Перейти к содержимому

Ба мо чӣ шудааст?!

Ёддошти Сайидмаҳмуд Бурҳонов

Хабари дилхароши марг ва дақиқтараш қатли тифли ширхораи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳақиқат паёме буд ба миллати хоболуди мо.

Радиои Озодӣ дар шарҳи ин фоҷеъа навиштааст: «Рӯзи 13 октябри имсол ходимони раёсати хадамоти федеролии муҳоҷирати ноҳияи Адмиралтейскии шаҳри Санкт-Петербург бо баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷират шаҳрвандони Тоҷикистон Далер Назаров, Заррина Юнусова ва ҳамроҳ бо ин зан писараш Умаралӣ Рустамович Назарови панҷмоҳаро боздошт карданд. Дар идораи полис протокол тартиб дода шуда, Назаров ва Юнусова ба боздошгоҳ ҷо дода шуданд ва тифли ширхора, ки дар муроқибати ҳамешагӣ ниёз дошт, аз дасти модар гирифта шуд… Рӯзи дигар – 14 октябр субҳ ба ӯ занг зада гуфтанд, ки писараш даргузашт.»

Тибқи ин гузориш, масъулони рус аввал ин тифли ширхораро бераҳмона ва ғайри қонунӣ аз оғуши модараш кашида мегиранд, баъд ба модараш ҳеҷ маълумоте аз тарзи нигаҳдорӣ ва ҷойи кӯдакаш намедиҳанд ва пас аз як рӯз ҳам, гуё ин тифли маъсум як шайъи беарзише бошад, бемалол хабари аз даст рафтанашро аз тариқи телефон ба модараш медиҳанд.

Ин чӣ гуфтанӣ гап?

Ин яъне он ки як шаҳрванди тоҷик аз ҳеҷ гуна ҳаққу ҳуқуқ ва ҳурмату эҳтироме бархӯрдор нест, на мардаш, на занаш ва на ҳатто як тифли ширхорааш. Ин яъне он ки ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз ҳеҷ гуна даъвое ба хотири хуну ҷону молу обрӯи шаҳрвандонаш нахоҳад кард. Ба хотири ҳамин ҳар касе дар ҳар кишваре ба худаш иҷоза медиҳад, бо шаҳрвандони Тоҷикистон монанди ашёи беҷону беарзиш ҳар гуна рафторе намояд; мардонашро бемузд кор мефармояд, мезанад, ғорат мекунад, дар анзори умумӣ масхарааш мекунаду дар барномаҳои ҳаҷву мазҳака сужаи ханда қарор медиҳад, занонашро тавҳину таҳқир ва ҳатто таҷовуз мекунад, аз модаронаш кӯдаки ширхорааш ва аз кӯдаконаш модари ғамхорашро мегирад.

Паёми ин фоҷеъа ба мардуми Тоҷикистон ин аст, ки ин пасттарин нигоҳ ба сӯйи шумост, ин болотарин тавҳин ба ҳуқуқи шумост, ин баландтарин садои талангур ба гӯшҳои ношунавои шумост…
Чаро?
Чун муқаддастарин унвони инсон, ин унвони модар аст ва маъсумтарин насли инсон, ин кӯдак аст ва мустаҳкамтарин пайванди инсон, ин пайванди модар ва кӯдак аст. Дар ин фоҷеъа ба муқаддастарин унвони мо — ба модар тавҳин шуд, ба маъсумтарин насли мо — кӯдаки ширхора бераҳмӣ шуд ва мустаҳкамтарин пайванди мо — пайванди модару кӯдак гусаста шуд. Ва ниҳоятан дар ин фоҷеъа поктарин эҳсоси инсон — эҳсоси модарона поймол гардид ва бераҳмона тифли ширхораи тоҷик аз оғӯши гарми модараш гирафта шуд ва бепарво дар гӯшае андохта шуд, то тифли бепаноҳу бегуноҳи тоҷик фақат ба хотири тоҷик буданаш ташнаву гурусна ва бекасу танҳо ҷон диҳад.

Агар ин талангур сабаби бедории мо нагардад, агар ин трагедия боиси барафрӯхтани мо нашавад, пас чӣ чиз бояд моро бедор кунад ва кадом садо гӯшҳои моро шунаво намояд?

Се рӯз аз вуқӯи ин фоҷеъа мегузарад, вале фазои расонаии Тоҷикистон ба гунае аст, ки гуё ҳеҷ иттифоқе науфтода бошад ва ё ин фоҷеъа марбут ба ким-кадом миллати дигаре бошад, ки расонаҳо ва хабарнигорони тоҷик фақат ба гузориши кӯтоҳи он иктифо намуданд, он ҳам баъзе аз расонаҳо.

Аз масъулон ва ҳукуматдорон ҳеҷ интизоре намеравад, ҳоли онҳо барои ҳама равшан аст, вале намедонам ба фаъолони иҷтимоӣ, ҳуқуқдонон, равшанфикрон, рӯзноманигонрону таҳлилгарони тоҷик чӣ шудааст, ки хеле роҳат аз канори як чунин фоҷеъа убур мекунанду дар қиболи он ҳеҷ эҳсоси дарду эҳсоси вазифа намекунанд.

Ба Худо агар ҳанӯз андаке аз хуни тоҷикӣ дар рагҳои мо ҷорӣ бошад ва миқдоре имон дар қалбҳоямон боқӣ бошад, бояд ин хабар мисли бомбе дар фазои расонаии Тоҷикистон мунфаҷир мешуд ва хабарнигорону таҳлилгарон доири он сӯҳбатҳову таҳлилҳо меоростанд ва ҳуқуқдонони мо дар пайи иллатҳои он мебаромаданду мардумро аз умқи фоҷеъа бохабар мекарданд. Вале ингор барои хабарнигорони мо фақат ахбори дигарон хабар аст ва фақат дарди дигарон гӯё дардовар, аммо вақте навбат ба дардҳои худамон мерасад, як бора хабарнигорону таҳлилгарони мо карахту беэҳсос мегарданд.

Акс аз сомонаи Азия Плюс

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: