Мо ва тасаввуф (6)

Силсилабаҳсҳои ислоҳи андешаи динӣ (12)

Дар баҳси пешин гуфтем, ки вақте ба омӯзаҳои тасаввуф назар меафканем, дар он ба масоиле бармехӯрем, ки бо вуҷуди онҳо, маҳол аст пиндошта шавад, тасаввуф аз сиёсат ҷудо будааст, ва ба сурати кӯтоҳ дар бораи сафарҳои чаҳоргона, ки сӯфия ба он мӯътақиданд сӯҳбат кардем, ва дар поён ваъда додем, суханони бузургони ирфон ва тасаввуф дар бораи ин сафарҳои чаҳоргонаро нақл бикунем, ва инак ба бархе аз онҳо ишора мекунем:

Рисолае аз ҳаким, ориф ва сӯфии машҳур Муҳаммадризо Қумшаӣ дар бораи сафарҳои чаҳоргона расидааст, ки орифи муосир Имом Хумайнӣ (р) онро дар поёни китоби “Мисбоҳул-ҳидоя илал-хилофати вал-вилоя”-и худ талхис карда ва назари худро дар ин мавзӯъ ироа намудааст.

Ҳаким Қумшаӣ дар баёни сафари чаҳорум мегӯяд:

ويأخذ في السفر الرابع: وهو من الخلق إلى الخلق بالحق. فيشاهد الخلائق وآثارها ولوازمها؛ فيعلم مضارها ومنافعها؛ ويعلم كيفية رجوعها إلى الله وما يسوقها؛ فيخبر بها وبما يمنعها

Ва (ориф) шурӯъ дар сафари чаҳорум мекунад, ва он аз халқ ва дар халқ ба сӯйи Ҳақ ба кӯмаки Ҳақ аст. Дар ин ҷо мушоҳидаи халоиқ ва осор ва лавозими онҳоро мекунад, дар натиҷа медонад мазоррашон ва манофеъашонро ва чигунагии муроҷиат ба сӯйи Худовандро ва хабар аз муқтазаёт ва мавонеъ медиҳад…

Имом Хумайнӣ (р) дар тавзеҳи он аз ҷумла мегӯяд:

وفي هذا السفر يشرع ويجعل الأحكام الظاهرة القالبية والباطنية القلبية، ويخبر وينبىء عن الله وصفاته وأسمائه والمعارف الحقّة، على قدر استعداد المستعدين

Дар ин сафар ташреъ мекунад ва хабар аз Худо, сифоташ, асмоаш ва аз маъорифи ҳаққа ба қадри истеъдоде, ки шунавандагон доранд, медиҳад.”

Мурод аз ташреъ дар инҷо, ҳамон идораи умури ҷомеа аст. Ба баёни дигар, дар сафари чаҳорум вазифа ва таклифи ориф ва сӯфӣ – ки дигар инсоне комил гардидааст – ҳидоят ва роҳнамоии мардум ва ҷомеа аст; ҳидояте, ки бо он саодати мардум ва ҷомеа дар дунё ва охираташон таъмин бишавад. Аз ин рӯст, ки дар ин сафар, роҳнамоии сӯфии комил, ба кӯмаки Худост. Ҳаким Ҷаводии Омулӣ, яке дигар аз урафои муосир, дар ҳамин робита мегӯяд:

Ва сафари чаҳорум, бо он аз халқ оғоз шуда ва ба халқ хатм мегардад. Дар ҳамаи мақомот ва мавоқифи худ, (сӯфӣ) аз ҳамроҳӣ ва ҳидояти Ҳақ бархӯрдор мебошад… Ин хислати ҷаҳонфаҳмии ҳаким, ки мутаъассир аз ҷаҳоншуҳудии ориф аст, марзи ҷудокунандаи фалсафаи илоҳӣ аз фалсафаи илҳодӣ аст. Дар фалсафаи илҳодӣ асаре аз се сафари аввал нест. Он чӣ ҳаст, танҳо сафар аз халқ ба халқ аст, бурида аз Ҳақ ва дар кисвати халқи маҳз. Файласуфи моддӣ ба далели маҳрумият аз анвори илоҳӣ, ба гунае сард ва хомӯш ба наззораи ҷаҳоне мурда ва беруҳ мепардозад ва ҳамвора сайри уфуқӣ дошта ва ҳаргиз аз халқ ба Холиқ сулук надорад, чӣ расад ба он ки дар авсофи Холиқ сафар карда ва ё аз он сӯ паёме барои маҳдудаи хилқат дошта бошад…”

