Мо ва тасаввуф (2)

Силсилабаҳсҳои ислоҳи андешаи динӣ (8)

Дар баҳси пешин сӯҳбатамон ба инҷо расид, ки тасаввуф фақат ин набудааст, ки теъдоде мурид пеши як муршид ҷамъ бишаванд ва ҳаракоте аз худ ба намоиш бигузоранд, балки тасаввуф қабл аз ҳама, як мактаби тарбиятӣ будааст, як мактаби тазкия ва худсозӣ будааст. Ва гуфтем, ки муршид ё ҳамон пир, дар воқеъ идомадиҳандаи рисолати Паёмбар (с) дар амри тарбият ва тазкияи нуфуси мардумон аст.

Инҷо лозим аст ба як нуктаи бисёр муҳим ишора бикунам, ки дар воқеъ посухи ин шубҳа ҳам ҳаст, ки баъзеҳо матраҳ мекунанд, ки дар садри ислом ва замони Паёмбар (с) ва саҳоба, мо чизе ба номи тасаввуф суроғ надорем, пас ин як бидъат аст, ки баъдҳо пайдо шуда. Ва нукта ин аст, ки мо набояд асир ва банди унвонҳо ва номгузориҳо бошем, балки бояд нигоҳамон ба ҳақиқат ва моҳияти як чиз бошад.

Бале, унвони “тасаввуф” ва ё “сӯфӣ” дар замони Паёбар (с) ва саҳоба барои афроди махсусе ба кор бурда намешуд, чунон ки баъдҳо ин вожа барои инсонҳои бахусусе ба кор рафт. Дар ин шакке нест. Ин истилоҳ баъдҳо вазъ шуд, вале бо ин вуҷуд, ҳақиқат ва моҳияти тасаввуф (сарфи назар аз ин истилоҳ) мавҷуд буд.

Рисолати мактаби тасаввуф оё ғайр аз ин аст, ки ба амри тарбият ва тазкияи нуфуси мардумон, он ҳам тавассути як инсони комил ва худсохта, бипардозад? Дар баҳси пешин, ишора шуд, ки дар замони ҳазрати Паёмбар (с) ин худи он ҷаноб (с) буданд, ки ӯҳдадори ин муҳим буданд ва зина ба зина ва марҳила ба марҳила мусалмонони садри исломро тарбият мекарданд. Амри тарбият ва тазкияи нафс, бидуни мураббӣ ва тарбияткунанда, амре тақрибан маҳол аст, ки дар баҳси пешин ёдовар шудем.

Бинобар ин, набояд гӯли бархе ҳарфҳоро хӯрд, ки ба далели он ки ин истилоҳ (истилоҳи тасаввуф ва ё ирфон) дар садри ислом вуҷуд надошт, пас ин мактаб аз асл ва реша зери суол бурда бишавад.

* * *

Нуктаи дигаре, ки дар ин баҳс мехоҳам дар бораи он сӯҳбат бикунам ин аст, ки гумони ғолиб пеши бисёре аз мардумон дар бораи густариши ислом дар дунё ин аст, ки ислом аз тариқи футуҳоти билод густариш ёфта, мисли ин пиндор, ки сипоҳиёни ислом сарзаминеро фатҳ мекарданд ва сипас миёни мардумони он сарзамин таълимоти исломӣ таблиғ мешуд ва мардум ҳам ба ислом мегаравиданд.

Хуб, агар дар нақшаи ҷаҳон, нигоҳе ба кишварҳое биандозем, ки ҳаминак мардумонаш мусалмон ҳастанд, шояд пиндори мавриди назар, дар бораи ҳудуди 30 то 40 дарсади ин кишварҳо сидқ кунад. Яъне воқеан мардуми ин кишварҳо (мисли Эрон, Осиёи Миёна, Миср, Шом, Туркия ва чанд тои дигар…) пас аз фатҳи онҳо ба дасти сипоҳиёни ислом, мусалмон шудаанд. (Албатта он ҳам на ба таври иҷбор ва икроҳ, ки ин худ баҳсаш ҷудост). Аммо дар боқии 70 ё 60 дарсади ин кишварҳо, оё медонем ислом чӣ гуна ва ба дасти чӣ касоне ворид ва густариш ёфтааст? Оё боре дар ин хусус фикр кардаем?

Оё медонем ислом чӣ гуна ва бо чӣ роҳе масалан ба шибҳиқорраи Ҳинд, Молезӣ, Андонузӣ, Чин, бештари кишварҳои офриқоӣ (на шимолаш, балки васат ва ғарби он) — ки иттифоқан шумори бештари мусалмонони ҷаҳонро ҳаминон ташкил медиҳанд — ворид шуда ва густариш ёфта?

Азизон метавонанд торихи вуруди ислом ба ин кишварҳоро, ки дар китобҳои торихӣ омадааст, бихонанд. Густариши Ислом дар ин кишварҳо ба дасти сӯфиҳо ва мактаби тасаввуф таҳаққуқ ёфта, он ҳам фақат бо силоҳи мантиқ, истидлол ва ахлоқи волои исломӣ, ки ин сӯфиҳо аз худ ба намоиш мегузоштанд ва мардумони он сарзаминҳо маҷзуби ахлоқи онҳо мешуданд ва фавҷ-фавҷ рӯй ба ислом меоварданд. Он сӯфиҳо ё тоҷир буданд, ки барои тиҷорат сафар карда буданд, ё мубаллиғони динӣ буданд ва ё аҳёнан фиристода ва сафири яке аз кишварҳои исломӣ буданд.

Ҳоло ба унвони намуна арз мекунам. Ҳамаи мо бо Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ориф ва сӯфии барҷаста, ки марқади муборакаш дар Кӯлоб воқеъ аст ва аз қазо имрӯзҳо барояш дар кишварамон ва низ дар Эрон ҳамоишҳое баргузор мекунанд, ошно ҳастем. Ин ориф ва донишманди исломӣ ҳамроҳ бо шуморе аз муридонаш ба Кашмир сафар мекунад ва замоне ки дар онҷо мустақар мешавад, мардуми он сарзамин маҷзуби ӯ мешаванд ва ҳамин сабаб мешавад, ҳама ба ислом рӯй оваранд ва дар як муддати кӯтоҳ ин сарзамин куллан як сарзамини исломӣ мегардад.

Аз ин намунаҳо мо бисёр дорем. Дар Андонезӣ ҳам чунин иттифоқе афтода, дар Молезӣ, Чин ва васат ва ғарби Офриқо ва дигар кишварҳо низ…

Хулоса, хадамоте, ки тасаввуф ва сӯфиҳо барои ҷаҳони ислом кардаанд, ҳеч тоифаи дигаре аз муҳаддисону мутакаллимону фуқаҳову дигарон накардаанд, аммо чӣ шуд, ки тасаввуф ҷойгоҳашро аз даст дод ва имрӯза тасаввуф он тасаввуфе, ки пештар буд, нест?! Ва бадтар аз ин, кор ба ҷое расида, ки на танҳо аз тасаввуф ба некӣ ёд намешавад, ки аҳёнан онро ба унвони як ҷараёни манфӣ дар торихи исломӣ ёд мекунанд. Чаро?

* * *

Ин ду омил дорад: яке, омили дарунӣ ва марбут ба тағйироте, ки дар даруни тасаввуф дар тӯли торих рух дода, ва омили дуввум омили берунӣ аст, яъне ҷараёнҳое аз берун, ки ба мухолифат бо тасаввуф бархоста ва аз шаън ва ҷойгоҳи тасаввуф ва сӯфиён дар ҷомеаи исломӣ костанд.

Дар баҳси имрӯз дар бораи омили аввал сӯҳбат мекунам ва аммо дар бораи омили дуввум, иншоаллоҳ дар баҳси баъдӣ баҳс хоҳам кард.

Гуфтем, омили аввал омили дарунӣ аст. Яке аз ин авомил он аст, ки тасаввуф ба мурури замон ба ҳамон чизе гирифтор шуд, ки дар оғоз ва ибтидои пайдоишаш, шадидан аз он парҳез мекард.

