Перейти к содержимому

Талх аст, аммо бояд гуфт

Иддаъо надорам, аммо аз миёни тоҷикҳо шояд касе беҳтар ва бештар аз банда бо кишвари Сурия ва бофти ҷамъиятии он ва низ бо низоми ҳокимаш ошно набошад. Дар ин кишвар ҳудуди 8 сол зиндагӣ кардаам, аз соли 2001 то 2009, замоне ки ҳамгом бо таҳсил дар риштаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Сурия, ба манотиқ ва шаҳрҳои мухталифи ин сарзамини зебо сафар мекардам ва бо уламо ва машойихи он нишасту бархостҳое доштам ва баҳра мебурдам. Бузургтарин айбе, ки дар Сурия дида мешуд ин буд, ки озодии сиёсӣ дар ин кишвар вуҷуд надошт, бахши қобили таваҷҷӯҳе аз мардумаш бо низоми ҳоким миёнаи хубе надоштанд ва мақомот низ ба онҳо таваҷҷӯҳ намекарданд. Соли 2009 ба Эрон бозгаштам ва дар яке аз марокизи илмӣ (Маркази омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ва фурсатҳои мутолеотӣ) шурӯъ ба кор кардам.

Соли 2010, замоне ки аввалин ҷараққаи “баҳори арабӣ” зада шуд (ки оғозаш ҳам аз Тунис буд) ва ҳанӯз мавҷи он ба савоҳили Сурия нарасида буд, дар ҳамон рӯзҳо, бо яке аз ҳамкоронам, ки аҳли Ҳимси Сурия аст, баҳсам шуд. Ба ӯ гуфтам, дер ё зуд ин мавҷ ба кишвари шумо ҳам хоҳад расид ва бояд низоми шумо пеш аз вуқӯъи он, даст ба ислоҳоти сиёсӣ бизанад ва барои аҳзоб бахусус Ихвонул-муслимин озодӣ бидиҳад ва онҳоро дар идораи кишвар саҳим кунад. Ӯ қотеъона рад мекард ва мегуфт, мардуми мо (Сурия) бо низоми ҳоким мушкиле надоранд ва агар иддае сар бардоранд, низом зуд сари ҷояшон хоҳад нишонд ва далел меовард, ки низом, ҳам аз пойгоҳи мардумӣ бархӯрдор аст ва ҳам дорои бузургтарин артиш дар Ховари Миёна аст.

Мутаассифона ин пиндорро бештари ҳомиёни низоми ҳоким дар Сурия ба сар доштанд. Албатта, ин дӯстам рост мегуфт, ки Сурия яке аз дорандагони бузургтарин артиш дар Ховари Миёна аст ва ҳам бахши қобили таваҷҷӯҳе аз мардумаш тарафдори низомашон ҳастанд. Аммо вақте мушкил аз дохил сар мезанад, силоҳу артиши ту, ҳарчанд қавитарин ҳам, ки бошад, ба ҳеч дарде нахоҳад хӯрд.

“Баҳор”, ки пояш ба ин сарзамин расид, низоми ҳоким ҳамон кореро кард, ки дӯстам мегуфт. Яъне бо зӯр садои мардуми мӯътаризро хомӯш кард. Аммо оё бо ҳамин, кор тамом шуд? Ба идомаи моҷаро нек таваҷҷӯҳ кунед.

Шуморе аз низомиён ва артишиҳо, ки баъдҳо ба “Артиши Озоди Сурия” маъруф шуданд, шӯриш карданд ва мардуми мӯътариз ба онҳо пайвастанд. Андак-андак абарқудратҳои минтақа ба баҳонаи “ҳимоят аз озодихоҳон”, ба дахолат дар ин кишвар оғоз карданд. Сипас, ва ба тадриҷ, сару каллаи тундравҳо — аз Алқоъидаву заҳри морҳои дигар – ба баҳонаи “дифоъ аз ислом”, дар ин кишвар пайдо шуд. Баъзе аз кишварҳои ҳамсоя, ба ҳар далеле, убуру мурури ин тундравҳоро тасҳил карданд ва дар як муддати кӯтоҳ, анбӯҳе аз теруристҳо дар Сурия арзи андом карданд ва як ҷанги тамоаёре дар ин сарзамини зебо ба вуқӯъ пайваст ва шаҳрҳо ва рустҳо яке пас аз дигар ба хароба табдил шуд ва ин ҷанги хонумонсӯз то ба ҳол беш аз 300 ҳазор нафар қурбонӣ доштааст. Имрӯз бахши қобили таваҷҷӯҳе аз сарзамини ин кишвар дар ихтиёри ДОЪИШ қарор дорад; ДОЪИШ-е, ки аз батни Алқоъида дар Сурия мутаваллид шудааст ва дигар на ба эътирози мӯътаризони аввалия эътиное дорад ва на бо “Артиши Озоди Сурия” миёнаи хубе, балки аз душманони ӯ шумурда мешавад.

Ҳол, пас аз ин ҳама харобӣ ва вайронӣ ва қурбониҳо, имрӯз, ҳам низоми ҳоким дар Сурия ҳозир аст бо ҳамон мӯътаризони аввалия ва “Артиши Озоди Сурия” сари мизи музокира биншинад ва ба бӯҳрон хотима бибахшанд ва ҳам он мӯътаризон ба ин роҳи ҳалл розӣ шудаанд. Коре, ки дар ҳамон рӯзи аввал ин низом метавонист анҷом бидиҳад, вале чун аз шуъури сиёсии лозим бархӯрдор набуд ва ба “зӯри худ” такя мекард ва масти қудрат буд, ҳозир набуд ин корро анҷом бидиҳад.

* * *

Ончӣ то инҷо гуфтам, дар воқеъ муқаддимае буд барои матлабе, ки ҳаминак мехоҳам арз кунам. Банда, ҳамонанди ҳар тоҷике, ки дилаш барои сарзамин ва кишвараш месӯзад, ҳаргиз хоҳони вайронӣ ва харобӣ дар кишварам нестам. Умедворам, таҳлилам дуруст аз об дарнаёяд, вале раванди таҳаввулоти ахир дар Тоҷикистон ва яксара нашудани он (ки зоҳиран ба ин зудиҳо яксара ҳам намешавад) ва сару садоҳои иддае аз тундравҳо, ки ба шиддат хоҳони ҳузур дар ин моҷаро ҳастанд, тамоми инҳо, нишон медиҳад, сиёсати нодурусти ҳукумат ва бархӯрди хашинаш бо дигарандешон бахусус бо Ҳизби наҳзати исломӣ, дурнамои бисёр ногувор ва баде дар ин кишвар дорад. Ба сухани дигар (ки умедворам чунин набошад), Тоҷикистон дар ҳоли табдил шудан ба Сурияи дигаре аст.

Шояд ҳукумат битавонад “шӯриши женерол”-ро яксар кунад, вале ҳеч тазмине нест, ки ин шӯриш дунбола надошта бошад ва моҷароҷӯёне аз дохил ва кишварҳои бегона пояшон дар Тоҷикистон гушуда нашавад. Ҳукумат набояд ба “зӯри худ” такя ва ё ба “эъломи ҳимоятҳое”, ки аз ин ё он “абарқудрат” мешавад, дил хуш кунад.

Бинобар ин, агар ҳукумат ва дар раъси ҳама, раисиҷумҳури кишвар, дар сиёсатҳои пешгирифтаи худ таҷдиди назар накунанд, ба Худо фардо дер мешавад ва пушаймонӣ ҳам дигар суде нахоҳад дошт. Ҳукумат агар хоҳони ояндаи нек барои ин кишвар аст, бояд:

  1. Дар сиёсати пешгирифтаи худ дар баробари ҲНИТ таҷдиди назар ва ҳама гуна фишорҳо ва таъқибҳои раҳбарон, аъзо ва фаъолони ҲНИТ-ро мутаваққиф кунад ва ба таҳдиди бастани ин ҳизб нуқта гузорад;
  2. Дар сареътарин замон даст ба ислоҳоти решаӣ – аъамм аз сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ – бизанад ва ба бебандубориҳои мавҷуд дар идорот, вазоратхонаҳо ва дастгоҳҳои давлатӣ поён бибахшад;
  3. Ҳамаи раҳбарон, фаъолон, аҳзоб ва гурӯҳҳои фаъол дар хориҷ аз кишвар (мисли ҷунбиши “Ватандор”, “Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон”, “Гурӯҳи 24” ва ғайра) ва бахусус ҷавонони фаъол дар Русия, ба расмият шинохта шаванд ва дафотири худро ба дохил мунтақил ва дар чорчӯби қонуни мавҷуд фаъолият кунанд;
  4. Ҳамаи зиндониёни сиёсӣ озод бишаванд аз ҷумла Зайд Саидов, Муҳаммадрӯзи Искандаров, Шӯҳрат Қудратов, Мақсуд Иброҳимов ва дигарон, ва парвандаҳои ҷаълӣ ва дурӯғине, ки алайҳи онон бофта шудааст, махтум гардад;
  5. Фишорҳо ва сахтгириҳои бемаънӣ бар масоҷид ва мадориси динӣ ва руҳонияти мардумӣ мутаваққиф бишавад;
  6. Талошҳо ва кӯшишҳои ҳамаҷониба ва ба хусус аз тариқи расонаҳо ва садо ва симои давлатӣ, барои ҳоким шудани қонун ва қонунмадорӣ дар ҷомеа анҷом гирад.

Банда чандон умеде надорам, ки ҳукумати кунунӣ ин корҳоро анҷом бидиҳад ва ин пешниҳодҳо – бо таваҷҷӯҳ ба кистии ҳокимони феълӣ ва чистии ҳукумати кунунӣ — содалавҳона ба назар бирасад, вале ба унвони як шаҳраванди оддӣ ва беиддиъо, ин пешниҳодҳоро кардам, ки шояд барои торих ба дард бихӯрад, то фарзандони мо нагӯянд, оё касе он замон набуд, ки ба ин ҳукумат гӯшзад бикунад, ки даст аз лаҷоҷат бардорад ва ба ақл ояд!

Ва як нуктаи дигар: аз марокизи таҳқиқотӣ ва пажӯҳишӣ дар Тоҷикистон, ки ба унвони ниҳодҳои машваратӣ фаъолият мекунанд, хоҳиш мекунам як мутолеаи амиқ ва дақиқ дар ин хусус анҷом бидиҳанд, ки чаро ду кишвари Мағриб (Марокаш) ва Ӯрдун аз вазиши “баҳори арабӣ” ба кишвари худ, дар амон монданд? Хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар оғози “баҳор”, таваққӯъ мерафт ин ду кишвар низ дар маърази ин “баҳор” қарор бигиранд; зеро заминаҳои вазиши “баҳор” дар ин ду кишвар, беш аз Сурия ва ё ҳатто Миср буд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: