Намоз

Ҳукми намози мубтало ба бемории руҳӣ

Пурсиш: Дӯсте дорам, ки хост ба ин саволаш посух ёбад: «Ман таи чанд сол аст, ки бемории руҳӣ дорам. Муолиҷаҳо бо духтур, домулло кардам, беморӣ дуруст нест. Намоз мехондам. Акнун аз шумо пурсиданӣ ҳастам, ки оё барои ман комилан шарт, ки намоз хонам? Ман фикр мекунам, намоз барои касе комилан шарт аст, ки саломатии равонӣ дошта бошад. Сипос!»

Бандаи Худо

Посух: Ба номи Худо. Дар ривоят аст, ки: “Аз се гурӯҳ қалами таклиф бардошта шуда: аз касе ки хоб аст то он ки бедор шавад, аз кӯдак то ин ки эҳтилом шавад ва аз девона то оқил гардад ва хирадро бозёбад.” Бар ҳамин асос, намоз фақат аз зиммаи касе бардошта мешавад, ки комилан аз ақл рафта бошад, яъне девона бошад. Бинобар ин, агар дӯсти шумо аз ақл нарафтааст, яъне медонад, ки чӣ кор мекунад ва ба рафторҳояш огоҳ аст, намоз аз гардани ӯ соқит нест ва бояд бихонад.

Ба сухани дигар, баъзе вақтҳо як инсон бо ин ки ба бемории руҳӣ ва равонӣ гирифтор аст, вале ақлашро аз даст надода ва медонад, ки чӣ кор мекунад, барои инчунин инсоне намоз фарз аст, ӯ набояд намозро тарк кунад. Ва як вақт ҳам ҳаст, ки бемор гоҳе ақлашро аз даст медиҳад ва гоҳе ҳам ба худ меояд. Барои инчунин инсон, намоз фақат замоне ки беҳуш аст, аз зиммааш соқит аст, вале замоне ки ба ҳуш бошад ва бидонад чӣ кор мекунад, намоз аз ӯ соқит нест.

Барои дӯстатон дуо мекунам, ки Худованд ҳарчӣ зудтар барояш шифо бибахшад!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.