Перейти к содержимому

Коре ки шумо мекунед, камоли ноҷавонмардист

Зоҳиран, пеши рӯям дигар роҳе барои иртибот бо дӯстон ба ҷуз ҳамин вебнавишт боқӣ намонда. Баъд аз шикаста шудани сафҳаи пешинам дар Фейсбук дар як соли пеш, борҳо бо мудирияти ин шабака номанигорӣ доштам ва барояшон мадорики лозимро ҳам ироа кардам, аммо натиҷае надошт.

Дирӯз, пас аз шикаста шудани сафҳаи бародарам Маҳмудҷон, тасмим гирифтам, сафҳае ҷадид дар ФБ ба номи худам роҳ биандозам, вале чанд соат аз фаъол шудани он нагузашта буд, ки ин сафҳа низ аз сӯйи мудирияти шабакаи Фейбсук баста шуд ва дар номае, ки ба емайлам ирсол карданд, иллати бастани онро «суистифода аз номи дигарӣ» унвон доштанд; гӯӣ банда худам набошам.

Бадхоҳон ва бадсиголоне, ки сафҳаи қаблиамро дуздида буданд, зоҳиран шикоят ба мудирияти ФБ бурдаанд, ки ман гӯӣ касе дигар ҳастам ва дар ҳоли суистифода аз номи фарде дигар буда ва ин сафҳаро роҳ андохтаам.

Сирқат ва дуздидани сафҳа, ки худаш як иқдоми ноҷавонмардона буд, аммо бадтар ва зишттар аз он, иқдоми ахири ин «ашбоҳи риҷол» (марднамоҳо) аст, ки шикоят бурдаанд. Хуб, барои чӣ ин корро мекунед? Асосан, чаро сафаҳоти мардумро мешиканед ва медуздедашон? Аз чӣ метарсед ва аз чӣ чизе меҳаросед? Аз сухан? Аз баён? Аз ин ки фарде дар бораи сиёсатҳои ғалат ва нодурусти шумо ҳарф бизанад? Аз ин ки як фард ва як шаҳрванди ин ҷомеа бо шумо бигӯяд, бо сиёсатҳоятон мувофиқ нестам? Магар ин ҷойи тарс ва ҳарос дорад?

Агар коратон дуруст аст ва гумон мекунед, ҳарфҳо ва интиқодҳои мухолифонатон носавоб, пас бигузоред, мухолифони шумо ҳарфашонро бизананд! Инсон то замоне ки як ҷойи кораш ланг набошад, аз касе намеҳаросад ва аз интиқод наметарсад… Аммо агар дар кори ӯ ишколе бошад ва худаш ҳам онро бидонад, он ҷост, ки саъй мекунад даҳонҳоро бибандад.

Оё ин қадр нотавон ва заъиф ва бечораед, ки коратон расида ба ин ки сафаҳоти мухолифони худро бишканед ва онҳоро азони худ кунед ва аз номи онон паёми худро ба ҷомеа бирасонед?

Оё медонед, ин кор яъне чӣ? Яъне ин ки Шумо худатон медонед, ки ҳарфатон дар ҷомеа дигар харидор надорад ва паёматон бояд аз забони мухолифонатон ба ҷомеа бирасад. Вагарна, сафҳаи касеро ки шикастӣ, онро мебандӣ, то дигар садое аз вай шунида нашавад. На ин ки сафҳаи ӯро бидуздӣ ва онгоҳ аз номи вай ба ҷомеа паёми худро илқо кунӣ.

Ҳамвора аз Худо хостаам ва мехоҳам, ки агар мухолиф ва душмане дошта бошам, ин душман ва ин мухолиф ҷавонмард бошад, на номард! Коре ки шумо мекунед, камоли ноҷавонмардист.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: