Перейти к содержимому

Чаро женерол “шӯриш” кард? Ба ӯ чӣ намерасид?

“Шӯриш”-и женерол Абдуҳалим Назарзода агар аз як сӯй баҳонае шудааст барои бастани ҲНИТ дар назди мақомот, аз сӯйи дигар аммо маҷоле гардида барои бисёреҳо дар Тоҷикистон — аз муфтиву муллоҳову ба ном рӯшанфикрону нависандаҳову шоирону ғайра — барои изҳори алоқа ва вафодории бештар, чарбзабонӣ, чоплусӣ ва тамаллуқ ба ҳокими кишвар. Имрӯзҳо сафаҳоти рӯзномаҳо ва пойгоҳҳои интернетии вобаста ба ҳукумат пур аз изҳорот ва баёнияҳое шуда, ки агар ду се ҷумлааш ба маҳкум кардани “шӯриш” ихтисос дошта бошад, бақияи калимоту ҷумалоташ ба тамаллуқгӯйиҳо ихтисос дорад. Минбари масоҷид ҳам имрӯзҳо “музайян” бо ин қабил изҳорот ва баёнот шуда.

Ҳол, ҳадафи роқими сутур дар ин навиштори кӯтоҳ, баёни ин матлаб нест, балки мақсудам, истиғроб ва таъаҷҷубе аст, ки инон аз “шӯриш”-и Назарзода мекунанд. Дар баёнияи тақрибан ҳамаашон мебинед, бо тааҷҷуб ин суолро матраҳ кардаанд, ки чаро Назарзода бо вуҷуди доштани молу мулке фаровон, даст ба ин кор зада ва “кӯрнамакӣ” кардааст?! Ба унвони намуна, имрӯз яке аз ҳаминон бо зикри “дороиҳои Назарзода бо арзиши 120 милюн сомонӣ” гуфтааст: “Бо вуҷуди ин ҳама дороӣ, ба ӯ чӣ намерасид?!” Яъне ту, ки ин ҳама пулу мол доштаӣ, пас чаро даст ба ин кор задӣ?!

Ин калимот албатта мафҳум доранд ва ҳикоят аз ин мекунанд, ки гӯяндаи он чӣ тасаввуре дар зеҳни худ аз “эътироз” ва “шӯриш” дорад. Феълан, дар мақоми таъйиди иқдоми Назарзода ҳам нестам, зеро ҳанӯз барои касе ангезаҳо ва асбоби “шӯриш”-и вай маълум нест.

Мафҳуми ин ҷумла, ки мегӯяд: “Бо вуҷуди ин ҳама дороӣ, ба ӯ чӣ намерасид?!” ин аст, ки як нафар инсон – тоза касе ки соҳиби мансабе ҳам ҳаст – агар молу мулк ва сарвати зиёд дорад, қоъидатан набояд аз ӯ ҳеч эътирозе бишавад ва чашмонашро бибандад. Аз назари гӯяндаи ин ҷумла, ҳадафи ниҳоии як инсон, фақат доштани пулу молу сарват аст, ва бинобар ин, инсони дорандаи сарвати фаровон, дигар ба ҳадафаш расида ва мафоҳиме чун “адолат”, “ҷавонмардӣ”, “инсоф”, “озодӣ”, “ҳуқуқ” ва ғайра… набояд дар қомуси зиндагии вай вуҷуд дошта бошанд.

Аз нигоҳи гӯяндаи ин ҷумла, инсон фақат замоне бояд лаб ба эътироз гушояд ва шӯриш кунад, ки шикамаш гурусна бошад, вагарна, бо сер будани шикам ва доштани молу сарват, далеле барои “шӯриш” вуҷуд надорад. Аз диди чунин инсоне, ҳатто фарқ намекунад, ки одам аз кадом роҳ сарват андӯхтааст, балки ҳамин ки “дорад”, кофист, ки дигар розӣ бошад.

Бар ҳамин асос аст, ки таъаҷҷуб мекунанд, ки чаро Назарзода бо доштани ин ҳама молу сарват даст ба “шӯриш” зада?! Асосан, дар тасаввурашон ин намегунҷад, ки оқо! Дар ин миён арзишҳое ҳастанд, ки барои инсон ба маротиб муҳимтар ва боарзиштар аз молу манол ва сарвату давлат ҳастанд; арзишҳое, ки инсон — ҳатто агар шикамаш сер аст – барои онҳо қиём мекунад. Арзишҳое чун адолат, озодӣ, номус, шараф, иззат, сарбаландӣ ва ғайра… Инҳо фикр мекунанд, вақте “дорӣ”, дигар ҳама чиз “дорӣ”.

На, оқо! Агар инсон пул дошта, аммо иззат надошта бошад, ӯ ҳеч чиз надорад. Агар сарват дошта, вале озод ва озода набошад, ӯ ҳеч чиз надорад. Агар сарват дошта, аммо адолатхоҳ набошад, ӯ ҳеч чиз надорад. Ва иттифоқан акси инҳо содиқ аст. Яъне агар пул надорӣ, вале озода ҳастӣ, пас ҳама чиз дорӣ. Агар сарватманд нестӣ, аммо боиззат, бошараф ва сарбаланд ҳастӣ, пас ҳама чиз дорӣ.

Такрор мекунам, феълан дар мақоми таъйиди амали Ҳоҷӣ Ҳалим нестам, чаро ки ҳанӯз барои касе аҳдофи ӯ маълум нестанд, балки баҳсам як баҳси куллӣ буд. Умедворам, хонандаи закӣ манзури бандаро дармеёбад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

3 Comments »

  1. ИЗЗАТУ ШАРАФ ВА САРБАЛАНДИИ ИНСОН
    Дӯстеро савори мошин карда ва бо ҳам ҷое мерафтем. Масирамон тулонӣ буд. Кам-кам дари сӯҳбат боз шуд, аз ину он сухан гуфтем ва сӯбатамон расид ба масоили дохилии Тоҷикистон ва дӯстам гуфт, ман ба рафтори баъзе одамон мисли фалонӣ ва бародаронаш ҳайронам. Охир ба шумоҳо чӣ намерасад, байни мардум обрӯ доред, пулу молу сарват доред, мошину имконот ва ҳатто асп ҳам доред, боз чӣ ба шумо нарасид, ки ба корҳои давлат ва ҳукумат ва сиёсатҳои он кордор мешавед?!
    Бубин, инҳо бо ин корашон чӣ суде бурданд, ба ҷуз овораю гуреза шудан ва мавриди ғазаби ҳокимон қарор гирифтан. Ман воқеан ҳайронам, ба инҳо чӣ намерасид?!
    Мегуфт, бубин, мо имрӯз дар кишварамон ҳама чиз дорем, тамоми бозорҳо дарашон ба рӯи мардум боз аст, ҳар касе ба ҳар куҷои дунё биравад ва дар ҳар куҷои дунё кор кунад, озод аст, рафту омад ба Русия мисли рафту омади дохилӣ саҳлу осон аст! Боз чӣ мехоҳанд инҳо?!
    Мегуфт, бубин, ман як тоҷирам, ҳар коре мекунам, озодам, дари бозор ба рӯям боз аст, бародарам дар Русия кор мекунад, бародари дигарам, дар Корея кор мекунад, ҳама рафту омадҳо озод, касе пеши роҳи моро нагирифтааст, ҳама озодем!
    Бинобар ин, ҳеҷ лузуме надошт, ки инҳо бо мухолифатҳояшон ба сиёсатҳои давлат, худро ин гуна манфур созанд! Ҳоло бо ин мухолифатҳову бо ин дар шабакаҳои “Ка плюс”-у “Ка минус” ҳарф заданҳо чӣ чизеро ба даст оварданд, оё суде барояшон расид, касе пуле ба онҳо дод, касе раҳмат гуфт, касе миннатдор шуд, ба мансабу мақоми баланде даст ёфтанд? Чӣ кор карданд, чӣ суде бурданд???!!! Ҳеҷ, баръакс, ҳама инҳоро маломат мекунанд, ки кори бехуде карданд!…
    Банда то охир суханонашро гӯш дода ва ин гуна изҳори назар намудам:
    Бале, шумо дуруст мегӯед, ман ҳам бо шумо мувофиқам, ки чизеро ба даст наоварданд ва ҳеҷ суде набурданд, балки бар гирифтории худашон афзуда шуд ва ҳатто худам борҳо аз ҳамшаҳриён шунидаам, ки инҳоро бо алфози қабеҳ дашном медоданд!
    Аммо оё ба назари шумо, тамоми масоили зиндагии мо инсонҳо ба доштани молу сарват ва хонаву моишну асп хотима меёбад, ки шумо мегӯед, дари бозорҳо ба рӯи мардуми боз аст ва касе пеши роҳи моро нагирифтааст. Мо бо пули худамон тиҷорат мекунем ва зиндагимонро пеш мебарем! Маълум аст, ки шумо бо ин руҳия, агар имруз касе дари бозорҳоро бибандад ва мардумро аз василае маҳрум гардонад, ки аз паи он луқмаи нонашонро меёбанд, шумо ба ӯ ҳақ медиҳед, вагарна лузуме надошт, ки боз будани дари бозорҳоро лутфе аз ҷониби ҳукумат бишморед! Ҳамчунин шумо гуфтед, ки мардуми мо бемалол рафта дар Русия ва кишварҳои дигар кор мекунанд; ба назари ман, аввалан ин солҳо, солҳои бадтарин дар торихи миллати мост, ки ба кишвари Русия барои коргарӣ мераванд ва нанг аст барои ҳукумате, ки ин вазъро таҳаммул мекунад! Сониян, агар фардо рафтан ба Русияро манъ кунанд, ё молиётҳои сангину камаршиканро аз тарафи мақомоти ҷумҳурӣ бар муҳоҷирони меҳнатӣ таҳмил кунанд, боз ҳам шумо ҳақ медиҳед, чаро ки ҷаноби шумо фақат дар паи ин ҳастед, ки луқмаи ноне сари суфра бошад ва шикам пур, аммо барои шумо муҳим нест, ки оё ин нон бо чӣ қимате ба даст омада, муҳим омаданаш асту бас. Оё ҳама чиз ба пур будани шикам хулоса мешавад???!!!
    Оё масоили муҳимтар ва арзишмандатаре монанди “АДОЛАТ”, “ИЗЗАТ” “САРБАЛАНДӢ”, “ОЗОДӢ”, “ШАРАФ”, “НОМУС” ва “ИНСОНИЯТ” вуҷуд дорад? Ва оё меразад, ки барои ин мафоҳим одам қиём кунад, сар баланд кунад ва фарёд бизанад?!
    Оё ҷо дорад, одам ба хотири беадолатиҳо ва зулму ситам садояшро баланд кунад, ё на?
    Оё дуруст аст, ки одам, инсон, бани башар, фарзанди Одам, ба хотири ин ки ба як нафар зулме шудааст, аз ғусса бимирад?! Оё ин шахс мавриди маломат аст?!
    Одамгарӣ, инсоният, номус, шараф, иззат, сарбаландӣ, озодӣ инҳо мафоҳими муқаддасеанд, ки барояш бояд ҷонҳо фидо шавад, барои ин мафҳумҳо бояд муборизаи беамон бо золимону ситамгарон ва ситампешагон бурд! Бояд инқилобҳо кард, бояд хунҳо рехт, вале инсонияту шараф ва адолатро поянда нигаҳ дошт!
    Оё ҳамешаи торих, фиристода шудани паёмбарон ба сӯи башар, магар барои пур кардани шикам ва “ҳама чиз доштан”-и мардум будааст? Магар ба мардуми замонаҳо чӣ намерасид, ки Худованд паёмбаронро ирсол медошт? Магар ғайр аз ин аст, ки паёмбарон ба сӯи инсонҳо фиристода мешуданд, то арзишҳо ҳифз шавад, то адолат ва иззату сарбалании инсон побарҷо гардад!
    Дӯсти азизам, шумо бубинед, агарчи ҳеҷ фоидае ҳам аз ин кор набошад ва агар тамоми мардум онҳоро маломат кунанд, боз ҳам лозим аст, барои ин арзишҳои муқаддас қиём намуд, боз ҳам лозим ва воҷиб аст, барои ҳифзи ин арзишҳо сухан гуфт, боз ҳам фарзу суннат аст, ки барои побарҷо гаштани адолат ва шарафи инсонӣ ва иззату озодӣ, мубориза намуд!
    Магар Имом Ҳусейн(р) барои расидан ба молу сарват ва мақому мансаб қиём намудаанд?! Магар Қуръони Карим инсонро барои расидан ба молу сарват ва мақому мансаб ташвиқ намудааст, ё барои расидан ба мақоми инсоният ва убудият? Ин мақоми инсоният ва убудият магар чист? Магар Худованд аз мо хостааст, ки худро хору залил гардонем? Пас иззату шараф ва инсонияту озодӣ ва адолату сарбаландии одамизодро аз кадом бозор харидорӣ кунем?!
    Мутаассифона дӯстам тавре ба сӯям нигоҳ мекард, ки гӯё касе ба забони ношинохтае барояш сухан мегуфт, гиҷ шуда буд, намефаҳмид. Хомӯш мондам ва садои родиюро бештар кардам…
    УМЕДВОР

    Нравится

    • Ташаккур дӯсти азизам! Бале, дар ин дунё ҳар гуна одамҳо ҳастанд, ва ба назари банда, инсон замоне ки аз инсоният ҷудо мешавад, ӯ чунин фикр мекунад, ки ин рафиқатон фикр мекарда. Аммо вақте инсон инсон аст ва либоси инсоният бар тан дорад, барои ӯ ин мафоҳим (озодӣ, адолат, инсоф ва …) арзишманд ҳастанд. Ӯ вақте барои ин барпойии арзишҳо талош мекунад, лаззат мебарад, хушии вай ба барпоии инҳост. Ҳатто ин масоил рабте ба дин ҳам надоранд. Яъне инсон будан худ кофист, ки ба ин арзишҳо пойбанд ва барои барпоии онҳо саъй ва талош кунад.
      Ба ҳар сурат, Шумо нек тавзеҳ додаед, даст марезод!

      Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: