Худшиносӣ

Худшиносӣ (1)

Дӯстон хоҳиш карданд, дар бораи худшиносӣ баҳс бикунам, аммо на ба забоне печида ва бо ибораҳои илмӣ, балки ба гунае ин масъала баён бишавад, ки ҳама бифаҳманд, чӣ таҳсилкардаҳо ва чӣ он касоне ки таҳсилоти боло надидаанд.

Саъй мекунам, ба андозаи дониши андакам, дар бораи ин мавзӯъ дар чанд мақола бинависам ва кӯшиш мекунам ба қадри имкон, аз ба кор бурдани истилоҳоти илмӣ ва печида парҳез кунам.

Дар ибтидо, барои он ки масъала рӯшан шавад, чанд суол матраҳ мекунам, то бидонем, дар бораи чӣ чизе сӯҳбат мекунем ва бидонем, ки мо дар садади посухёбӣ ба кадом пурсишҳо ҳастем:

  1. Огоҳӣ чист?
  2. «Худ» чист, ки мехоҳем ӯро бишносем ва аз он огоҳ шавем? Оё чизе шабеҳ ба шиноснома ва паспорт аст, ки дар он ном ва фомили мо ва торихи таваллудамон ва ғайра аз мушаххасот сабт шудааст? Оё торихи миллате аст, ки «худ» мутааллиқ ба он аст? Оё фарҳанги он миллат аст? «Худ» оё ҳамин ҷасад ва колбад аст, ки хештанро дар он меёбем? Ё чизе дигар аст, ки ин колбад ва ин ҷасад фақат ба манзилаи маркаби он мебошад?
  3. Ва агар «худ» чизе дигар ва фаротар аз ин колбад бошад, пас вижагиҳои он «худ» кадом аст?
  4. Милоки имтиёзи «худ»-и инсон аз «худ»-и соири ҳайвонҳо – ки дар мавҷуд будан, дар ҷунбанда будан, дар хӯрдану хобидану он кори дигар кардан, бо он ҳайвонҳо муштарак аст ва фарқе бо онҳо надорад – кадом аст, ки ба он аз соири ҳайвонот ҷудо мешавад?
  5. Камол ва саодати «худ»-и фард кадом аст?
  6. Ва асосан, худшиносӣ ва худогоҳӣ барои чист? Оё худшиносӣ худаш як ҳадаф аст, ё на, худшиносӣ як ҳадафи миёна ва мутавассит аст барои як ҳадафи дигар ва болотар? Ва агар барои ҳадафи болотар бошад, он ҳадаф кадом аст?
  7. Оё як миллат ҳам «худ» дорад? «Худе» ҷудо аз «худ»-и як фард? Агар ҳаст, пас кадом аст ва чист?
  8. Камоли «худ»-и як миллат ва ҷомеа дар чист? Ба сухани дигар, ҷомеаи комил кадом аст?
  9. Забон чист ва нақши забон дар фароянди худшиносӣ ва худогоҳӣ кадом аст?
  10. Миллатдӯстӣ оё ҳамон нажодпарастӣ аст? Агар нест, пас чист?

… ва чанд суоли дигар, ки ин силсиламақолот дар садади посух ба ин пурсишҳост.

Инак, шурӯъ мекунем бо баҳс дар бораи огоҳӣ ва шинохт.

Идома дорад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Рубрики:Худшиносӣ

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.