Перейти к содержимому

Кабирӣ: “Ангезаҳои амали Ҳоҷӣ Ҳалимро бояд дар сиёсати хатои худи ҳукумат ҷуст”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар як мусоҳибаи катбӣ бо Радиои Озодӣ, бо радди иттиҳомоти ахири додситонии кулл онро бепоя номид ва гуфт: “Ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем. Додситонии кул ҳанӯз аз ин пеш алайҳи ман бо мавридҳои сохтаи иқтисодӣ парванда омода карда буд. Барои он ки маро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор бидиҳанд, ба онҳо лозим аст, то моро ба ошӯбе, ки мо ба он ягон робита надорем, бипайванданд

Вай афзудааст: “Тамоми талошҳои мақомот барои таҳрики ҳизби мо ба иқдомоти тунд ва тундраву ифротгаро эълон кардани мо натиҷа надод ва дар ниҳоят ошӯби генерал Назарзода дасти онҳоро кушод. Ошӯби генерал танҳо баҳои хубе барои иҷрои нақшае гардид, ки кайҳо боз омода мешуд.”

Кабирӣ дар идома ёдовар шуд: “Назарзода ҳеҷ гоҳ узви ҳизби мо набуд. Гузашта аз ин, солҳои охир ӯ аз мо фосила гирифта буд ва тамоси хеле кам дошт. Ангезаҳои амалҳои ӯро бояд дар сиёсати хатои худи ҳукумат ҷуст, мисли ангезаҳои сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, ки ба саффи созмони “Давлати Исломӣ” (ДОЪИШ) пайваст.”

Раҳбари ҲНИТ хотирнишон кард: “Бо вуҷуди фишорҳо ва боздошти тақрибан ҳамаи аъзои раёсати ҳизб, мо дар ҳеҷ сурат ба пинҳонкорӣ нахоҳем гузашт ва даст ба аъмоли тунд нахоҳем зад. Мо минбаъд ҳам дар чорчӯби қонунҳои кишвари худ ва кишварҳои дигаре, ки ба сар бубарем, амал хоҳем кард. Ҳанӯз душвор аст тасвираш, вале бидуни шак, мо ҳаддалимкон шаффоф ва хунсардона рафтор хоҳем кард.”

Гуфтанист, додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр бо пахши як изҳороти расмӣ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро муттаҳам кард, ки дар ошӯби ахири гурӯҳи мусаллаҳи хенерол Абдуҳалим Назарзода даст доштааст.

Лозим ба ёдоварист, рӯзи гузашта дар Тоҷикистон чанд чеҳраи калидӣ дар Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт шуданд, аз ҷумла:

Сайидумар Ҳусайнӣ;

Воҳидхон Қосиддинов;

Муҳаммадалӣ Ҳайит;

Зарафо Раҳмонӣ;

Абдуқаҳҳори Давлат;

Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ;

Раҳматуллоҳи Раҷаб.

Саттори Карим;

Домулло Муҳаммадалии Файзмуҳаммад;

Ҳикматулло Сайфуллозода;

Қиёмиддини Аваз;

Маҳмадшариф Набиев;

Абдусамад Fайратов.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: