Салафият

“Мо муътоди нафти онҳо будем ва як муътод соқии худро ҳаргиз фош намекунад”

Ёддоште аз Тумос Фридман (Thomas Friedman) дар рӯзномаи New York Times

Ҳафтаи пеш Washington Post ба номае ишора кард, ки тайи он, 200 женерол ва фармондеҳи омрикоӣ, аз Кунгра (Конгресс) ва қонунгузорон хостанд, ки тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро рад кунад. Ин нома, тавофуқ бо Эронро “таҳдиди амнияти миллӣ” медонад. Истидлолҳои машрӯе бар фоида ва ҳамчунин алайҳи ин тавофуқ вуҷуд дорад, аммо танҳо як истидлол дар хабари Washington Post мавриди ишора қарор гирифта; истидлоле, ки Омрикоро аз хатарҳои воқеии Ховари Миёна ба шиддат мунҳариф мекунад. Ин, масъалае аст, ки бояд мавриди баҳс қарор бигирад.

Ин истидлол аз тарафи женерол Тумос МакИнерни (Thomas McInerney), фармондеҳи собиқи нерӯи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида дар Урупо матраҳ шуд: “Он чӣ ки дар бораи ин масъала (тавофуқ) дӯст надорам ин аст, ки аксари гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар ҷаҳон эрониҳо ҳастанд. Онҳо паҳнкунандаи исломи родикол дар саросари дунё ҳастанд ва мо қасд дорем, ба онҳо дар дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ кӯмак кунем.”

Мутаассифона женерол, аммо лақаби “бузургтарин паҳнкунандаи исломи родикол” мутаъаллиқ ба эрониҳо нест. Ин лақаб мутаъаллиқ ба мутаҳидамон Арабистони Саудӣ аст.

Вақте ки дар мавриди дахолати Эрон дар теруризм мерасем, ман ҳеч таваҳҳуме надорам. Ман бомбгузории интиҳорӣ дар сафорати Омрико ва сохтмони туфангдорони баҳрии Омрико дар Бейрут дар соли 1983-ро ба хубӣ ба ёд дорам. Дар ҳар дуи ин амалиёт Ҳизбуллоҳ (-и вобаста ба Эрон) муттаҳами аслӣ шинохта шуд. Теруризми Эрон – дар баробари Омрико — дар як нуқта мутамаркиз набудааст. Ҷанг бо равишҳо ва абзори мухталиф (ғайри мустақим) барои берун рондани Омрико аз минтақа, то битавонад худаш ба ҷойи Омрико бар минтақа тасаллут дошта бошад.

Ман аз тавофуқи ҳастаии Эрон ҳимоят мекунам, ба ин далел, ки ин тавофуқ шонси Эрон барои сохтани бомбро ба муддати 15 сол коҳиш медиҳад ва имконеро муҳайё месозад, ки режими мазҳабии Эрон битавонад аз тариқи ҳамоҳангии бештар бо ҷаҳон, миёнарав шавад. Аммо агар шумо фикр кунед, ки Эрон танҳо манбаъи хатар ва мушкил дар Ховари Миёна аст, сахт дар иштибоҳед. Ҳодисаи 11-уми сентябрро ба ёд биёваред, ки аз 19 ҳавопайморубо, 15 нафар аз Арабистони Саудӣ буданд.

Ҳеч чиз ба андозаи милёрдҳо дулоре, ки ҳукумати Арабистон аз солҳои 1970 дар ҷаҳони араб ва исломи мавриди назараш сармоягузорӣ кардааст, то касратгаройӣ — сӯфигаройӣ, суннӣ ва шиъаи мийнарав — ро аз ин манотиқ решакан кунад ва ба ҷойи онҳо салафигаройӣ-ваҳҳобигаройии хушкимуқаддаси зидди мудерн, зидди зан ва зидди Ғарб ва касратгаройиро тавассути ниҳодҳои динии саудӣ таблиғ кунад, барои субот ва медурнизосиюн мухаррибтар набудааст.

