Сиёсат

Баёнияи муштараки ширкаткунандагони тазоҳурот дар Туркия, Австрия ва Олмон

Untitled-2

Ширкаткунандагон дар ҳар як аз тазоҳуроти эътирозӣ дар Туркия, Австрия ва Олмон, баёнияи муштараке содир карданд, ки ба шарҳи зайл аст:

Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз сиёсатҳои саркубгароёна ва ваҳшиёнаи ҳукумат алайҳи дигарандешон, маҳдудияти шадиди озодӣ, шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ ва боздоштҳои беравия афзун бар фазои даҳшатноки иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ монанди бебарқӣ, бекорӣ, андозситонии золимона ибрози нигаронӣ намуда, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ва доираҳои хурди манфиатҷуй дар дохили ҳукуматро сабабгори аслии ин бӯҳрон медонем.

Тоҷикистон баъди расидан ба сулҳ ва ризояти миллӣ яке аз кишварҳои нисбатан озод ва демократӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд, аммо мутаассифона имрӯз ба яке аз бадтарин кишварҳои худкома ва саркубгар на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон мубаддал гаштааст.

Дар чанд моҳи ахир, даҳҳо фаъоли сиёсӣ ва чеҳраҳои мухолиф равонаи зиндон шудаанд ва ҳар рӯз бо шиканҷа ва зарбу шатм ва таҳқир рӯбарӯ ҳастанд. Садҳо, балки ҳазорҳо дигарандеши дигар аз дасти фишору таъқиби мақомот тарки Ватан карданд. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки мардуми бечораи тоҷик бидуни ин ҳам аз маҳдудияти шадиди барқ, бекорӣ, маоши ночиз ва андозситониҳои беравия дар ранҷу азоб аст.

Дар ин бӯҳроне, ки ба сари миллат омадааст, доираҳои хурди манфиатҷуй ва зидди-миллӣ, гунаҳкор ҳастанд, ки мутаассифона таъйини сиёсатҳои ҳукумат ба дасти онҳо афтодааст ва фазои озод ва сулҳу истиқрор ба манфиаташон нест ва ҳамеша барои бақои сарвату ҷоҳашон ба сари миллат буҳрон месозанд. Ин гуруҳи хурд дар дохили ҳукумат барои расидан ба аҳдофи палидашон аз ҳеч чиз руй намегардонанд, туҳмату таҳқир мекунанд, ба зиндон мефиристанд ва ҳатто ба номус ҳам мерасанду даст ба куштор мезананд. Барои ин гуруҳи хурди ҷоҳталаб на дин арзиш дораду на ахлоқ, на ба арзишҳои ҷавонмардӣ қоил асту на ба ҳиссиёти инсонӣ. Ҳеч чиз, ба ғайр аз манофеъи як гурӯҳ ва як оила.

Дар пайи иқдомҳои ин доираҳои манфиатҷуй, ҳамаи миллати тоҷик аз мардуми оддӣ ва заҳматкаш шуруъ шуда то кормандони ҳукуматие, ки дар вуҷудашон ҳисси миллӣ аст ва ҳамчунон дигарандешону журналистони мустақил аз ин ҳолати буҳронӣ ва авоқиби он ба шиддат ранҷ мебаранд.

Доираҳои мазкур дар дохили ҳукумат аз вазъияти ноороми минтақа ва ҷаҳон сӯистифода намуда, бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ва экстремизм, садҳо фаъоли сиёсӣ, мунтақидони сиёсати истибдодӣ ва низ пайравони исломи муътадилро мавриди таъқиб, ҳабс, шиканҷа ва зӯроварию фишори равонӣ қарор додааст, ки бар асари он ҳазорҳо ҷавони тоҷик ба доми гурӯҳҳои радикал ва ифротӣ афтодааст ва ин доираҳо дар умум вазъияти кишварро буҳронитар ва осебпазиртар кардаанд.

Мо шаҳрвандони Тоҷикистон зимни баргузории ин ҷамъомад ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, талаб менамоем:

1. Ҳарчӣ зудтар тамоми зиндониёни сиёсиро аз маҳбасҳо озод намуда, ба ҳама гуна анвоъи хушунат ва шиканҷа алайҳи шаҳрвандони худ хотима диҳад;

2. Ба фишору саркӯб ва таъқиби дигарандешони сиёсӣ хотима бахшида, ба ҷои он мардуми азияткашидаро бо барқ, ҷои кор, дастрасӣ ба маълумот ва маоши муносиб таъмин кунад;

3. Аз ҳама гуна маҳдудсозии ҳуқуқи динӣ, фитрӣ ва озодии баён даст кашида, мардумро дар масъалаи ибодат, ихтиёри сару либос ва шеваи зиндагӣ озод гузорад.

Инчунин ба унвони узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз Созмони милали муттаҳид ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар дархост менамоем:

1. Дар баробари муҳдудсозиҳо ва саркӯби дигарандешони сиёсӣ дар Тоҷикистон хомӯш нанишинанд, зеро хомӯшии онҳо сабаби поймолшавии рузафзуни ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони ин кишвар гардидааст;

2. Барои озодии зиндониёни сиёсӣ, ки ҳамвора мавриди шиканҷа қарор мегиранд ва дифоъ аз ҳуқуқи онҳо, иқдомҳои лозимаро иттихоз намоянд;

3. Ҳукумати Тоҷикистонро водор намоянд, то ба тааҳҳудоташ дар баробари ҳифзи ҳуқуқи инсон ва арзишҳои демократӣ пойбанд боқй монда, аз ҳама анвоъи маҳдудсозии озодиҳо ва сиёсати саркубгароёнаи худ ва аз баргардондани вазъияти кишвар ба авзоъи солҳои 1937 даст бикашад.

Иштироккунандагони пикет дар Туркия, Австрия ва Олмон

24.11.2015

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.