Сиёсат

Чӯби “11 сентябр”-ро кӣ мехӯрад?

Ба баҳонаи солрӯзи ҳодисаи дилхароши 11 сентябр дар Омрико

Чанд рӯз пеш рӯзноманигор Олег Панфилов – ки зода ва бузургшудаи Тоҷикистон ҳам ҳаст – дар мақолае дар пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ (русӣ), бо интиқод аз гузоришҳо ва таҳлилҳои расонаҳои русӣ ва укройнӣ, ки ҳар ҳаракат ва садои мухолифе дар Тоҷикистонро “шӯриши исломгароҳо” тавсиф мекунанд, навишт: “Исломгароён” хондани тоҷикони мусалмон — ки беш аз 70 сол дар шароити бисёр сахти фишору таъқиби динӣ, тахриби масоҷид, аз байн бурдани мироси фарҳангӣ ва забони модариашон зиндагӣ кардаанд — бисёр аҳмақона аст. Ин тавсиф дуруст мисли ин мемонад, ки “бондероҳо” (дар Укройн)-ро, ки барои эҳёи кишвар ва мироси фарҳангии худ мубориза мекунанд, “масеҳигаро” бихонем.”

Тавсифи ҷаноби Олег Панфилов аз моҷаро бисёр дақиқ аст. Пас аз ҳодисаи дилхароши 11 сентябр дар Омрико ва баъд аз он ки баъзе аз ҷинояткорони мунтасаб ба ҷомеаи исломӣ (яъне гурӯҳи теруристии Алқоъида) ин ҳамлаи ваҳшиёнаро бар ӯҳда гирифтанд, чӯби гуноҳи иқдоми ин ҷиноятпешаҳоро беш аз ҳар касе дигар ва ҳатто беш аз худи ин ҷинояткорон, озодихоҳон дар ҷаҳони ислом хӯрданд. Ҳол, ин озодихоҳон чӣ исломгароёни мӯътадил ва миёнарав бошанд ва чӣ мухолифон ва опозисиюни секулор дар ҷаҳони ислом. Яъне, фарқе намекунад, ту чӣ як мухолифи исломгаро бошӣ ва чӣ як мухолифи секулор, кучактарин ҳаракат ва садои ту алайҳи бедодгарӣ, алайҳи худкомагӣ ва алайҳи диктотурӣ, ҳамл бар як “ҳаракати теруристӣ” шуда ва худат ҳам “исломгаро” ва дар як сафф бо Усома бен Лодан ва Абӯбакри Бағдодӣ ва ДОЪИШ қарор хоҳӣ гирифт.

Баҳрабардориҳое, ки режимҳои худкома ва диктотур аз шарқ то ба ғарби ҷаҳони ислом аз ин ҳодиса дар саркӯби мухолифони худ ва ҳазфи онҳо аз арсаи сиёсии ҷомеа бурданд, ҳеч тарафе ҳатто Омрико ҳам, ки қурбонии ин ҳодиса буд, набурдааст. Ихвонул-муслимин дар Миср ба ҳамин баҳона аз саҳнаи сиёсии ин кишвар ҳазф шуданд ва ҳамчунин бештари ҳаракатҳои озодихоҳона дар минтақа низ ба ҳамин баҳона саркӯб шуданд.

Дар ин миён, режимҳои диктотурӣ ва худкомаи Осиёи Миёна (ба истиснои Қирғизистон албатта) ва низ режими Ҷумҳурии Озарбойҷон, бештарин баҳрабадориро аз ин ҳодиса намуданд. Ҳар ҳаракат ва садои мухолиф дар ин кишварҳо “ҳаракати теруристӣ” ва раҳбаронаш “исломгаро” ва дар як сафф бо Усома бен Лодан қарор дода мешаванд. Боризтарин намунаи он дар кишвари худи мо — ва ба хусус дар ин рӯзҳо — дида мешавад. ҲНИТ ва раҳбаронаш борҳо ва борҳо ва ҳатто беш аз мақомоти тоҷик, иқдомҳои теруристии Алқоъида ва ДОЪИШ-ро маҳкум карда ва домани исломро аз иқдомҳои ваҳшиёнаи ин гурӯҳҳои теруристӣ барӣ ва пок донистаанд. Аммо бо вуҷуди ин, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва мақомоти тоҷик ва расонаҳои вобаста ба давлат, амдан ҲНИТ-ро дар як сафф бо ин гурӯҳҳо қарор медиҳанд. Ва дар хусуси моҷарои ахир, бо ин ки ҲНИТ иртиботи худ бо ин ҳодисаро қотеъона рад кард, вале шумо ба мақолот ва гузоришҳо ва ҳатто баёнияҳои расмии ҳукумат нигоҳ кунед! Оё баҳрабардорие зишттар ва нописандтар аз ин баҳрабардориҳо қобили тасаввур аст?!

Бар фарз агар ба ҷойи ҲНИТ як ҳизби дигар мебуд, масалан Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, боз ҳам муттаҳам ба “исломгаро” будан ва “терурист” будан ва раҳбараш дар як сафф бо Абӯбакри Бағдодӣ қарор дода мешуд ва барояш “далел” ҳам пайдо мекарданд. “Далел” ёфтан дар кишвари мо ва аз сӯйи ин ҳукумат, мисли об хӯрдан саҳлу осон аст. Масалан, мегуфтанд, магар Зоиров эълом накардааст, ки аз насли Хоҷа Аҳрори Валӣ ва эшонзода будааст? Бовар кунед агар Ҳизби кумунист ҳам ба ҷоий ҲНИТ мебуд, далел барояш пайдо мешуд, то дар як сафф бо Абӯбакри Бағдодӣ ва ДОЪИШ қарор дода шавад. Аз ин ҳукумат баъид нест, риши Моркс ё Ленинро баҳонае барои терурист хондани ин ҳизб қарор бидиҳад. Аз инҳо ҳеч чиз баъид нест.

Ва на танҳо ҳаракатҳои сиёсӣ, балки талош ва кӯшишҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистонро низ агар ба мазоқи инҳо ва ё хоҷагони русашон нахӯрад, метавонанд муттаҳам ба “теруризм” бикунанд. Магар на ин аст, ки ҷаноби Раҳим Бобохонов, тоҷики муқими Русия, талоши Дориюши Раҷабиён дар эҳёи забони модариро ба навъе кӯшише, ки дар пушташ гӯӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон истода бошад тавсиф ва дар фазои маҷозӣ ба муқобила бо он пардохт. Васфи “паниронистҳо” ба шахсиятҳое мисли Дориюши Раҷабиён, Устод Сафар Абдуллоҳ, Умеди Ҷайҳонӣ, Исфандиёри Назар ва чанд тани дигар, барои аввалин бор тавассути ҳамин оқо ҷаъл ва ба сурати густарда дар шабакаҳои иҷтимоӣ пароканда шуд. Ва ин дар ҳоле аст, ки нигоҳ ва мавзеъи Дориюши Раҷабиён дар бораи Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои касе пӯшида нест.

Ва бадтар аз ҳама, ки ҷойи бисёр таъассуф дорад ин аст, ки ғарби мутамаддин ва расонаҳояш ба ин ёваҳо бовар кардаанд, ки ё медонанд ва амдан ҳар ҳаракат ва садоеро дар ин минтақа “теруристӣ” тавсиф мекунанд, ва ё воқеан намедонанд, ки дар ин сурат, ин рисолати рӯшафикрон ва рӯзноманигорони мост, ки бояд даст ба кор шаванд ва ҳақиқатро бармало кунанд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.