Инки ҳазорон саудӣ узви ДОЪИШ шудаанд ё кӯмакҳои ниҳодҳои хайрияи кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс ба ҷайби ДОЪИШ меравад, бе далел нест. Ҳамаи ин гурӯҳҳои ифротӣ – Алқоъида, ДОЪИШ ва Ҷабҳатуннусра – ахлофи идеулужики ваҳҳобият ҳастанд. Арабистон ин афкорро дар мадорис ва масоҷид ба мардум тазриқ мекунад, аз Марокаш то Покистон ва Андунезӣ. Мо омрикоиҳо ҳаргиз ба онҳо чизе нагуфтем, зеро мо муътоди нафти онҳо будем ва як муътод соқии худро ҳаргиз фош намекунад.

Ҳусайни Ҳаққонӣ, сафири собиқи Покистон дар Вошингтун ва мутахассиси ислом дар Бунёди Hudson мегӯяд: “Аз газофагӯйӣ ва иғроқ парҳез кунем. Агар Эрон ҳомии гурӯҳҳои теруристӣ мисли Ҳизбуллоҳ будааст, бисёре аз муттаҳидони Омрико ҳам аз тариқи ҳимоят аз ваҳҳобият, ки касратгаройиро – ҳамчун исломи Бектошия дар Олбонӣ, ки мӯътақид ба ҳамзистӣ бо дигар адён буд, то исломи шиъа — аз байн бурдааст, ҳомии теруризм будаанд. Дар ин чанд даҳаи ахир, барои яксонсозии ислом талошҳое сурат гирифт, ки иддаъо мекунад, танҳо як роҳи машрӯъ барои расидан ба Худо вуҷуд дорад ва вақте ки танҳо як роҳи машрӯъ вуҷуд дошта бошад, бақияи роҳҳо дар маърази нобудӣ қарор мегиранд. Ин хатарноктарин идеяе буда, ки дар дунёи ислом зуҳур пайдо кардааст, ки аз Арабистон падид омад ва мавриди истиқболи дигарон аз ҷумла Покистон қарор гирифт.”

Ба ин моҷарои рӯзномаи Times аз Бейрут дар 16 июли 2014 диққат кунед: “Барои даҳаҳо Арабистони Саудӣ милёрдҳо дулори нафтиашро ба ҷайби созмонҳои исломии ҳамсӯйи худ дар саросари дунё рехтааст, ки усулеро барои пешбурди аҳдофаш ниҳодина кунад ва анбӯҳи асноди WikiLeaks, ки ахиран ифшо шуд, ин матлабро ба сурати шигифтангезе намоён месозад, ки чӣ гуна ҳадафи Арабистон дар солҳои ахир фақат густариши барномаҳои худ набудааст, балки ҳамзамон дар пайи зарба задан ба рақиби аслии худи яъне Эрони шиъа будааст.”

Ва ҳамчунин хабаре аз BBC дар 5 декабри 2010: “Ҳилори Клинтун, вазири умури хориҷаи Омрико, соли гузашта эълом кард, бо таваҷҷӯҳ ба санади маҳрамонае, ки ифшо шудааст, Арабистони Саудӣ муҳимтарин ҳомии молии гурӯҳҳои теруристии ваҳҳобӣ дар ҷаҳон будааст. Клинтун гуфт: ин як “чолиши мудовим” барои мақомоти Арабистон аст, ки бо ин аъмол ба унвони як авлавияти истротежик бархӯрд кунанд. Ба гуфтаи ӯ, Алқоъида, Толибон ва “Лашкари Тайиба” аз ҷумлаи ин гурӯҳҳо ҳастанд.”

Арабистони Саудӣ дар бисёре аз маворид муттаҳиди Омрико будааст ва миёнаравҳои зиёде дар Арабистон ҳастанд, ки аз мақомоти мазҳабӣ безоранд, аммо воқеият ин аст, ки Арабистон содиркунандаи исломи хушкимуқаддаси ваҳҳобӣ аст, ки худ бадтарин монеъи касратгаройии мусалмонон ва аъроб дар қарни ахир аст.

Аҳдофи ҳастаии Эрон бояд мавриди баррасӣ ва муроқибат қарор гирад, аммо агар масъалаи ҳастаии Эронро танҳо манбаъи бесуботии минтақа талаққӣ кунем, дар хоби ғафлат ба сар бурдаем.

New York Times

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.