Сираи амалии урафо ва сӯфия

Сираи амалии урафо ва сӯфиҳои бузург дар тӯли торих, шоҳид ва гувоҳ бар ин аст, ки тасаввуф аз сиёсат ҷудо набудааст. Нигоҳе ба сираи амалии сӯфиҳое чун Шайх Наҷмуддини Кубро ва Хоҷа Аҳрори Валӣ ва дигарон ин муддаъоро собит мекунад. Ҳалабӣ (с.140-141) дар бораи Шайх Наҷмуддини Кубро мегӯяд:

“Чун чингизиён мехостанд Хоразмро тасхир ва хароб кунанд, хабар ёфтанд, ки ин марди сӯфӣ (Шайх Наҷмуддини Кубро) дар миёни хоразмиён аст… Қушуни Чингиз ва сарони ӯ ба ин фикр афтоданд, ки вайро аз ин вартаи бало бираҳонанд… Кас пеши ӯ фиристоданд ва паём доданд, ки мо азми разми аҳли Хоразм ҷазм кардаем ва бешак ба ёсо (муҷозот, кайфар) хоҳанд расид. Шайх бояд, ки аз онҷо берун ояд, то офате ба ӯ нарасад. Он ҷаноб дар ҷавоб фармуд, ки: маро дар ин шаҳр хешон ва мутаъаллиқон ва муридонанд. Пеши Худо ва халқ маъзур набошам, ки эшонро гузошта, берун оям. Боз хабар омад, ки Шайх бо даҳ каси худ аз хоразмиён дур шавад. Ҷаноби Шайх гуфт, ки: он ҷамоат аз даҳ зиёдаанд. Шоҳзодагон бори дигар пайғом доданд, ки бо сад нафар берун ояд. Ҷаноби шайх фармуданд, ки аз сад низ зиёдаанд… Ҷавоб омад, ки бо ҳазор нафар берун ояд ва инони азимат ба ин тараф маътуф созад…

Шайх гуфт: чӣ гуна раво бувад, ки бо тоифае – ки дар эътиқоди иттиҳодӣ бошад – дар ҳолати амн ва сукун ва оромиш аз ёрон мувофиқ бошам ва аз дӯстони содиқ ва дар вақти вуруди бало ва нузули қазо эшонро дар вартаи бало ва ъано бигузорам ва худ халос ва наҷот талабам? Муруввати ман ба хуруҷ аз шаҳр рухсат намедиҳад…

Ба ҳар ҳол, Шайх напазируфт ва муғулон ба даруни шаҳр рехтанд. Шайх Наҷмуддин бархоста, хирқаи худро дар бар афканда ва миён баст ва бағал пури санг сохта, найзае ба даст гирифт ва рӯй ба ҷанги муғулон овард ва барояшон санг мезад, то сангҳое, ки дар бағал дошт, ҳама тамом шуд. Лашкари Чингиз он ҷанобро тирборон карданд. Як тир бар синаи муборакаш омад ва чун он тирро берун кашиданд, мурғи руҳаш ба риёзи биҳишт маъво гузид… Гӯянд, ки Шайх Наҷмуддин дар вақти шаҳодат парчам (мӯйи кокул)-и муғулеро гирифта буд ва пас аз он ки аз по дарафтод, даҳ кас натавонистанд он кофирро аз дасташ халос созанд ва оқибат кокули кофирро буриданд… (Ҳалабӣ, с.140-141)

Намунаҳои зиёди дигаре ҳаст, ки дигар маҷоли баёни так-таки онҳо нест.

* * *

Яке дигар аз мавзӯъҳое, ки дар ин баҳс шоиста аст пиромуни он сӯҳбат шавад, масъалаи ваҳдати исломӣ ва тасаввуф аст, ки дар баҳси баъдӣ роҷеъ ба он сӯҳбат хоҳем кард.

Идома дорад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ирфони назарӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: