Машоҳир

Кабирӣ ва хушунат

Истилоҳи “иҷтимои нақизайн маҳол аст” ҳатман ба гӯшатон хӯрда. Ин истилоҳ бештар дар улуми ақлия мисли фалсафа ва калом ба кор меравад. Маънояш ин аст, ки маҳол аст ду нақиз ҷамъ бишаванд. Масалан, маҳол аст, ки як инсон дар як замон ҳам бошад ва ҳам набошад? Зеро будан ва набудан нақизи якдигаранд ва бо ҳам қобили ҷамъ нестанд. Маҳол аст як адад ҳам 3 бошад ва ҳам 4…

Агарчӣ ҷойи истеъмол ва ба кор рафтани ин вожа улуми ақлия аст, аммо гоҳе дар муҳовираҳои оддӣ ҳам ба кор меравад. Мисли ин ки шумо инсонеро мешиносед, ки бо хулқу хӯйи писандида ва нек маъруф аст ва ҳаргиз на шумо ва на касе дигар аз ӯ як кори зишт ва нописандро надида, дар ин ҷо агар касе ба шумо, бо ишора ба ҳамин шахс, бигӯяд, ки фалонӣ ғайбат мекунад, шумо ба ӯ мегӯед, ин кор баъид аст, маҳол аст, имкон надорад! Чаро? Барои ин ки ғайбат кардан, бо рафтору кирдору ахлоқе, ки дар он шахс мешиносед, намехонад.

Ва ё як мисоли дигар: агар касе ба шумо бигӯяд, дар Тоҷикистон — бо вуҷуди ҳокими феълӣ ва ҳукумати кунунӣ — интихобот комилан шаффоф баргузор шуд ва ҳеч тақаллубе дар он дида нашуд, шумо ба ӯ мегӯед, бисёр баъид аст, аслан маҳол аст ва имкон надорад. Зеро бо шинохте, ки шумо аз ин ҳоким ва мақомҳои кунунии Тоҷикистон доред, анҷоми интихоботи шаффофро маҳол ва ғайри мумкин мешуморед.

* * *

Аммо дар Тоҷикистони имрӯз ва бо вуҷуди ҳукумати кунунӣ, зоҳиран “иҷтимои нақизайн” маҳол нест. Яъне дар назари онҳо, ду нақиз қобили ҷамъ аст.

Дишаб гуфтугӯи муҷрии шабакаи телевизиюнии CATV News бо Муҳиддин Кабириро тамошо кардам ва шояд азизон ҳам онро диданд. Муҷрӣ вақте аз ӯ мепурсид, аз ин пас барномаи ҲНИТ чӣ хоҳад буд, Кабирӣ дар посухи вай, ҳамон суханонеро такрор мекард, ки солҳо аз ӯ дидаем; ҳамон суханоне, ки пештар ва қабл аз муттаҳам шудан ба “теруризм” ва балое, ки имрӯз ба сари ин ҳизб овардаанд мегуфт. Яъне мо дар чорчӯби қонуни мавҷуд ва комилан ба сурати мусолиматомезона ба фаъолияти худ идома хоҳем дод ва ба ҳаводорон ва аъзои ҲНИТ тавсия мекард, ки хештандорӣ кунанд ва аз иқдомҳои носанҷида дурӣ гузинанд. Ингор на ингор шароит дигар шуда.

Хуб, ин аст Кабирӣ, Тоҷикистон ва тоҷикистониён ӯро ҳамин гуна шинохтаанд. Агар ӯ аз исломи миёнарав ва мӯътадил мегӯяд ва бо ҳар гуна тундгаройӣ ва ифротигарии динӣ мухолиф аст ва агар мӯътақид аст, ки Тоҷикистон бояд озод бошад ва демукросии ҳақиқӣ дар он ҳукмфаро гардад ва кишваре бошад, ки дар он ҳама — диндору бедин — аз ҳуқуқи мусовӣ ва баробар бархӯрдор бошанд, инҳо аз ҷониби вай як токтик нестанд, балки Кабирӣ ба ин масоил имон дорад. Яъне чунин нест, ки ӯ ба хотири расидан ба ҳадаф, ин суханонро бигӯяд. Чунин нест. Банда бо андеша ва тафаккуроти динии ӯ хуб ошно ҳастам. Борҳо дар ин масоил бо ҳам гуфтугӯ кардаем.

Бинобар ин, муттаҳам кардани Кабирӣ ба “хушунат” ва ин ки дар моҷарои ахир даст доштааст ва мехостааст дар Тоҷикистон кудато бикунад дурӯғ аст, ба гунае ки исботи дурӯғ будани ин иттиҳомҳо ҳатто ниёз ба иқомаи далелу бурҳон ҳам надоранд. Зеро, Кабирие, ки тоҷикистониён шинохтаанд, маҳол аст миёнае бо рафторҳое аз қабили “хушунат”, “кудато”, “одамкушӣ” ва ғайра дошта бошад.

Хушунатгаро донистани Кабирӣ мисли ин аст, ки мӯътақид бошӣ, ду нақиз бо ҳам ҷамъ шудаанд. Кабирӣ ва хушунат бо ҳам аслан қобили ҷамъ нестанд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

»

  1. ШУМО ДУРУСТ ФАРМУДЕД, ЛЕКИН БО ДОШТАНИ ҚУДРАТИ РАСОНАӢ, ҲУКУМАТ КОРЕ МЕКУНАД, КИ МУТААССИФОНА НА ТАНҲО МАРДУМ, БАЛКИ ҲАТТО СОЗАНДАГОНИ ДУРУҒҲОИ ШОХДОР, ХУДАШОН НИЗ БА ИН ДУРУҒҲОЯШОН БОВАР МЕКУНАНД. ИН ТАНҲО ЧИЗЕСТ, КИ ҲУКУМАТ ВА ДАВЛАТИ ИМРУЗАИ ТОҶИКИСТОН БА ОН ТАВОНО ВА БЕҲАМТОСТ, НАЗИР НАДОРАД!

    Нравится

  2. chi dalele dored ki kabiri kudato namekunad? oyo didaed ki farde ki mexohad kudato yo maksadi nopoke dorad pesh az amali kardani on rushod ba hama guyad? mantki ajibe dored bobo

    ijtimoi nakizayn mahol nest!!! bubined Rahmonov in namunai olii ijtimoi nakizayn. sharh lozim nest gufti xudaton

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.