Сиёсат

Тазоҳуроти тоҷикон дар Австрия дар эътироз ба сиёсатҳои режими Раҳмон

12282909_145413502485920_1047326805_n

Теъдоде аз фаъолони тоҷик ва хонаводаҳои онҳо, имрӯз (24.11.2015) дар назди сохтмони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲА) дар шаҳри Венаи Австрия, дар эътироз ба сиёсатҳои саркӯбгаронаи режими Эмомалӣ Раҳмон, фишор ва таъқиби дигарандешон, боздошт ва зиндонӣ шудани мухолифони сиёсӣ дар Тоҷикистон тазоҳурот баргузор карданд.

Дар ин тазоҳурот, ки ширкаткунандагон плокордҳое бо тасовири зиндониҳои сиёсӣ ва низ шиорҳое дар даст доштанд, ҳамчунин миёни шаҳрвандони австрияӣ ҷузва (буклет)-ҳоеро пахш карданд, ки дар онҳо, сиёсатҳои золимона ва ситамгаронаи низоми ҳоким дар Душанбе дар баробари дигарандешон ва низ фишору таъқибҳои мухолифони сиёсӣ ташреҳ шудааст.

Дар яке аз ҷузваҳои пахшшуда омадааст:

«Қаҳрамонҳои мо дар гӯр мебошанд…

Беҳтаринҳои мо дар зинлон мебошанд

Ҷавонони мо дар ғуломӣ мебошанд…

Ва хоинони дар қасрҳо мебошанд

Гуфтанист, имрӯз (24.11.2015) тазоҳуроти мушобеҳе дар назди консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Туркия низ баргузор шуд.

Қарор аст, дар Олмон низ гирдиҳамои мушобеҳе ҳамин имрӯз баргузор шавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.