Перейти к содержимому

Вокуниши Кабирӣ ва писараш ба иттиҳомҳои ахири мақомот алайҳи онҳо

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва писараш Руҳуллоҳ Кабирӣ, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори пойгоҳи хабарии Tajinfo, иттиҳомҳои ахири мақомот алайҳи онҳоро қотеъона рад карданд. Муҳиддин Кабирӣ дар ин гуфтугӯ, бо ташбеҳ кардани рафтори мақомот ба рафтори Заҳҳоки ситамгар, гуфт: «Заҳҳок ва морҳои ӯро, ки медонед, ки намоди хашм ва ҳирсу ози ӯ буданд. Мардум худаш ҳар аз гоҳе яке аз ҷавонони худро ба унвони қурбонӣ пеши ӯ меоварданд, то Заҳҳок эҳсоси қудрат кунад ва ҳамзамон морҳояшро ором нигаҳ дорад. Маҷбур кардани инсон бар мавзеъ гирифтан алайҳи бародари худаш ё яке аз наздикон ва бастагонаш ё ҳатто падараш, ва ба иборати дигар, водор кардани ӯ ба ин ки наздиктарин афроди худро ба унвони қурбонӣ пешкаш кунад, авҷи истибдод ва зулм ва ситам аст. Ва мо ҳама медонем, ки мустабиддон ҳаргиз мутаъаллиқ ба миллати худ набуданд, то ба фикри вазъияти онҳо ва ё эътибор ва обрӯи миллаташон бошанд

Инак, машрӯҳи мусоҳибаи хабарнигори пойгоҳи хабарии Tajinfo бо Муҳиддин Кабирӣ:

— Дуруд ҷаноби Кабирӣ! Рухдодҳои имрӯзи Тоҷикистонро ба роҳатӣ метавон ба ҳодисаҳои дилхароши Шӯравии собиқ дар солҳои 1937 ташбеҳ кард, замоне ки тамоми бастагони як инсон — ки бар асоси моддаи 58-ум муттаҳам аст — зери шиканҷаи НКВД қарор мегирифтанд. Лутфан, бифармоед, мақомот бо часпондани иттиҳоми «теруризм» бар бастагони шумо, ба дунболи чӣ ҳастанд? Ҳамаро, ки намешавад боздошт кард ва зиндонӣ намуд?

— Рӯз ба хайр. Ҳадаф аз ҳар гуна саркӯб, тарсондани мардум ва эҷоди ҳар чӣ бештари эҳсоси тарсу ваҳшат дар ҷомеа аст. Мақомот маҳз ба дунболи ҳамин чиз ҳастанд. Дар солҳои 1937, давлати вақт бастагон ва наздикони «муттаҳаме»-ро танҳо ба манотиқи дигар табъид мекарданд ва пас аз муддате, онон ба хонаҳои худ бозмегаштанд ва ё маҳалли иқомати худро тағйир медоданд. Аммо ҳоло вазъ бадтар аз он аст. Зеро на танҳо ҳамаи молу амволи шуморо мусодира мекунанд ва бастагонатонро боздошт, балки наздикони шуморо маҷбур мекунанд, то алайҳи шумо мавзеъ бигиранд… Одам барои зинда мондан, ҳозир аст ҳар кореро бикунад. Бинобар ин, номи ин кор фақат як саркӯб нест, балки теруризм аст. Теруризм яъне талош барои эҷоди руъбу ваҳшат дар ҷомеа ба манзури таслими он. Ва ин муҳим нест, ки оё терур аз сӯйи як гурӯҳи бахусусе сурат мегирад ё аз сӯйи як давлат. Мунтаҳо, мо одат кардаем, вожаи терурро фақат дар робита бо гурӯҳҳо ба кор бибарем, вале дар робита бо як давлат, вожаи саркӯбро ба кор мегирем, дар ҳоле ки ин ду дар моҳият бо ҳам ҳеч фарқе надоранд.

— Ба назари шумо, чаро мақомот ошкоро ба нақзи ҳамаи қавонин рӯй овардаанд? Зеро пурвозеҳ аст, ки тамоми ин иттиҳомҳо бо нахҳои сафед бофта шуда ва рангу бӯйи сиёсӣ доранд? Чаро мақомот аз вокуниш ва аксуламали ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари ин иқдомҳои зидди демукротик намеҳаросанд?

— Ҳукумати мо дигар аз ҳеч чиз намеҳаросад; на аз рафтани обрӯ ва эътибори кишвар ва миллат ва на аз вокунишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ. Ҳукумат фақат аз як чиз метарсад, ва он: аз даст додани худи ҳукумат аст. Асосан, эҳсоси аз даст додани эътимоди миллӣ, бӯҳронҳои амиқи сохторӣ, чӣ дар ноҳияи иқтисод ва чӣ дар ноҳияи сиёсат ва ба илова, набудани як чашмандози рӯшан аз оянда аст, ки дар инҳо ин ҳама хашму ғазаб ва тарсу ҳаросро ба вуҷуд оварда. Ин тарсу ҳарос ва эҳсоси заъф ва нотавонӣ рӯз аз рӯз афзоиш хоҳад ёфт ва бинобар ин, барои ҷуброни ин ҳолати равонӣ, ҳар аз гоҳе бояд касеро ба унвони қурбонӣ пешкаш кунанд. Заҳҳок ва морҳои ӯро, ки медонед, ки намоди хашм ва ҳирсу ози ӯ буданд. Мардум худаш ҳар аз гоҳе яке аз ҷавонони худро ба унвони қурбонӣ пеши ӯ меоварданд, то Заҳҳок эҳсоси қудрат кунад ва ҳамзамон морҳояшро ором нигаҳ дорад. Маҷбур кардани инсон бар мавзеъ гирифтан алайҳи бародари худаш ё яке аз наздикон ва бастагонаш ё ҳатто падараш, ва ба иборати дигар, водор кардани ӯ ба ин ки наздиктарин афроди худро ба унвони қурбонӣ пешкаш кунад, ин авҷи истибдод ва зулм ва ситам аст. Ва мо ҳама медонем, ки мустабиддон ҳаргиз мутаъаллиқ ба миллати худ набуданд, то ба фикри вазъияти онҳо ва ё эътибор ва обрӯи миллаташон бошанд.

Мутаассифона, имрӯз Тоҷикистон ба унвони як кишвари зебои кӯҳистонӣ, вале бо як давлати фосид ва ваҳшӣ ва мардуме дар ҳолати тарсу ҳарос шинохта мешавад. Наслҳои оянда бояд бисёр талош кунанд, то ин нангро аз пешонии миллат бардоранд ва вазъро тайғир бидиҳанд.

Ва аммо дар робита бо вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ, арз кунам, ки ҳанӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тафсил аз он чӣ дар Тоҷикистон мегузарад огоҳ нест. Ба хусус ин ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли кунунӣ даргири масоили муҳимтаре аст мисли масъалаи муҳоҷират, ё масъалаи Сурия ё Укройн. Мо билохира бояд ба ин дарк бирасем, ки мушкилотамонро бояд худамон ҳал кунем.

* * *

Мусоҳибаи хабарнигори пойгоҳи хабарии Tajinfo бо Руҳуллоҳ, писари Кабирӣ:

FB41D275-96B7-4327-8797-040773DE599E_cx0_cy23_cw0_mw1024_s_n_r1— Салом ҷаноби Руҳуллоҳ! Вокуниши шумо нисбат ба ин ки мақомоти Тоҷкистон падари шумо ва фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ-ро дар ҳодисаи мусаллаҳонаи моҳи сентябри 2015, ки ба раҳбарии генерал Назарзода рух дод, муттаҳам мекунанд чист?

— Салом. Барои ҳамагон рӯшан аст, ки тамоми ин ҳодисаҳо тарроҳишуда буданд. Ҳадафи аслӣ аз ин саҳнасозиҳо, бадном ва сиёҳ кардани чеҳраи ҲНИТ ва падари ман буд, то баҳонае пайдо шавад барои мақомот, ки аз як рақиби ҷиддӣ ва асосии худ аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон халос шаванд. Аммо ман мутмаин ҳастам, ки мақомоти тоҷик ба ин ҳадафи худ ноил нахоҳанд шуд. Зеро ҳақиқат ҳамеша пойбарҷост, ба ҳар ранге ки онро ба намойиш бигузоранд ва таҳрифаш кунанд ва ба унвони як дурӯғ нишон диҳанд.

— Назари шумо роҷеъ ба ин ки бастагонатон алайҳи шумо мавзеъ гирифтанд чист?

— Аввалан, ин иттиҳом як дурӯғи ошкор аст аз сӯйи мақомот. Пурвозеҳ аст, ки ман тавони додани ҳеч маблағе ба дасти Назарзодаро надоштам. Зеро аввалан, ман ин миқдор маблағро ҳаргиз дар ҳаётам надидаам. Сониян, барои ҳамагон маълум аст, ки дар ширкати мо чунин маблағе вуҷуд надошт, ба хусус дар солҳои ахир, ки ба «лутфи» фишорҳои ҳукумат дар шакли ҷаримаҳои калон ва таъқибҳо, ширкат бе даромад монда буд. Аммо дар робита бо бастагон, арз кунам, ки ман аз онҳо нороҳат нестам ва ҳеч кинае ҳам аз онон дар дил намегирам, зеро медонам, дар чӣ вазъияте ҳастанд. Пурвозеҳ аст, ки шаҳодате, ки алайҳи ман додаанд, зери фишор ва шиканҷа будааст.

— Шумо шахсан Абдуҳалим Назарзодаро мешиносед?

— Ман бо хонаводаи генерал аз наздик ошно ҳастам, мо меҳмони якдигар мешудем, бо ҳам рафоқат доштем. Писари ӯ Бахтиёр дӯсти наздики ман буд ва умедворам, ки аз ҳамаи ин имтиҳонҳо сарбаландона хоҳад гузашт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: