Сиёсат

Оғози даврони ҷадиди саркӯб дар Тоҷикистон

Таҳлиле дар Deutsche Welle

Муовини собиқи вазири дифоъи Тоҷикистон дар муборизаи мусаллаҳона бо нерӯҳои давлатӣ кушта шуд. Дар пайи ин ҳодиса фаъолияти бузургтарин ҳизби мунтақиди давлат дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд. Раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ дар гуфтугӯ бо Deutsche Welle, далели ин иқдомро шарҳ медиҳад.

Манобеи хабарии Тоҷикистон аз кушта шудани женерол Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъи Тоҷикистон, хабар медиҳанд. Ба нақл аз ин манобеъ, женерол Назарзода чаҳоршанбе 25 шаҳривар (16 сентябр) дар кӯҳистони Ромит кушта шудааст.

Як хабарнигори маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе, бо тайиди ин хабар ба Deutsche Welle гуфт, ки нерӯҳои низомӣ муваффақ шуданд, сарҳанг Ҷунайдуллоҳ Умаровро ҳам ҳадаф қарор диҳанд ва ӯ низ кушта шудааст. Женерол Назарзода ва сарҳанг Ҷунайдуллоҳ ба “хиёнат ба давлат” муттаҳам шуда буданд.

Ба гуфтаи ин хабарнигори тоҷик, дар ҷараёни даргириҳои чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон 13 тан аз нерӯҳои давлатӣ ва 20 тан аз нерӯҳои ҳаводори женерол Назарзода кушта шудаанд.

Равобити умумии Вазорати кишвар ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ рӯзи чаҳоршанбе (16 сентябр) бо интишори баёнияе, аз поёни амалиёти муштараки нерӯҳои ин ду ниҳод хабар дод.

Дар ин баёния омадааст, ки дар ҷараёни ин амалиёт, сарҳанг Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва 4 маъмури интизомӣ кушта ва теъдоде низ захмӣ шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар вокуниш ба даргириҳои мусаллаҳона дар ин кишвар гуфт, ҳар кас ки амнияти кишварро ба хатар биандозад, ба шадидтарин наҳв муҷозот хоҳад шуд.

Давлати Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби мухолифи давлатро муттаҳам мекунад, ки бо женероли шӯришӣ ҳамдаст будааст. Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумла Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раҳбари ин ҳизбро дастгир карданд.

“Дар кишварҳои диктотурӣ рақиб душман талаққӣ мешавад”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳудуди 6 моҳ пеш аз ин кишвар хориҷ шуда, дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо бахши форсии Deutsche Welle иттиҳоми ҳамкории ин ҳизб бо женерол Назарзодаро рад кард.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт: “Ҳамаи аъзои Шӯрои сиёсии ҳизби мо аз тарафи мақомот ба иттиҳоми даст доштан дар ошӯби женерол Назарзода дастгир шуданд. Мо ин иттиҳомотро рад мекунем ва ин парвандаро сохтагӣ ва фурсатталабона медонем.”

Ӯ дар идома таъкид кард: “Ҳизби мо аз чанд сол пеш зери фишор аст. Ахиран, аз баргузории ҳамоиши ҳизб низ ҷилавгирӣ карданд ва дафтари ҳизб қабл аз ин ҳодиса аз тарафи мақомот баста шуд. Ин ҳодиса (даргирии мусаллаҳонаи женерол Назарзода) баҳонаи дигаре аст барои идомаи сиёсатҳои саркӯбгароёнаи давлат алайҳи мухолифони худ.”

Чаро давлати Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро мамнӯъ кард ва хатари исломгароӣ то чӣ ҳад ҷомеаи Тоҷикистонро таҳдид мекунад?

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ дар посух ба ин пурсиш мегӯяд: “Мо далели аслиро дар пирӯзии ҳизб дар интихоботи порлумонии 2010 мебинем, ки Ҳизби наҳзат бештарин раъйро овард ва ҳукумат бо тақаллуб натоиҷи дигаре эълом кард. Аз он вақт тарҳи мамнӯият рӯйи даст буд, вале Ҳизби наҳзат бо сиёсатҳои мӯътадили худ ҳеч баҳонае барои саркӯб дасти давлат надод.”

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ дар идома тасреҳ мекунад: “Ҳукумат натавонист он шикастро бипазирад ва наҳзатро танҳо рақиб маҳсуб мекард. Дар кишварҳои диктотурӣ рақиб душман талаққӣ мешавад, ки набояд бошад. Наҳзат ҳамчун як ҷараёни мӯътадил монеъи рушди ифротгароӣ буд. Мубориза бо ифротгароӣ акнун пӯшише барои саркӯбгарӣ дар кишвар аст, ки худ як омили рушди ифротигарӣ аст.”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар идома ба ин пурсиши Deutsche Welle, ки фаъолияти Наҳзати исломӣ дар оянда чӣ гуна хоҳад буд, чунин посух медиҳад: “Дар Тоҷикистон режими диктотурӣ истиқрор ёфтааст. Мо фаъолияти худро дар шароити ҷадид идома хоҳем дод, вале аз сиёсатҳои қаблӣ даст нахоҳем кашид, ки мубтанӣ бар эътидол, демукросӣ ва қонунмеҳварӣ мебошад. Табиӣ аст, ки дигар мо мисли қабл наметавонем омили пешгирӣ аз ифротгароии ҷавонон бошем ва дигар давлат масъули комили он аст.”

“Саркӯби опозисиюн, оғози диктотурӣ”

Мирзои Салимпур, як таҳлилгари тоҷик ба Deutsche Welle мегӯяд: “Дар Тоҷикистон 7 ҳизб аз ҷумла Ҳизби сусиёл-демукрот ва Ҳизби кумунист фаъолияти расмӣ доранд. Аммо ин аҳзоб дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун Ҳизби наҳзати исломӣ нақши таъйинкунандае надоранд. Яке аз шурути барқарории сулҳ дар Тоҷикистон, ки соли 1997 таъйин шуд, фаъолияти озоди Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Ин ҳизб дар муддати 18 соли гузашта ба сурати озод фаъолият кардааст.”

Ин таҳлилгари тоҷик дастгирии сарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро “сароғози даврони ҷадиди саркӯби опозисиюн ва истиқрори ҳокимияти диктотурӣ” дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунад, ки таҷрибаи талхи ҷанги 5-солаи дохилиро пушти сар гузоштааст.

Зинда шудани айёми ҷанги дохилии 5-сола дар азҳони мардум

Тоҷикистон соли 1991 истиқлол ёфт ва ба ин тартиб дар Осиёи Миёна як кишвари форсизабон таъсис шуд. Пас аз истиқлоли Тоҷикистон, ҷанги дохилии 5-сола байни давлати таҳти ҳимояти Русия ва мухолифони исломгаро даргирифт. Дар ин ҷанг, беш аз 50 ҳазор нафар кушта ва ҳудуди 700 ҳазор нафар бехонумон шуданд. Тоҷикистон беш аз 7 милюн ҷамъият дорад.

Дар соли 1997 бо висотати Созмони Милали Муттаҳид, паймони сулҳ ба имзои ду тараф расид. Гарчӣ ҷанг поён ёфт, аммо ёди рӯзҳои талхи ҷанг ҳанӯз дар азҳони мардум ва раҳбарони сиёсии тоҷик зинда аст.

Женероли шӯришӣ Абдуҳалим Назарзода аз фармондеҳони нерӯҳои мухолиф дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1992 то 1997 буд, ки алайҳи давлати вақти Тоҷикистон меҷангид. Нерӯҳои мухолифи давлат дар соли 1997 пас аз имзои тавофуқномаи сулҳ дар нерӯҳои давлатӣ идғом шуданд.

Кушта шудани ин женероли шӯришӣ ва ҷангҷӯёни ҳамроҳи ӯ, хотироти айёми талхи ҷанги дохилиро дар зеҳни мардуми Тоҷикистон зинда кардааст.

Илова бар он дастгирии аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз демукросӣ, фарҳанги чандҳизбӣ ва сулҳи пойдор истиқрор наёфтааст.

Deutsche Welle

1 ответ »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.