Дуо ва муноҷот

Дуо

Худоё! Ба ту паноҳ мебарам аз ҳангоме, ки ба хотири ҳаёти ором ва бе дарди сар, ҳозир ба қабули ҳар навъ зиллат ва хорӣ бишавам!

Агар дар боқии умр, дар сарнавиштам ва пешониам, замоне навишта шудааст, ки дар он ҳозир бошам барои зиндагии ором ва бе дарди сар, хорӣ ва зиллатро бипазирам, пас, Худоё, беҳтар аст ҷонам ситонӣ ва ба сӯят бихонӣ!

Худоё! Ба ту паноҳ мебарам аз ҳангоме, ки зиндагӣ бароям мисли зиндагии чаҳорпоён ҷуз хӯрдану хобидану тавлиди мисл кардан нагардад ва ҳимматам ҷуз таъмини шикаму зери шикам нашавад!

Худоё! Ба ту паноҳ мебарам аз ҳангоме, ки доштани зиндагии ором ва бе дарди сар ба ҳадде бароям бирасад, ки зулмро ҷорӣ бибинам, вале сукут кунам ва ҳақро поймолшуда бибинам, вале хомӯширо тарҷеҳ бидиҳам!

Худоё! Бароям зиндагии ором арзонӣ бифармо, вале ҳамроҳ бо иззат ва сарбаландӣ ва шараф!

Худоё! Маро дар зумраи он дӯстон ва авлиёи худ қарор бидеҳ, ки дар баробари зулму ситам истоданд ва ҳеч чиз монеъи талош ва кӯшиш ва муборизаи эшон дар ин роҳ нашуд!

Худоё! Бароям динеро арзонӣ бифармо, ки ҳадафаш расидан ба ту, барпоии адолат дар рӯйи замин, барчидани басоти зулму ситам аз рӯйи он бошад, на дине, ки сукут дар баробари золим ва сар фуруд овардан дар баробари ӯро “маслиҳат” бидонад!

Худоё! Ба ту паноҳ мебарам аз ҳангоме, ки молам, ҷонам ва азизонам садде дар баробарам бишаванд, ки ба хотири онҳо даст аз аҳдофам, аз муборизаҳо ва аз пайкорҳоям ва аз гуфтани сухани ҳақ бардорам!

Ба ҳаққи Муҳаммаду Оли Муҳаммад!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.