками писари нигаҳбонро пора мекунад ва дар натиҷа ӯ кушта мешавад.

Нигаҳбони дарбор ғарқи дар ғаму андӯҳ ба подшоҳ аз писари вазир шикоят мебарад. Дар ҳамин асно аммо вазирзода даст ба домони падар мешавад, ки чорае биандеш, ки вазъ хароб аст! Вазир, бо кисае пур аз тилло ва ҷавоҳир назди қозӣ меояд ва ҷараёнро барояш нақл ва аз ӯ мехоҳад, то коре бикунад, ки ҷигаргӯшаашро пеши подшоҳ табриа кунад. Қозӣ писари вазирро ба назди худ эҳзор ва аз ӯ мепурсад:

— Оё касе ғайр аз падари мақтул шоҳиди моҷаро буд?

— На хайр, аз ҳақиқати моҷаро ба ҷуз ман, падарам ва падари мақтул касе бохабар нест.

— Дар куҷо ин иттифоқ рух дод?

— Дар тавилаи говон замоне ки мақтул мехост ба говҳо алуфа бидиҳад.

— Падари мақтул оё бо чашмони худ шоҳиди моҷаро буд ё пас аз кушта шудани писараш онҷо расид?

— Зоҳиран пас аз кушта шудани писараш омад, вале дастони ман ба хуни мақтул олуда буданд, ва тоза, вақте хашму ғазабро дар чеҳрааш дидам, ба ҷурми худ эътироф кардам ва ба пояш уфтодам.

Қозӣ гуфт: фардо дар ҷараёни муҳокима вақте аз ту тавзеҳ хостанд, бигӯ, гове шохдор ба ӯ ҳамла ва шикамашро пора кард ва ту ҳам бо ҷоқу омадӣ, то наҷоташ бидиҳӣ, ки муваффақ нашудӣ ва дастонат ҳам бо хуни мақтул олуда шуданд. Ва аммо ин ки барои нигаҳбон эътироф кардӣ, ки ин кор кори дасти ту будааст, бигӯ, аз тарси ҷонат ба ин кор паноҳ бурдаӣ.

Фардои он рӯз, ки дар пешгоҳи подшоҳ муҳокима баргузор шуд, вазирзода моҷароро ба ҳамон тартибе, ки қозӣ ёдаш дода буд, нақл кард.

Падари мақтул эътироз кард ва гуфт: дурӯғ мегӯяд, ман худам бо чашмонам дидам, ки вазирзода чоқу бардошта ва дастонаш ба хуни писарам олуда буданд ва ба ҷуз вай касе дигар онҷо набуд, то пиндошта бишавад, ки қотил ҳам ӯ бошад. Ва тоза, вазирзода худ эътироф карданд, ки кор кори дасти эшон будааст. Ва ин ҳам арз бикунам, ки аз ин пеш ҳаргиз дида нашуда буд, ки говони тавила ба касе ҳамла карда бошанд.

Қозӣ аз ӯ пурсид:

— Оё бо чашмони худ дидӣ, ки вазирзода чоқуро вориди шиками писари марҳумат – ки Худой раҳматаш кунад! – карда?

— Хайр, аммо пас аз эътирофи вазирзода ба ин ҷиноят, оё ҷойи шакку тардиде ҳам ҳаст?

Қозӣ гуфт: вазирзода вақте алоими хашму ғазабро дар чеҳраат мебинад, аз тарси ҷон эътироф ба коре мекунад, ки накардааст.

Бад-ин тартиб, ҳукми додгоҳ содир мешавад ва бар мабнои он, нигаҳбон ба далели “иттиҳоми қатл” ба писари як фарди дорои ҷойгоҳ дар дарбор ва соҳиби мансаб, барои ду сол маҳкум ба зиндон ва аммо писари вазир, на танҳо табриа, ки ба хотири шуҷоат ва қаҳрамоние, ки барои наҷоти як инсон ҷони худро ба хатар андохтааст, бо медоли шарафи дарбор мукофотонида мешавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.