Тавзеҳ ин ки сӯфиҳо дар оғози пайдоиш, ҳаргиз худро тофтае ҷудобофта бо як силсила аъмоли зоҳирии хосс ба худ намедонистанд. Ва аз ҳамин рӯй аст, ки мебинем, сӯфиҳо дар миёни ҳамаи мазоҳиб ва ҷараёнҳои исломӣ дида мешуданд. Бештари фуқаҳои ҳанафимазҳаб масалан аз шуюхи тасаввуф ҳам шумурда мешуданд мисли Аллома Ибни Обидин ва дигарон. Ва ҳатто дар миёни ҳанбалимазҳабҳо низ аз орифон ва сӯфиҳои барҷастае ёфт мешаванд мисли Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ.

Аммо бо мурури замон, ва махсусан дар ду се садаи ахир, сӯфиҳо бештар ба зоҳир ва қишр андармон шуданд, то ба ботин ва ҷавҳар. Яъне сӯфӣ будан ин шуд, ки шумо бо анҷоми як силсила аъмоли зоҳирии бахусус — мисли багузории маҷолиси зикр ва аҳёнан анҷоми ҳаракоте хосс мисли рақсу аз ин қабил ҳаракот ва ё пӯшидани либосҳои махсус — сӯфӣ будани худро нишон медодед. Инҳо сабаб шуданд, ки ба тадриҷ тасаввуф аз он сурати аввалия берун шавад ва рисолати аввалияеро, ки бар ӯҳда дошт фаромӯш бикунад.

Албатта, банда намегӯям, ки ин аъмол – аз қабили баргузории маҷолиси зикр ва ё самоъ ва ғайра — аз тасаввуф набуданд ва баъдҳо ворид шуданд. На, намехоҳам ин иддаъоро бикунам. Балки он чӣ мехоҳам бигӯям ин аст, ки тасаввуф худи ҳамин аъмол нест. Мавлоно — ки худ як ориф ва сӯфии ба тамоми маъност ва касе аст, ки поягузори як мактаби хосс аз тасаввуф, ки баъдҳо ба Мавлавия шинохта шуд мебошад – ба шиддат ба касоне ки бо анҷоми аъмоли хосси сӯфия ва дар бар кардани либосҳои махсуси сӯфиён тазоҳур ба тасаввуф карда ва ин мактабро аз ҷавҳари худ холӣ намудаанд, метозад. Ӯ дар дафтари панҷуми Маснавӣ тамсиле оварда, ки яке аз сӯфиёни машҳур аз рӯйи дилтангӣ қабои худро пора мекунад ва пас аз пора кардани он, басту гушойише барои ӯ падид меояд ва он гоҳ қабои порашударо “фараҷӣ” меномад. Ин ном аз он мард ба ёдгор мемонад ва аз он пас ривоҷ меёбад. Мавлоно мегӯяд: орифи ҳақиқӣ агар фараҷӣ мепӯшад, аз он рӯст, ки ба ҳақиқати он расидааст, яъне дарёфтааст, ки бояд “ман”-и козиби худро пора кунад, то ба Ҳақ бирасад. Ва агар “хирқа” мепӯшад, бад-ин ҷиҳат аст, ки риштаи таъаллуқоти нафсонии худро даридааст. Пас ин ҷома ҷанбаи тамсилӣ дорад ва пӯшидани он барои касе сазовор аст, ки ҳаққан ҷавҳари вуҷуди худро камол бахшида ва аз ранги таъаллуқ озод бошад, лекин сӯфинамоён хаёл мекунанд, ки танҳо бо пӯшидани далқу хирқаву фараҷӣ ва ташаббуҳ ба зоҳири урафо, ба мақоми ирфон ва ҷавҳари тасаввуф мерасанд. Пас, вусул ба ҳақиқат, ба шаклу шамоили зоҳирӣ нест:

Ҳаст сӯфӣ он ки шуд сафватталаб,

Н-аз либоси суфу хайётиву даб.

Сӯфиӣ гашта ба пеши ин лиом,

“Ал-хиёта вал-лавота, вассалом”.

