Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (68)

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (28)

* * *

Макри дигар ангехтани вазир дар излоли қавм (1)

* * *

Макри дигар он вазир аз худ бибаст,

Ваъзро бигзошт, дар хилват нишаст.

Он вазири пуртазвир макру найранге дигар ба кор баст; ба ин тартиб, ки ваъзу андарз ба пайравони худро тарк кард ва хилватнишинӣ ихтиёр намуд.

Излол: гумроҳ кардан. Макр бастан: найранг ба кор бастан, ҳилагарӣ кардан.

Нукта: Хилватнишинӣ ё хилват нишастан, аз барномаҳои лозими сулук аст. Хилватнишинӣ дар назди сӯфия иборат аст аз узлат ва дурӣ аз мардум ба қасди ибодат ва риёзат. Яке аз орифон гӯяд: «Хилват сифати аҳли сафват бувад, ва узлат аз нишонаҳои васлат бувад.» (Тарҷумаи Рисолаи Қушайрия, с. 153)

Суннати хилватнишинӣ аз сунани писандидаи анбиё ва авлиёст, чунон ки ҳазрати Мӯсо (а) чиҳил шабонарӯз ба миқот рафт ва аз халоиқ дурӣ гузид. Ҳамин тавр ҳазрати Исо (а) низ адаби хилватнишиниро риоят мекард. Ҳазрати Муҳаммад (с) низ одат дошт, ки соле як моҳ дар ғори Ҳиро хилват гузинад ва ба зикру таъаббуд пардозад. Ва дар остонаи беъсат низ майли фаровоне ба хилват дошт. (Сираи Ибни Ҳишом, ҷ.1, с. 249)

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар хабаре маъруф, ба хилватнишинӣ тасреҳ фармудааст: «Ҳар ки барои Ҳақ Таъоло чиҳил бомдод холис бошад, чашмаҳои ҳикмат аз қалбаш биҷӯшад ва ба забонаш ҷорӣ гардад

Пас, ҳикмати хилватнишинӣ дар чиҳил бомдод он аст, ки дар ҳар сабоҳ ҳиҷобе аз солик бардошта шавад. Ва нишони сиҳҳати хилватнишинӣ он аст, ки пас аз итмоми ин давра ҷӯйбори ҳикмат аз дили ӯ барҷӯшад ва бар забонаш ҷорӣ гардад.

Аммо умдаи одоби хилватнишинӣ бад-ин қарор аст: «кам хӯрдан, кам хуфтан, кам гуфтан ё самти комил, иҷтиноб аз муъошират, мудовимат бар зикр, нафйи хавотир ва давоми муроқаба.» (Мисбоҳул-ҳидоя, с.160-163)

Маъмулан хилватнишинӣ ба муддати чиҳил шабонарӯз аст. «Ва дар ин муддат ба зикру фикр ва ибодат машғул мешаванд ва тарки ҳайвонӣ мекунанд.» (Мақолоти Шамс, с.184)

Дар муридон дарфиканд аз шавқ сӯз,

Буд дар хилват чиҳил панҷоҳ рӯз.

Он вазири пуртазвир дар миёни муридони худ шӯру шавқе афканд; ба ин тартиб, ки чиҳил ё панҷоҳ рӯз аз муридони худ фосила гирифт ва дар гӯшае танҳо нишаст. Ва ҳамин ба хилват рафтан, оташи иштиёқи муридонро тезтар кард.

Халқ девона шуданд аз шавқи ӯ,

Аз фироқи ҳолу қолу завқи ӯ.

Муридон аз фарти иштиёқи дидори вазир ва аз фироқи ҳолу қолу завқи ӯ, девона ва бетоб шуданд.

Шавқ: рағбат ва иштиёқ. Қол: гуфтор ва гуфтугӯ.

Нукта: Ҳол аз истилоҳоти аҳли ирфон ва тасаввуф аст. Дар таърифи он гуфтаанд: «Кайфияте руҳонӣ аст, ки бо инояти илоҳӣ ва бидуни ҷаҳду талаб, бар дили поки солик дарояд ва бо зуҳури авсофи нафсонӣ сареъан завол ёбад.» Аз ин рӯ, пайравони тариқат гуфтаанд, ки ҳол «ҳамчун барқе бувад хотиф». Яъне вижагии ҳол ин аст, ки давом наёбад ва монанди барқе биҷаҳад ва биравад. Ва агар ҳол давом ёбад ва малакаи солик гардад, ба мақом табдил мешавад, «ба ҷиҳати он ки солик дар ҳол сокин ва муқим шавад.» Низ гуфтаанд: «Ҳол вориде аст мавҳибатӣ, ки аз олами улво гоҳ ба гоҳ бар дили солик дарояд ва дар омаду шуд бошад, то он ки ӯро ба каманди ҷазабаи илоҳӣ даркашад ва аз ҷаҳони фурӯдин ба ҷаҳони барин барад.»

Ва мурод аз мақом «ҳоле аст аз аҳволи сулук, ки дар тасарруфи солик дарояд ва завол наёбад. Бинобар ин, солик дар тасарруфи ҳол аст ва мақом дар тасарруфи солик.» (Аллумаъ фит тасаввуф, с. 334-335)

Аммо завқ дар истилоҳи аҳли маърифат, «нуре ирфонӣ аст, ки Худованд онро ба таҷаллии худ бар дили дӯстдорони худ битобонад» ва онон ба кӯмаки он нур ҳаққу ботилро аз ҳам тамйиз диҳанд, бе он ки онро аз китобе ахз карда бошанд. Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ гӯяд: «Завқ аз ваҷд пойдортар ва аз барқ ошкортар аст.» (Шарҳу манозилис соирин, с. 192)

Лобаву зорӣ ҳамекарданду ӯ

Аз риёзат гашта дар хилват дутӯ.

Муридон гиряву зорӣ сар медоданд ва он вазир аз шиддати риёзат камараш хамида шуда буд. (Албатта риёзати ӯ риндона ва маккорона буд.)

Дутӯ шудан: хамида шудан.

Гуфта эшон: нест моро бе ту нур,

Бе асокаш чун бувад аҳволи кӯр?

Муридон ба он вазири ҳилагар мегуфтанд: бидуни ту мо аз нури маърифат маҳрумем. Масалан, агар нобиное асокаш ва роҳнамо надошта бошад, чӣ ҳоле пайдо мекунад? (Мо низ ҳамон ҳолро дорем ва бидуни ту корамон зор аст.)

Аз сари икрому аз баҳри Худо,

Беш аз ин моро мадор аз худ ҷудо.

Бузургворӣ кун ва маҳзи ризои Худо беш аз ин моро аз худ ҷудо макун.

Мо чу тифлонему моро доя ту,

Бар сари мо густарон он соя ту.

Мо ҳамчун кӯдаконем ва ту барои мо ҳамчун дояӣ. Пас, сояи лутфи худро бар сари мо бигустарон.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.