Мо ва тасаввуф (5)

Силсилабаҳсҳои ислоҳи андешаи динӣ (11)

Дар баҳси пешин гуфтем, сӯфиёне дар тӯли торих ёфт шудаанд, ки худро аз арсаи сиёсат дур нигаҳ доштаанд, ва ҳамин кори эшон боис шуда ин пиндор ба вуҷуд биёяд, ки асосан тасаввуф мактабе аст, ки динро аз сиёсат ҷудо медонад. Оё ин пиндор дуруст аст? Ва гуфтем, ки барои ёфтани посух ба ин пурсиш, бояд байни се чиз тафкик кунем:

  1. Асли тасаввуф ва омӯзаҳои он;
  2. Андеша ва ақоиди бархе аз сӯфия;
  3. Таҷзия ва таҳлили мавзеъгирии бузургони тасаввуф.

Дар бораи матлаби аввал, дар баҳси қаблӣ андаке сӯҳбат кардем ва имрӯз ҳам дар бораи он сӯҳбат хоҳад шуд. Ва аммо дар бораи матлаби дуввум, ба ҳамин андоза аз баён иктифо мекунем, ки эътиқод ба ҷудоии тасаввуф аз сиёсат, мутаъаллиқ ба ҳамаи сӯфиён нест, балки баъзе аз сӯфия чунин эътиқоде доштаанд. Ва чунон ки фақеҳ ғайр аз худи фиқҳ аст, мутакаллим ғайр аз худи калом ва муҳаддис ғайр аз худи илми ҳадис, ҳамчунин сӯфӣ низ ғайр аз худи тасаввуф аст. Ба сухани дигар, андеша ва гаройиши як сӯфӣ, лузуман нишондиҳандаи тамоми омӯзаҳои тасаввуф нест. Вагарна, мо дар торих (ва ҳатто имрӯз) фақеҳоне ҳам доштаем, ки мӯътақид ба ҷудоии ислом аз сиёсат будаанд ва мутакаллимоне низ доштаем, ки эътиқод доштанд, ислом аз сиёсат ҷудост. Аммо соири фуқаҳо ва мутакаллимон ба радди эътиқодоти онҳо пардохта ва посухашонро додаанд. Аз ин рӯ, беҳтарин роҳ барои огоҳӣ ба ҳақиқати матлаб дар ин мавзӯъ, нигоҳ ба омӯзаҳои тасаввуф аст.

Бинобар ин, вақте ба омӯзаҳои тасаввуф назар меафканем, дар он ба масоиле бармехӯрем, ки бо вуҷуди онҳо, маҳол аст пиндошта шавад, тасаввуф аз сиёсат ҷудо будааст. Иҷоза бидиҳед дар ин бора бештар сӯҳбат бикунам. Меҳвари тасаввуф ва ирфонро “сайру сулук” ташкил медиҳад ва сӯфия барои сайру сулук, чаҳор сафар қоил ҳастанд. Дар сафари чаҳорум ва ахир, ин вазифаи як сӯфӣ ва орифи комил аст, ки ба сиёсат (идораи умури ҷомеа) бипардозад. Ҳол, ин чаҳор сафарро аввал каме шарҳ бидиҳам:

1. Сафари аввал: аз халқ оғоз мешавад ва ба Ҳақ меанҷомад. Дар ин сафар, ҳамаи шаҳавот ҳамчун зарандӯзӣ, мақомпарастӣ ва ҳамаи разоил ба канор гузошта мешавад ва солик худро аз ҳамаи бадиҳо пиройиш мекунад ва ба сӯйи Худои пок раҳсипор мешавад. Дар ин сафар, сару кори солик бо Худост ва дағдағаи висол ба Ҳақро дорад;

2. Сафари дуввум: аз Худо оғоз мешавад ва дар Худо идома меёбад ва ба кӯмаки Ҳақ ба Ҳақ хатм мешавад. Дар ин сафар, солики Ҳақ ва мусофири кӯйи илоҳӣ мекӯшад, худро ба авсоф ва асмои Ҳақ биёрояд ва хешро ба ахлоқи худоӣ дароварад, ва дар як калима, илоҳӣ шавад; зеро ба дунболи ин сафар, вижагиҳои хилофатро касб мекунад, чун халифаи илоҳӣ бояд аз вижагиҳои худовандӣ бархӯрдор бошад. Дар ин сафар саъйи солик бар ин аст, ки бо дасти пур аз сафар баргардад ва ҳушёрӣ ва бедориро ба даст оварад ва дар ҳоли яқза (ҳушёрӣ) ба сӯйи мардум раҳсипор шавад; зеро “хуфта кай кунад хуфтаро бедор”. Ин сафар агар хуб сипарӣ шавад, сафарҳои баъдиро низ пуштибонӣ хоҳад кард. Дар ин сафар, басирати воқеӣ ва ҳақиқӣ ба даст меояд ва чашми солик чашми худоӣ мешавад;

3. Дар сафари севвум, мабдаъи сафар Худост, мақсад халқи Худо. Дар ин сафар, бо андӯхтаҳое, ки фароҳам кардааст, бо раъфат ва утуфати комил ба сӯйи халқи Худо раҳсипор мешавад, вале худсарона не, балки ба кӯмаки Парвардигори олам аз оғоз то саранҷом хоҳад буд. Солик то инҷо худ рафта, ба асмои ҳуснои илоҳӣ ороста гашта ва барои ҳидоят ва раҳбарӣ, ба сӯйи халқ бозомадааст;

4. Сафари чаҳорум: аз халқ дар халқ ба сӯйи Худо. Яъне инсон илоҳӣ мешавад ва ранги Худо мегирад ва замоне ки ороста ба ахлоқи илоҳӣ ва мазҳари асмоуллоҳ шуд, ба миёни мардум омада, бо инояти илоҳӣ ва файзи рубубӣ либоси нубувват ва рисолатро бар тан мекунад ва ё кисвати вилоят мепӯшад ва дар ҷиҳати саъодати дунё ва охирати ҷомеа қадам мегузорад ва ба масъулиятҳояш амал мекунад. Бинобар ин, набӣ ва расул ва валӣ мазҳар ва таҷаллии инсони комили мукаммиланд.

Дар баҳси баъдӣ, суханони бузургони ирфон ва тасаввуф дар бораи ин сафарҳои чаҳоргонаро нақл хоҳем кард, ки ҳикоят аз ин дорад, ки дар сафари чаҳорум маҳол аст як сӯфӣ ва як ориф бо сиёсат сару кор надошта бошад.

Идома дорад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ирфони назарӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: