Мо ва тасаввуф (3)

Силсилабаҳсҳои ислоҳи андешаи динӣ (9)

Дар баҳси пешин дар бораи омилҳои дарунӣ, ки боис шуданд аз ҷойгоҳи тасаввуф ва сӯфиҳо дар ҷомеаи исломӣ коста бишавад сӯҳбат кардем. Дар ин баҳс дар бораи омилҳои берунӣ сӯҳбат хоҳем кард.

Дар оғози пайдоиши тасаввуф, аҳаде аз уламо ва донишмандони исломӣ бо тасаввуф ва сӯфиҳо мушкиле надоштанд, вале аз охирҳои қарни 3-ум ва аввалҳои қарни 4-уми ҳиҷрӣ ба баъд, уламое пайдо шуданд, ки ба тасаввуф тохтанд. Ва ин тохту тозҳо дар оғоз агарчӣ мутаваҷҷеҳи асли тасаввуф набуд — балки ба гуфтаи мунтақидонаш, порае аз гуфторҳо ва рафторҳои инҳирофии баъзе аз сӯфиҳоро ҳадаф қарор дода буд — вале ин интиқодҳо ва ин тохту тозҳо ба тадриҷ мунҷар ба ин шуд, ки асли тасаввуф ҳам зери суол биравад.

Инак, ба унвони намуна, ба бархе аз ин уламо ишора мекунем:

1. Абулфараҷ Абдурраҳмон ибни Ҷавзӣ (вафот: 597 ҳ.қ): Ибни Ҷавзӣ қисмати зиёде аз китоби “Талбису Иблис”-и худро ба нақди оро ва одоби сулук ва рафтори сӯфиён ихтисос додааст. Ба назари ӯ, аз ҷумлаи худъаҳои шайтон бо сӯфиён тарки касбу кору никоҳ, узлатгузинӣ, пӯшидани хирқа, ривоҷи самоъ, ғино, рақс, эътиқод ба ҳулул ва иттиҳод ва ғайра аст. Вай дар китоби дигаре ба номи “Сайдул-хотир” низ ба накӯҳиши сӯфия пардохта. Аммо аз китоби “Талбису Иблис”-и ӯ, мухолифони сӯфия бештар истиқбол кардаанд. Бо ин ҳол, Ибни Ҷавзӣ машойихи аввалияи сӯфияро “салафи солеҳ” медонад ва аз ҷумлаи бидъатгузорон маҳсуб намедорад;

2. Ибни Таймия (вафот: 728 ҳ.қ): Ин донишманди исломӣ сӯфиҳоро ба се даста тақсим мекунад: сӯфияи ҳақоиқ, сӯфияи арзоқ ва сӯфияи расм. Ба назари ӯ, танҳо гурӯҳи аввал аҳли зуҳду ибодат буданд, аммо сӯфиҳои арзоқ сокинони хонақоҳанд ва сӯфиҳои расм низ ба либосу одоби зоҳирӣ иктифо кардаанд. Бинобар ин, Ибни Таймия бо ҳамаи сӯфия сари мухолифат надорад. Ӯ ҳатто бархе аҳли сакр монанди Боязиди Бастомиро агар аъмолашон мухолифи шаръ набошад, маъзур медонад ва онҳоро аз пайравони ваҳдати вуҷуд монанди Ибни Арабӣ ва Ҳаллоҷ ҷудо мекунад. Ибни Тайия ҳамчунин дар осораш аз машойихи аввалияи тасаввуф дифоъ карда ва ҳатто китобе дар мақомот ва аҳволи сӯфия ба номи “Ат-туҳфатул-ироқия фил-аъмолил-қалбия” навиштааст.

Шадидтарин ҳамалоти Ибни Таймия бар сӯфиён ба хусус бар Ибни Арабӣ дар рисолае аст, ки ба Шайх Насри Манбиҷӣ навишта ва дар он аз мӯътақидон ба иттиҳод ва ҳулул ва ваҳдати вуҷуд интиқод карда ва суханони ононро шабеҳи ғолиён ва насоро донистааст.

Ба таври куллӣ, Ибни Таймия бо сӯфиёне, ки тасаввуфро (ба гумони ӯ) ба фалсафа ва афкори бегона бо ислом даромехтанд, мухолифат кардааст;

3. Аз дигар мунтақидони тасаввуф, Ибни Қайим, шогирди Ибни Таймия аст, ӯ ҳам мисли устодаш аз уламои ҳанбалӣ буд. Албатта мухолифати Ибни Қайим бо тасаввуф ба он шиддат ва ҳиддате, ки дар устодаш дида мешавад, набуд.

4. Яке дигар аз мунтақидони сахти тасаввуф Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб аст.

Аммо чунон ки мебинем, ишкол ва интиқоди уламои мазкур, дар асл мутаваҷҷеҳи бархе аз оро ва афкор ва рафторҳои сӯфия буд, на асли тасаввуф, аммо аҷиб он аст, ки пайравони инҳо ба хусус пайравони Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, имрӯз косаҳое доғтар аз ош шудаанд ва ба мухолифат ва инкори асли тасаввуф бархостаанд, ки ҳамин мавзеъгирӣ ба тадриҷ мунҷар ба зери суол бурдани асли тасаввуф шудааст.

Ва аммо аз миёни донишмандони шиъа, ки ба мухолифат бо тасаввуф бархостаанд, метавон аз Ибни Бобавайҳ, Шайх Муфид, Шайх Тӯсӣ (ки ҳар се аз қудамои уламои шиъа маҳсуб мешаванд) ва низ Муқаддаси Ардабилӣ, Оятуллоҳ Фазлуллоҳ ва Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ (ки ин ду аз уламои муосири шиъа ҳастанд) ном бурд. Албатта мухолифати инон низ, мисли мухолифати уламои номбурдаи аҳли суннат, на бо асли тасаввуф, балки бо порае аз оро ва андешаҳо ва рафторҳои сӯфиён будааст.

* * *

Яке дигар аз баҳсҳое, ки дар робита бо тасаввуф дар хӯри таваҷҷӯҳ аст, баҳси робитаи тасаввуф ва сӯфиҳо бо сиёсат аст, ки дар баҳси баъдӣ иншоаллоҳ дар ин бора сӯҳбат хоҳам кард.

Идома дорад

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: