Сиёсат

Дурӯғи бузург

Билофосила пас аз поён ёфтани амалиёти вижаи нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ва саркӯб ва аз байни бурдани гурӯҳи женерол Абдуҳалим Назарзода дар Ромит, додситонии кулли кишвар эълом кард, пушти сари ин “шӯриш” Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва шахси раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ қарор доштааст. Гузашта аз бегонагон ва ғайри тоҷикистониҳо, ки маълум нест оё ба ин ҳарза боварашон мешавад ё намешавад, аммо мусалламан худи тоҷикистониҳо ва бахусус нухабҳои ҷомеа — ки ҲНИТ ва Кабирӣ барояшон бегона нест ва ин ҳизб ва раҳбарашро аз наздик мешиносанд – ба ин ёва боварашон намеояд ва тардиде ҳам намекунанд, ки ин иттиҳом як дурӯғи бисёр бузург аст ва баҳонае барои бастани ҲНИТ беш нест.

Аз ин рӯ, шояд аз худ бипурсанд, магар роҳи дигаре барои бастани ҲНИТ вуҷуд надошт, ки мақомот ба ин дурӯғ мутавассил шуданд? Оё намешуд, баҳонаи дигаре биёбанд, ки лоақал андаке “мантиқитар” бошад? Оё то ба ин ҳад нобихраданд, ки тӯҳмате ба ин бепоягӣ ба ҲНИТ ва Кабирӣ бизананд ва таваққӯъ дошта бошанд, мардум боварашон бишавад?

Посух ин аст, ки на, чандон нобихрад ҳам нестанд, зеро аз таҷрибаи 23 солаи ҳукуматдорӣ бархӯрдоранд, медонанд, ки дурӯғ аст ва дурӯғи бисёр шохдор ҳам ҳаст. Аммо чорае ҷуз ин надоштанд, ки ин иттиҳоми дурӯғинро ба ҲНИТ бизананд. Зеро се чаҳор сол аст, ки ба дунболи ёфтани баҳонае буданд, ки бо он битавонананд ҲНИТ-ро бибанданд, вале намеёфтанд. Бале, баҳонаҳое пайдо мешуд, вале он баҳонаҳо барои бастани ҲНИТ кофӣ набуд. Ба сухани дигар, ба дунболи ёфтани баҳонае буданд, ки битавонанд “ҷомеаи ҷаҳонӣ” ва кишварҳои таъсиргузорро мутақоъид бикунанд, ки ҲНИТ бояд баста бишавад. Зеро бастани ҲНИТ барояшон кори чандон саҳлу осон ҳам набуд. Бастани ҲНИТ бидуни як далели “муваҷҷаҳ”, ба эътибори онҳо дар назди “ҷомеаи ҷаҳонӣ” латма мезад. Қатъи фаъолияти ҲНИТ ба як “далеле” ниёз дошт, ки дигар ҳеч кас натавонад хӯрда бигирад. Аз ин рӯст, ки ба ин дурӯғи бузург мутавассил шуданд.

Албатта, тавассул ба дурӯғи бузург барои иқдом ба як кори бузург, дар назди сиёсатмадорони палид ва худобехабар чизи тозае ҳам нест, ба гунае ки ин рӯзҳо ҷузъи дарсҳои сиёсат ҳам шудааст ва “Große Lüge” таъбир мешавад. Устоди ин кор ҳам Ҳитлер буд. Ӯ гуфтааст: “Дурӯғ бояд чунон бузург бошад, ки ҳеч кас бовар накунад, ки касе он қадр густох бошад, ки чунин бешармона ҳақиқатро таҳриф кунад.”

Шигирди дурӯғи бузург дар торих намунаҳои зиёде дорад, ки дар зайл ба баъзе аз онҳо ишора мекунам:

Шурӯи ҷанги ҷаҳонии дувум

Баҳонаи Ҳитлер барои ҳамла ба Лаҳистон (Полша) ва шурӯи ҷанги ҷаҳонии дувум, дурӯғ буд. Олмони нозӣ иддаъо кард, ки гурӯҳе аз сарбозони лаҳистонӣ ба як истгоҳи радиоӣ ҳамла кардаанд. Дар ҳақиқат ҳамла аз ҷониби Лаҳистон ба дохили хоки Олмон рух надода буд, балки ин иттифоқ кори худи воҳидҳои СС буд, ки либоси сарбозони лаҳистониро пӯшида буданд.

Муҳокимоти истолинӣ

Муҳокимоти истолинӣ дар даҳаи 1930 то 1940, ки дар Шӯравӣ ва сипас ҳатто дигар кишварҳои Урупои шарқӣ баргузор шуд, яке аз боризтарин ҷилваҳои дурӯғ дар сиёсат буд. Ҳукумат, ҳукмкунандаҳо ва шоҳидҳо ҳама дурӯғ мегуфтанд ва аз афкори умумӣ мехостанд, то ин дурӯғҳоро бовар кунанд. Дурӯғҳое аз қабили тавтиъа барои терури “раҳбари кабир” то ҷосусӣ барои бегонагон ва аз харобкорӣ дар масири пешрафтҳои халқ то нафъталабии хӯрдабуржувозӣ (мелкая буржуазия) ва ғайра…

Шурӯи ҷанги Ветном

Ҳодисаи халиҷи Тункин аз сӯйи Линдун Ҷонсун (Lyndon Johnson), раисиҷумҳури вақти Омрико, баҳонаи шурӯи ҷанги Ветном эълом шуд. Аммо ҳақоиқе, ки баъдан ифшо шуд, нишонгари он буд, ки ҳодиса дар халиҷи Тункин ба наҳве ки Омрико иддаъо мекарда набудааст. Ифшои наворҳои муколимоти шахсии Ҷонсун ва Роберт Макноморо (Robert McNamara), вазири дифоъи вақти Омрико, ҳокӣ аз он буд, ки кулли моҷаро монанди як парвандасозӣ ва дурӯғпардозӣ будааст.

Силоҳҳои куштори ҷамъӣ, ки ёфт нашуд

Ҷурҷ Буши писар, раисиҷумҳури собиқи Омрико, дар соли 2003 ба дунболи далоиле мегашт, то ба Ироқ ҳамла кунад ва “вуҷуди силоҳҳои куштори ҷамъӣ” муҳимтарини ин далоил буд. Ӯ гуфта буд: “Мо силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар Ироқ пайдо кардем. Мо дар ин кишвар озмоишгоҳҳои биюлужикӣ пайдо кардем.” Аммо пас аз поёни ҷанг ва кушта шудани беш аз панҷ ҳазор сарбози омрикоӣ ва ним милюн мардуми Ироқ, мушаххас шуд, ки ин иддаъо комилан дурӯғ будааст ва Ироқ силоҳи куштори ҷамъӣ надоштааст. CIA дар апрели соли 2005 ба таври расмӣ эълом кард, ки дар Ироқ ҳеч силоҳи куштори ҷамъие пайдо нашудааст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.