Перейти к содержимому

Ҳар он чӣ ин мард пешбинӣ кард ва рӯй дод

1999; пирӯзӣ бидуни ҷанг”, унвони китобест, ки дар соли 1987 Ричорд Никсун (Richard Nixon), раисиҷумҳури собиқи Омрико мунташир кардааст. Ин китоб, бидуни муболиға, яке аз муҳимтарин китобҳои сиёсии чопшуда дар қарни 20-ум аст. Тақрибан монифесте аст барои сиёсати хориҷии Омрико дар ҷаҳон. Ҳар кас ин китобро мехонад, дармеёбад, ки Омрико бисёре аз чизҳоеро, ки Никсун гуфта буд иҷро кардааст, ба хусус дар бораи сиёсатгузориҳои Вошингтун дар қиболи ҷаҳони араб.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Абдулҳалим Абуғазола, касе ки ин китобро ба арабӣ тарҷума кардааст, ба ҳақ гуфта, ки “бисёр муфид аст, ба хусус барои касоне, ки сиёсатгузорони кишварашон ҳастанд, ки ҳатман ин китобро бихонанд.”

Китоби Никсун дарбардорандаи нукоте аст, ки аксари онҳо таҳаққуқ ёфтааст. Аз ҷумла, таъсири шигирфи ихтироъоти илмии қарни 21-ум ва ин ки чӣ гуна пешрафти текнулужӣ дар тавлиди сӯхтҳои санъатӣ, бар вобастагӣ ба нафт фоиқ меояд. Имрӯз мебинем, ки нафт ба пойинтарин нархи худ расидааст ва ҳуши маснуъӣ ба муқобила бо ҳуши табиӣ бархостааст. Илова бар он, Никсун дар муқаддимаи китобаш ёдовар мешавад, ки дастовардҳои илмии қарни 20-ум, ба шакли бесобиқае боло хоҳад буд. Ӯ ин қарнро “қарни ихтироъоти илмӣ” меномад.

Дар ҷаҳони сиёсат, Исроил вориди гуфтугӯи сулҳ бо аъроб шуд. Никсун мегуфт, ба маслиҳати Исроил аст, ки барои сулҳ музокира кунад, дар ҳоле ки қудратманд аст, ба ҷойи ин ки қудратҳои араб водор ба музокирааш кунанд. Никсун тағйир дар ҷаҳони сеюмро ба “тӯфон” ташбеҳ мекунад ва мегӯяд: “Мо наметавонем ҷилави онро бигирем, аммо метавонем талош кунем, ки ҷиҳаташ тағйир кунад.” Гӯӣ дар ин ҷо мехоҳад ба навъе эълом кунад, ки нақши мустақими Омрико, ки аз соли 1969 рӯ ба коҳиш гузошт, маҳдуд хоҳад шуд. Ӯ дар идома истинод мекунад, ки “Иёлоти Муттаҳида набояд дар ҳеч кадом аз ҷангҳо ва кашмакашҳои ҷаҳони сеюм бо истифода аз қудрати аслиҳа вориди амал шавад ва дахолат кунад, магар абарқудрати дигаре низ онро ҳамроҳӣ кунад.” Ҳамчунин бояд ба кӯмакҳои низомӣ ва иқтисодӣ барои шикасти шӯришиён пойбанд бошад.

Аммо боризтарин нуктае, ки ишора мекунад, марбут ба “бунёдгароии исломӣ” аст. Ӯ мегӯяд, доманаи тағйир ба ҷаҳони ислом низ хоҳад расид ва бунёдгароёни исломӣ талош хоҳанд кард, ба ҳар василае шуда ба қудрат бирасанд. Никсун дар идома, ба шакли бесобиқае ба нақши исломгароён дар Ховари Миёна ишора мекунад ва дақиқан он чиро имрӯз шоҳидем тавсиф мекунад. Ишора мекунад, ки фақр ба ҳадде хоҳад расид, ки сӯхте барои оташи фитнаҳои мазҳабигарӣ ва тоифагарӣ дар минтақаи Ховари Миёна бигардад. Ҳамчунин мегӯяд: “Бузургтарин душман дар ҷаҳони сеюм, бунёдгароии исломӣ аст.” Далели онро низ тамоюли шадиди ҷунбишҳои исломӣ ба истифода аз хушунат ба ҷойи таҳаррукоти сиёсӣ медонад. Ӯ дар ин робита мегӯяд: “Тамоюл ба бунёдгароии исломӣ ба далели ин нест, ки мактаби ҷадиди қобили арзае аст, балки ба далели эътироз ба вазъияти мавҷуд аст.”

Никсун дар ин китоб мегӯяд, Омрико қудратмандтарин кишвари дунё бидуни вуҷуди душман — ки битавонад бар он ғалаба ёбад — нахоҳад монд ва душмани ҷадиди Иёлоти Муттаҳидаро баъд аз суқути Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва кумунизм, “бунёдгароии исломӣ” медонад ва пешниҳод медиҳад, ки ҳамкорие миёни Омрико ва Русия барои мубориза бо “бунёдгароии исломӣ” ба вуҷуд ояд, аммо пешниҳод медиҳад, ки набояд бо онҳо муқобила кард, балки бояд барои тағйири ҷиҳати онҳо талош кард.

Касе ки корҳои ДОЪИШ ва гурӯҳҳои мушобеҳи онро дунбол мекунад, ин пурсиш барояш ба вуҷуд меояд, ки оё воқеан чунин гурӯҳҳое ба дунболи шахсиятҳои торихӣ мегарданд, чунон ки Никсун дар китобаш ёдвар мешавад, ё ин ки дар ҳақиқат абзоре барои тавҷеҳи поксозии ҷаҳони араб шудаанд? Оё робитае миёни инҳироф ва барбарияте, ки дар рафторҳои ин гурӯҳҳо дида мешавад, бо он чӣ Никусун дар китобаш ба унвони “бозӣ дар тағйири ҷиҳат” ёдовар мешавад, вуҷуд дорад?

Alhayat

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: