Перейти к содержимому

Сукути бемаъно

Созмонҳои мустақилли дифоъ аз ҳуқуқи башар — ки дар ҳар кишваре тавассути фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ҳамон кишвар таъсис мешавад — қоъидатан бояд замоне садояшон баландтар ва фаъолияташон бештар ва корашон малмустар бошад, ки шаҳрвандони он кишвар ба хусус мухолифони сиёсӣ, дар маърази фишорҳо, таъқибҳо, боздоштҳо ва озору азиятҳо аз сӯйи низоми ҳоким қарор бигиранд; на он замон, ки ҳеч хатаре шаҳрвандони ҷомеаро таҳдид намекунад.

Ду моҳу анде мешавад, ки дар Тоҷикистон шумори фаровоне аз мухолифони сиёсӣ ва низ теъдоде аз вакилони мудофеъ ва фаъолони иҷтимоӣ ба далели дидгоҳҳо ва мавзеъгириҳои сиёсии худ, мавриди шадидтарин фишорҳо ва озору азиятҳо қарор доранд, вале ҳеч вокуниш ва аксуламал аз сӯйи созмонҳои мустақилли дифоъ аз ҳуқуқи башар дар дохили Тоҷикистон мушоҳида намешавад.

Шояд бигӯянд, шароит дар дохили кишвар бисёр сангин аст ва дар сурати садо баланд кардани фаъолони ҳуқуқи башарӣ, баъид нест худи онон низ таҳти фишор ва таъқиб қарор бигиранд.

Бале, ин эҳтимол ҳаст. Аммо дар ин сурат агар онҳо низ сукут ихтиёр кунанд, пас асосан фалсафаи вуҷуди созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар ва роҳандозии он дар чист? Агар шароит хуб мебуд, ки дар ин сурат, аслан ниёзе ба инчунин созмоне вуҷуд надошт!

Дар баробари фишорҳое, ки ба боздоштшудаҳои ҲНИТ ва низ вукалои мудофеъ дар боздоштгоҳҳо мешавад, чаро ҳама кулӯх бар лаб ниҳодаанд?

Ҳол, агар бипазирем, ки шароит барои фаъолон дар дохили кишвар сахт ва душвор аст (ки чунин ҳам ҳаст), дар ин сурат, оё рӯзноманигорон, нухбаҳо ва фаъолоне, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳастанд, дар баробари ин фоҷеа ҳеч масъулияте надоранд?

Имрӯз, ба ҷуз теъдоде аз ҷавонони тоҷик дар Урупо ва Русия (аъзои Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон), дигар ҳама (манзурам рӯзноманигорон ва фаъолони тоҷики хориҷнишин) дар як сукут ва хомӯшии бемаъное фурӯ рафтаанд ва ингор на ингор ҲНИТ-е буд, Зарафо Раҳмоние буд, Бузургмеҳр Ёрове буд, Нуриддин Маҳкамове буд, Зайде буд, Шӯҳрате буд, Кабирие буд… Кабирие, ки пештар, аз ӯ таърифу тамҷидҳои беҷо мекарданд ва ҳар аз гоҳе бо ӯ мусоҳиба меоростанд…

Чӣ шуд ҳоло?

Оё дар сиёсати пешгирифтаи режими ҳоким мабнӣ бар маҳву ҳазфи номи ҲНИТ аз ҷомеа, шарик ва ҳамсадо шудаед ва бо он мувофиқед?

Азизон! Ҳамон тавре ки дар қазияи Умаралии панҷмоҳа, ин кӯдаки маъсум, сару садо роҳ андохтед (ва комилан дуруст ҳам буд) ва ба ин кор нишон додед, ки дилатон ба кишвар ва ҷомеа месӯхтааст, агар дар ин иддаъо ростгӯ бошед, пас ку садои шумо дар баробари бонуи зиндонӣ Зарафо Раҳмонӣ?!

Оё ин бону мустаҳиққи ин ҳама фишорҳо ва озору азиятҳост?!

Оё ин бону шаҳрванди Тоҷикистон ва як модари тоҷик нест?!

Хитоби ман беш аз ин ки мутаваҷҷеҳи азизоне, ки дар дохил ҳастанд (ки шароиташонро дарк мекунам), ба азизоне аст, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳастанд, то гуфта нашавад, ту дорӣ аз пушти компютер менависӣ!

Чаро то ин соат як созмоне барои дифоъ аз боздоштшудаҳоямон таъсис нашуда; созмоне муташаккил аз чанд рӯзномангор ва фаъоли тоҷик дар хориҷ аз Тоҷикистон ба хусус дар Урупо, ки садо баланд бикунад?!

Муддате пеш банда пешниҳод кардам (фақат пешниҳод), ки як анҷумани рӯшанфикрон, ки ҷузъе аз рисолаташ, ҳамин кор бошад, ҳарчи зудтар роҳандозӣ кунем, аммо ҷавобе шунида нашуд, ба истиснои шуморе андак аз рӯшанфикрони азизамон.

Оё мо – ҳамаи мо – ҳеч масъулияте дар баробари ин фоҷеаҳо надорем?!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: