Перейти к содержимому

Оё ҲНИТ метавонад беасос будани ин иттиҳоми бузургро собит кунад?

Иттиҳоми ахири Додситонии кулли Тоҷикистон ба раиси Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки гӯӣ аз панҷ сол пеш гурӯҳҳои мусаллаҳеро ташкил ва онҳоро сармоягузорӣ ва женерол Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ, ба дастури ӯ кор мекардааст, бо ин ки дурӯғе беш нест ва ҳеч кас, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар берун аз он, ба ин ёва бовараш намешавад, аммо он чӣ дар ҳоли ҳозир барои ҲНИТ ва шахси оқои Муҳиддин Кабирӣ аз аҳаммияти вижае бархӯрдор аст, исботи дурӯғ будани ин иттиҳом аст, ва он ҳам дар додгоҳ.

Аммо масъала ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба мустақил набудани қувваи қазоия ва додгоҳ дар Тоҷикистон ва ин ки ниҳоди мазкур ҳар он чиро барояш аз “боло” дастур бишавад иҷро мекунад, оё исботи дурӯғ будан ва беасос будани ин иттиҳом ва дар натиҷа табриаи оқои Кабирӣ ва ҲНИТ аз он имконпазир аст? Хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Додситонии кулл, ки ин иттиҳомро задааст, қатъан барои исботи муддаъои худ, “далелҳое” омода карда, ки барои афкори умумӣ онҳоро ироа хоҳад намуд, чунон ки дар мавориди мушобеҳи пешин – мисли он чӣ дар мавриди Зайд Саидов шоҳидаш будем – дида шуд.

Ба назари инҷониб, бо ин ки наметавон дар ин бора бо қотеият чизе гуфт, аммо як роҳ ҳаст, ки агар ҲНИТ ва шахси оқои Кабирӣ онро дунбол кунанд, баъид нест дурӯғ будани ин иттиҳом собит ва ҲНИТ аз он табриа бишавад. Ва он ин ки: ҷаноби оқои Муҳиддин Кабирӣ бояд аз ҳамин ҳоло даст ба кор шавад ва чанд вакили мудофеъи байналмилалӣ ва коркуштаро аз кишварҳои урупоӣ истихдом бикунад.

Иқдоми гурӯҳе аз вукалои мудофеи тоҷик бо ташаббуси ҷаноби Бузургмеҳр Ёров дар таъсиси кумитае барои дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудаҳо – ки зоҳиран дифоъи ин азизон дар додгоҳро бар ӯҳда хоҳад гирифт — иқдоми бисёр шоиста ва таҳсинбарангез аст, аммо муваффақияти ин кумита ва ин азизон ба танҳоӣ дар кори дифоъ ва табриаи Кабирӣ ва аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ, баъид ба назар мерасад. Бахусус бо таваҷҷӯҳ ба саранҷоми қазияи оқои Зайд Саидов, ки се вакили мудофеи қудратманде дошт ва онҳо ҳар коре, ки аз дасташон бармеомад анҷом доданд, вале дар ниҳоят баъзе аз онҳо бо иттиҳомҳои воҳӣ ва пуч роҳии зиндон шуданд ва баъзеи дигар ҳам зери таҳдид ва фишор қарор гирифтанд. Мутаассифона фазои ҳоким дар Тоҷикистон ҳамин аст ва намегузорад, як вакили тоҷик кори дифоъи худро ба дурустӣ анҷом бидиҳад. Садҳо мавонеъ пеши ӯ гузошта мешавад, то он ки ё аз кори худ даст бардорад ва ё ин ки бо иттиҳомҳои пуч ва беасос боздошт шуда ва ҳамроҳи муттаҳам дар зиндон бихобад.

Бинобар ин, танҳо роҳи мантиқӣ дар ҳоли ҳозир – ва бо таваҷҷӯҳ ба чистии ҳукумати Тоҷикистон ва кистии ҳукуматмадорони он – ин истихдоми вукалои байналмилалӣ ва коркушта аст, ки дар канори вукалои мудофеи тоҷик ва кумитае, ки таъсис додаанд, кори дифоъ аз ҲНИТ ва азизони боздоштшударо бар ӯҳда бигиранд.

Ҳусни ин кор дар он аст, ки агар як вақт — Худой нокарда – додгоҳ бо зери пой гузоштани назар ва раъйи ин вукалои мудофеъ, ин тӯҳматро бар гардани азизони боздоштшуда ва оқои Кабирӣ бор кунанд ва онҳоро маҳкум намоянд, афкори умумӣ ва ҷаҳон аз ҷузъиёти ин парванда мутталеъ хоҳанд шуд; зеро вукалои мудофеи байналмилалӣ ва урупоӣ чунин ҳам нест, ки сокит биншинанд ва чизе ба касе нагӯянд, балки бо расонаӣ кардани он тӯҳматкунандаҳоро расво ва ҷаҳонро аз ин тӯҳмати нораво ва бесос мутталеъ хоҳанд кард.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: