Машоҳир

Поп Фронсис; попе мутафовит

Поп Фронсис (Pope Francis), раҳбари котуликҳои ҷаҳон, ин рӯзҳо дубора маркази таваҷҷӯҳи расонаҳост. Ин раҳбари мазҳабӣ дар тӯли муддати қарор гирифтанаш дар раъси калисои котулик, корҳои мунҳасир ба фарди зиёде дар корномааш дорад, ки боис шуда ӯро “ҳиппитарин раҳбари котуликҳои ҷаҳон биноманд.”

Поп Фронсис, ки баъд аз истеъфои Поп Бенедикти 16-ум дар соли 2013 барои раҳбарии калисои котулик интихоб шуд, аввалин поп аз минтақаи Омрикои Лотин аст, ки албатта хонаводааш асолатан итолиёӣ ва муҳоҷир ба Оржонтин будаанд.

Ӯ, ки дар ҳавзаҳои фалсафа, илоҳиёт ва шимӣ таҳсил кардааст, пеш аз интихоб шуданаш ба унвони кашиш, дар донишгоҳҳои Оржонтин адабиёт ва равоншиносӣ тадрис мекарда, дар ҷавонӣ ба рақси тонгу алоқа дошта ва узви бошгоҳи ҳаводорони як тими футбол дар Оржонтин будааст.

Ӯ ҳамчунин аввалин узви ҷомеаи Ясуъиён аст, ки ба мақоми попӣ расидааст. Ҷомеаи Ясуъиён ё “Сарбозони пиёданизоми Масеҳ”, тавассути як сарбози испониёӣ дар қарни 16-ум поягузорӣ шудааст ва танҳо мардонро ба узвият мепазирад.

* * *

Поп Фронсис аз ҷиҳоти дигаре ҳам мунҳасир ба фард аст. Ӯ нигарониҳои зиёде дар мавриди муҳити зист дорад. Аз ин назар ӯ бо иддаи зиёде аз фаъолони муҳити зист, ки мӯътақид ҳастанд башар бо осеб расондан ба муҳити атрофаш, дар ҳоли нобуд кардани худаш аст, ҳамназар ва ҳамфикр аст.

Тақрибан чаҳор моҳ пеш, номаи Поп ба 1.2 милёрд котулик дар сар то сари ҷаҳон, ки ба панҷ забони мухталиф мунташир шуда буд, аз ин нигаронӣ хабар дод.

Дар як иқдоми ғайри мунтазира, Поп бо ирсоли паёме ба 5000 усқуф дар ҷаҳон, аз онон даъват карда буд, ки дар мавриди мушкилоти ғайри қобили ҷуброне, ки тағйироти обуҳавоӣ барои зиндагии башар рӯйи замин ба вуҷуд хоҳад овард, сӯҳбат кунанд.

Поп Фронсис то ба ҳол чандин бор бар лузуми таваҷҷӯҳ ба муҳити зист таъкид кардааст. Ӯ як бор дар яке аз дидорҳои умумиаш дар соли гузашта гуфт: “Ман фикр мекунам, суоле вуҷуд дорад, ки мо онро аз худамон напурсидаем. Оё башар бо ин истифодаи беравия ва санъатӣ аз табиат, даст ба худкушӣ назадааст? Далели лузуми ҳифозат аз муҳити зист ин аст, ки агар мо онро нобуд кунем, ӯ моро нобуд хоҳад кард. Ин мавзӯест, ки ҳаргиз набояд фаромӯш кард.”

* * *

“Касоне ки дар санойеи таслиҳотӣ ҳастанд, наметавонанд худашонро масеҳӣ биноманд.” Ин яке дигар аз изҳороти ҷанҷолии Поп аст вақте ки дар боздиде аз шаҳри Турини Итолиё дар миёни ҷавонон ҳозир шуда буд.

Ӯ дар ин дидор гуфт, касоне ки дар хидмати тавсиъаи санойеи низомӣ ҳастанд ё дар ин санойеъ сармоягузорӣ мекунанд, мунофиқона худашонро масеҳӣ меноманд.

Вай афзуд: “Агар танҳо ба башар эътимод кунед, бозанда хоҳед буд.”

Поп Фронсис, ки барои мухотабони ҷавонаш дар мавриди сиёсат, ҷанг ва эътимод сӯҳбат мекард, хитоб ба онҳо гуфт: “Ба мардум, мудирон ва туҷҷоре фикр мекунам, ки худашонро масеҳӣ медонанд ва дар санойеи низомӣ сармоягузорӣ мекунанд… Ин дугонагӣ аст. Онҳо як ҷур ҳарф мезананд, аммо таври дигаре амал мекунанд.”

* * *

Поп Фронсис илова бар мухолифат бо тавсиъаи таслиҳотӣ ва талош барои ҷалби таваҷҷӯҳи раҳбарони ҷаҳон ба масъалаи муҳити зист, тарафдори ҳуқуқи занон ҳам ҳаст. Бо ин ки ҳанӯз бархе машоғил аз назари калисои котулик барои занон ҷоиз нест, аммо Поп чанде пеш дар як дидори умумӣ, нисбат ба пойинтар будани даромади занон дар муқоиса бо мардон барои шуғлҳои яксон, эътироз карда буд: “Чаро ин мавзӯъ пазируфта шудааст, ки мардон бояд бештар аз занон даромад дошта бошанд? Ин тавр нест, ҳуқуқ бояд баробар дониста шавад.”

Мавзӯи даромади мусовӣ барои занон ва мардон дар тамоми дунё дағдаға аст, аз Ҳоливуд гирифта то коргарони рӯзмузд дар кишварҳои ҷаҳони сеюм. Танҳо дар Иттиҳодияи Урупо оморҳо нишон медиҳад, ки занон ҳудуди 17 дарсад камтар аз мардон барои корҳои мушобеҳ даромад доранд ва ба изои ҳар як дулоре, ки як мард ба даст меоварад, як зан 77 сент даромад дорад.

Назари Поп дар мавриди даромади занон, яке аз назароте аст, ки то ба ҳол тавассути фарде дар ин мақом дар мавриди ҳуқуқи занон иброз шудааст. Ҳамчунин бо ин ки тибқи суннат, занон дар калисои котулик ҳанӯз наметавонанд ба унвони кашиш баргузида шаванд, аммо Поп Фронсис борҳо гуфтааст, ки мехоҳад занон нақши бештаре дар калисо дошта бошанд.

* * *

Раҳбари котуликҳои ҷаҳон мегӯяд, баччадор нашудан як худхоҳӣ аст. Ин ҳарф албатта чандон аҷиб ва тоза нест. Ӯ дар яке дигар аз суханрониҳояш барои мардуме, ки дар майдони рӯ ба рӯи иқоматгоҳаш таҷаммуъ карда буданд, гуфт: “Ҷомеае бо одамҳои озманд, ки намехоҳанд баччаҳо атрофашонро иҳота карда бошанд, беш аз ҳар чизе нигаронкунанда ва хатарнок аст. Ин нишонае аз афсурдагӣ дар ҷомеа аст.”

“Шумо баччаҳоро дӯст доред ба хотири ин ки онҳо бачча ҳастанд, на ба хотири ин ки онҳо зебо ё солим ҳастанд, на ба хотири ин ки онҳо шабеҳи мо ҳастанд, онҳо бачча ҳастанд…”

“Шояд ин беҳтар ва роҳаттар бошад, ки як саг ё ду гурба дошта бошем ва ишқи худро ба онҳо нисор кунем, аммо дар ниҳоят инҳо ба поён мерасанд, дар даврони пирӣ фироқ ва танҳоӣ гиребонгирамон мешавад, дар ҳоле ки лаззати доштани фарзанд, қалби падару модарро ба тапиш меандозад ва онҳоро ба оянда умедвор мекунад. Кӯдакон масъалае зистшиносӣ нестанд. Иҷоза диҳед ин имкон — ба дунё овардани фарзандон — танҳо дар ихтиёри падару модар боқӣ бимонад. Фарзандон ҳадия ҳастанд, оё инро мутаваҷҷеҳ мешавед?”

Назари калисои котулик дар мавриди таҳқиқот барои роҳҳои ҷойгузини ба дунё овардани фарзандон аз роҳҳои озмоишгоҳӣ ҳамвора ғайри мусоид будааст. Калисо яке аз сарсахттарин мунтақидони таҳқиқоти шабеҳсозӣ аст. Суннате, ки Поп Фронсис ҳам аз он пайравӣ мекунад.

* * *

Аммо дар мавриди расонаҳо, Поп Фронсис мегӯяд, охирин боре, ки телевизиюн тамошо кардааст, ба соли 1990 бармегардад ва пас аз он ба ин тасмим расида, ки “ин кори ман нест.”

Ҳисоби корбарии твиттери ӯ низ тавассути Вотикон барӯз мешавад, ва ӯ танҳо рӯзе чанд дақиқа рӯзномаи итолиёии la Repubblica-ро мехонад.

* * *

Сафари Поп ба Омрикои ҷанубӣ ҳам аз он чизҳое аст, ки ин бор ҷойе хориҷ аз майдони аслии Вотикон хабарсоз шудааст, дар ҳоле ки нақши Поп дар боз шудани дарҳои равобити диплумотик байни Кубо ва Омрико бо таваҷҷӯҳ ба номаи соли гузаштаи ӯ хитоб ба раҳбарони ду кишвар ва таъкид бар лузуми дар назар гирифтани масоили инсонӣ дар равобити сиёсии ин ду, ғайри қобили инкор аст.

Ҳоло Поп дар сафараш ба Кубо, бо раҳбари инқилоби ин кишвар Фидел Костур, ки худро кумунист медонад, дидор кардааст.

Поп дар ҷараёни сафари серӯзааш ба Кубо, ки аввалин сафари ӯ ба ин кишвар ҳам буда, илова бар дидорҳои мардумӣ ва мавъиза барои мардум дар майдони Инқлоби шаҳри Ҳовоно, дар дидори нимсоата бо Костру, он тавр ки манобеи расмии Вотикон мегӯянд, аз масоили инсондӯстӣ, муҳити зист ва иқтисоди ҷаҳонӣ сӯҳбат кардааст.

Ин ду дар поёни дидор, ба якдигар китоб ҳадия додаанд. Поп китобе дар мавриди маънавият ба дасти кашишон ва Костру китобе дар мавриди биниши худаш ба маънавият.

Ҳоло баъд аз ин сафари хабарсоз, Поп Ҳовоноро тарк кардааст, то сафараш ба мақсади Вошингтунро идома диҳад.

Ба унвони раҳбари яке аз адёни ҷаҳон, таҳлилгарон тамоюл доранд аз так-таки иқдомоти Поп бардоштҳои сиёсӣ дошта бошанд, чӣ вақте ки дар мавриди таҳкими хонавода ҳарф мезанад, чӣ замоне ки миёнҷигарӣ байни ду душманро ба ӯҳда мегирад.

Ба назар мерасад, як попи “мутафовит”, ки дағдағаҳои фаъолони иҷтимоиро таблиғ мекунад, тавонистааст бахши зиёде аз ҳошияҳо дар мавриди мушкилоти дохилии калисои котуликро ба ҳошия биронад.

Isna

Рубрики:Машоҳир

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.