Бар хаёли он сафову номи нек

Ранг пӯшидан накӯ бошад, валек

Бар хаёлаш гар равӣ то асли ӯ,

Не чу уббоди хаёли тӯ ба тӯ.

Яке дигар аз омилҳои дарунӣ барои коста шудани ҷойгоҳи тасаввуф ин аст, ки дар оғози пайдоиши тасаввуф муршид (ва ё ҳамон пири тариқат) ба касе гуфта мешуд, ки аввалан, инсони худсохта ва комил ва пойбанд ба шариат бошад, ва расидан ба мақоми муршидӣ ва пирӣ ҳам, замоне барояш муяссар мешуд, ки тамоми мароҳили сайру сулуки ирфониро тай карда бошад. Аммо ба мурури замон — ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки муршидҳо аз ҷойгоҳи волое дар ҷомеа бархӯрдор буданд – касоне иддаъои инсони комил буданро карда ва худро дар мақоми муршидӣ медиданд. Ва аз ин ҳам бадтар, муршид ва пир будан, ирсӣ гардид. Яъне агар як нафар инсони комил ва муршид, ки дар ҷомеа аз як эътибори хоссе бархӯрдор буда ва муридоне доштааст, бо фавти ӯ, писараш ба ҷойи ӯ менишаст. Ин бадтарин шакли таҳрифи тасаввуф буд.

Мавлоно аз муддаъиёни дурӯғини тасаввуф дар ранҷ буд ва дар Маснавӣ борҳо ба ин тоифа, ки бо ҳифзи истилоҳоти урафо ва сӯфия, барои худ дӯкони хоссе боз кардаанд, вале аз ҳақиқати тасаввуф ва ҷавҳари он бебаҳараанд, ҳамла мекунад. Мавлоно ин муддаъиёни дурӯғинро ба сайёде монанд мекунад, ки барои ба дом андохтани парандагон, аз худ садои паранда дармеоваранд:

З-ин лисонут-тайр ом омӯхтанд,

Тумтароқу сарварӣ андӯхтанд.

Сурати овози мурғ аст он калом,

Ғофил аст аз ҳоли мурғон марди хом.

Ку Сулаймоне, ки донад лаҳни тайр?

Дев, гарчи мулк гирад, ҳаст ғайр.

Дев бар шибҳи Сулаймон кард ист,

Илми макраш ҳасту “алламно”-ш нест.

Сӯфиёни дурӯғин монеъи расидани дардмандон ба табиб ҳастанд ва Мавлоно онҳоро ба оби шӯре ташбеҳ мекунад, ки аташи ҳеч ташнаеро намешикананд, балки ташнагии аҳли тасаввуфро бештар мекунанд:

Ходиъи дарданд дармонҳои жож,

Раҳзананду зарситонон расми бож.

Оби шӯре нест дармони аташ,

Вақти хӯрдан гар намояд сарду х(в)аш.

Лек ходиъ гашту монеъ шуд зи ҷуст,

З-оби ширине, к-аз ӯ сад сабза руст.

Ҳамчунин ҳар зарри қалбе монеъ аст,

Аз шиноси зарри хуш ҳар ҷо, ки ҳаст.

Пову парратро ба тазвире бурид,

Ки муроди ту манам, гир, эй мурид!

Гуфт: дардат чинам, ӯ худ дард буд,

Мот буд, арчи ба зоҳир бурд бурд.

Рав, зи дармони дурӯғин мегурез,

То шавад дардат мусибу мушкбез.

Аз он тараф ҳам, агар собиқан мурид ба касе гуфта мешуд, ки машғули тарбияти нафси худ дар назди як муршид ва инсони комил бошад, аммо бо мурури замон, мурид ба касе итлоқ шуд, ки фақат ба ҳамин иктифо бикунад, ки ба як “пир” даст бидиҳад ва он гоҳ ҳар ғалате, ки мехоҳад анҷом бидиҳад.

Дар баҳсҳои баъдӣ роҷеъ ба ин масъала бештар сӯҳбат хоҳам кард.

Идома дорад

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: