Сиёсат

ҲНИТ: «Муборизаи худро идома хоҳем дод»

Шӯрои иҷроияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз (28.10.2015), бо интишори баёнияе, бо маҳкум кардани иқдомҳои ахири мақомот алайҳи ин ҳизб ва раҳбарияти он, таъкид кардааст, ки ин шӯро «фаъолияти худро дар самтҳои гуногун оғоз намуда ва дар оянда онҳоро васеътар хоҳад кард.» Шӯрои иҷроияи ҲНИТ хотирнишон кардааст, ки «ҳизб тибқи меъёрҳои байналмиллалӣ ва қонунҳои кившарҳое, ки аъзо ва ҷонибдорон он ҷо қарор доранд, муборизаи сиёсӣ ва мусолиматомези худро идома хоҳад дод.»

Ба гузориши сойти Payom, дар ин баёния омадааст: «Шӯрои иҷроияи ҲНИТ иддаъои навбатии Ҳукумати ҶТ-ро дар бораи рабт доштани ҳизб ва роҳбарияти он дар ҳодисаи 4-уми сентябри 2015 бори дигар рад намуда, онро талоши дигаре барои асоснок кардани манъи фаъолияти ҳизб ва ҳабси роҳбарияту фаъъолони он медонад.»

Баёния меафзояд: «Ахиран расонаҳои ҳукуматӣ наворҳои сохтаеро бо баёноти наздикон ва ҳамкорони хонаводаи Раиси ҲНИТ намоиш доданд, ки гӯё писари Раиси ҳизб ба генерал Назарзода маблағи 1.2 миллион долларро қабл аз ин ҳодисаҳо дода бошад. Ва ҳамчунин эътирофоти ронанда ва кормандони корхонаҳои мутаъаллиқ ба хонаводаи Раиси ҲНИТ намоиш дода шуд, ки ин иддаъоро »тасдиқ» мекарданд.»

Шӯрои иҷроияи ҲНИТ бо такзиби ин саҳнасозиҳо изҳор доштааст: «Бояд гуфт, ки қаблан аз тарафи хонаводаи ин афрод маьлумот расида буд, ки рӯзи 21-уми октябр онҳоро ҳабс кардаанд ва мавриди шиканҷаву азоби сахт қарор доранд ва чанде аз онҳоро ба бемористон интиқол додаанд.»

Дар идомаи баёния омадааст: «Ҳадаф аз шиканҷа ва азоби ин афрод, гирифтани баёноти қалбакӣ алайҳи роҳбарияти ҳизб дар бораи рабт доштан бо ҳодисаи 4-уми сентябр будааст, ки тариқи расонаҳои расмӣ онро пахш намуданд.»

Шӯрои иҷроияи ҲНИТ бо маҳкум кардани ингуна амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонии мақомоти Точиҷикистон, аз онҳо тақозо кардааст, ки «аз ҳабсу шиканҷаи аъзои ҲНИТ ва наздикони роҳбарияти он даст бардорад ва онҳоро озод намояд.»

Ин шӯро «омода ва пахш намудани барномаҳои сохтакорона, азобу шиканҷаи бештари аъзои ҳабсшуда ва хешовандони роҳбарияти ҳизб ва ҳамчунин ташкили »гирдиҳамоии» маҷбурии иддае аз ҷавонон»-ро вокуниши мақомот ба қарорҳои Шӯрои сиёсии ҳизб ва оғози фаъолияти ҳизб дар ҳиҷрат дониста, афзудааст: «Пас аз ҷаласаи авваалини Шӯрои сиёсӣ ва қабули қарорхои лозима, Шӯрои иҷроияи ҲНИТ фаъолияти худро дар самтҳои гуногун оғоз намуд ва дар оянда онҳоро васеътар хоҳад кард. Бо қать кардани фаъолият дар дохили кишвар, Шӯрои сиёсӣ қаблан изҳор карда буд, ки ҳизб тибқи меъёрҳои байналмиллалӣ ва қонунҳои кившарҳое, ки аъзо ва ҷонибдорон он ҷо қарор доранд, муборизаи сиёсӣ ва мусолиматомези худро идома хоҳад дод.»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.