Мо ва тасаввуф (4)

Силсилабаҳсҳои ислоҳи андешаи динӣ (10)

Яке дигар аз масоиле, ки бояд дар ин баҳс дар борааш сӯҳбат бикунем, робитаи тасаввуф ва сӯфия бо сиёсат аст. Албатта, дар оянда ва дар ҳамин силсилабаҳсҳо, баҳсе ҳам хоҳам дошт дар бораи робитаи ислом бо сиёсат, ки аз назари тартиб, бояд пештар ва ҷилавтар аз баҳси робитаи тасаввуф бо сиёсат матраҳ мешуд, вале чун алъон баҳси мо дар бораи тасаввуф аст, ночорам инҷо дар ин бора сӯҳбат бикунам.

Воқеияте, ки наметавон инкораш кард ин аст, ки бештари сӯфиҳо (на ҳамаашон) дар тӯли торих худро аз арсаи сиёсат дур нигаҳ доштаанд, ва ҳамин кори эшон боис шуда ин пиндор ба вуҷуд ояд, ки асосан тасаввуф мактабе аст, ки динро аз сиёсат ҷудо медонад. Оё ин пиндор дуруст аст?

Барои ёфтани посух ба ин пурсиш, аввал бояд байни се чиз тафкик кунем:

  1. Асли тасаввуф ва омӯзаҳои он;
  2. Андеша ва ақоиди бархе аз сӯфия;
  3. Таҷзия ва таҳлили мавзеъгирии бузургони тасаввуф.

Албатта, бояд таърифе ҳам аз сиёсат бидиҳем. Сиёсат, ба таърифи бисёр содаи он, иборат аст аз: идора кардани умури мамлакат, ислоҳи умури халқ ва мардумдорӣ. Ва чунон ки дар оянда ва дар хилоли ҳамин силсиламабоҳис дар баҳси робитаи ислом бо сиёсат хоҳам гуфт, идораи умури ҷомеа ва ислоҳи умури халқ, чизе ҷудонопазир аз ислом аст ва донишмандони исломӣ дар ин масъала иттифоқи назар доранд.

Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба тафкике анҷом додем, инак мепардозем ба баёни масъала:

Оё асли тасаввуф динро аз сиёсат ҷудо медонад?

Бо таваҷҷӯҳ ба асли тасаввуф ва омӯзаҳои он, наметавон чизеро дар он пайдо кард, ки бигӯяд, дин (ислом) аз сиёсат ҷудост. Зеро тасаввуф иборат аст аз: равиш ва тариқае зоҳидона бар асоси шариъат ва тазкияи нафс ва рӯй гардондан аз дунё барои расидан ба Ҳақ ва сайр ба сӯйи камол. Танҳо фарқе, ки тасаввуф бо соири макотиби исломӣ дорад дар ин аст, ки рӯйи масъалаи тазкияи нафс бештар таъкид дорад, албатта бо як силсила одобу русуме, ки махсуси ин мактаб аст. Вагарна, ҳамаи макотиби исломӣ тавсия ба тазкияи нафс ва рӯй гардондан аз дунё мекунанд ва “расидан ба Ҳақ ва сайр ба сӯйи камол”-ро ҳадафи ниҳоии ислом қаламдод мекунанд.

Ва рӯй гардондан аз дунё ҳам, ба ҳеч ваҷҳ ба ин маъно нест, ки куллан аз дунё ва мофиҳо бибурем ва узлат гузинем ва бипиндорем, ки чун иштиғол ба сиёсат аз умури дунявӣ аст, пас бояд аз он дур шуд. Бузургони сӯфия ба каррот ба ин масъала ишора кардаанд. Зуҳде, ки мавриди назари сӯфия аст, ба маънои адами дилбастагӣ ба дунёст, зиндагии сода доштан аст ва асири молу мақом набудан аст. Яъне ин ки ту дар айни он ки соҳиби мол ҳастӣ, вале асири он нашавӣ, дар айни он ки соҳиби мақом ҳастӣ, аммо ба он дил набандӣ. Рӯй гардондан аз дунё дар назди сӯфия ба ҳамин маъност, на ба маънои раҳбонияте, ки масеҳият ба он қоил аст. Имом Ғаззолӣ (р) дар китоби “Эҳёи улуми дин”-и худ ин мафоҳимро нек тавзеҳ додааст.

Бинобар ин, ин пиндор, ки иштиғол ба сиёсат аз умури дунявӣ аст ва тасаввуф бар рӯй гардондан аз дунё таъкид ва лизо ба дурӣ аз сиёсат тавсия мекунад, пиндоре нодуруст аст. Аслан, он чӣ ҳамаро хароб мекунад, ин ифроту тафритҳост. Баъзеҳо бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳақиқат, ки ислом аз сиёсат ҷудо нест, чунон вориди масоили сиёсӣ мешаванд ва худро андармони он мекунанд, ки дигар ҳалолу ҳаром фаромӯшашон мешавад. Ва дар муқобил, баъзеҳо ҳам ба ин гумон, ки ислом ба рӯй гардондан аз дунё тавсия кардааст, чунон аз дунё мебуранд ва узлат мегузинанд, ки ҳатто аз зану фарзанд ҳам ҷудо мешаванд. Ва ба қавли Имом Хумайнӣ (р) – ин орифи бузург – дар васият ба писараш Сайид Аҳмад: “Писарам! На гӯшагирии сӯфиёна далели пайвастан ба Ҳақ аст ва на вуруд ба ҷомеа ва ташкили ҳукумат, густастан аз Ҳақ аст. Мизон дар аъмол, ангезаи онҳост. Чӣ басо обид ва зоҳиде, ки гирифтори доми Иблис аст… Чун худбинӣ ва худхоҳӣ ва ғурур ва ъуҷб ва бузургбинӣ ва таҳқири халқи Худо ва ширки хафӣ ва амсоли онҳо, ӯро аз Ҳақ дур ва ба ширк мекашонад. Ва чӣ басо мутасаддии умури ҳукумат, ки бо ангезаи илоҳӣ, ба маъдини қурби Ҳақ ноил мешавад.”

Хуб, агар масъала аз ин қарор аст, пас чаро сӯфиҳое ёфт шудаанд ва андак ҳам набудаанд, ки худро аз арсаи сиёсат дур нигаҳ доштаанд? Иллаташ чист? Дар ин бора дар баҳси баъдӣ сӯҳбат хоҳем кард.

Идома дорад

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: