Ислом

Ҳукми шароб дар Ислом

Агарчӣ ҳукми хамр (шароб) дар ислом барои мусалмонон маълум аст, аммо чун шубҳаҳое аз тарафи иддае ноогоҳ ба масоили шаръӣ, дар бораи ҳукми он пароканда мешавад, лозим дидам ба ин шубҳаҳо посух бинависам. Шубҳаҳое аз ин қабил, ки:

1. Оё дар Қуръони Карим ҳукми хамр ба ин сурат, ки «хамр ҳаром аст» баён шуда?

2. Агар хамр ҳаром аст, пас чаро дар ояте аз Қуръон дар бораи он гуфта шудааст: «Дар он судҳое барои мардум ҳаст»? Ва ё дар ояте дигар гуфта шуда: «Ба намоз наздик машавед дар ҳоле ки маст ҳастед…»? Оё фақат дар ҳангоми намоз нӯшидани он ҷоиз нест, вале дар ғайри он ҷоиз аст?

3. Барои чӣ дар ояте аз Қуръони Карим — он ҷо, ки биҳишт тавсиф мешавад — омада: «…ва рӯдҳое аз хамр, ки барои нӯшандагон лаззатбахш аст»? Агар хамр бад аст, пас дар биҳишт чӣ кор мекунад?

Инак, ба посухи так-таки ин пурсишҳо мепардозем. Ин мақола қадре тӯлонитар аст, аз азизон хоҳиш мешавад, каме ҳавсала ба харҷ диҳанд ва бихонанд.

* * *

Посухи шубҳаи аввал: оё дар бораи хамр дар Қуръон гуфта шуда, ки «хамр ҳаром аст»?

Истилоҳҳое чун: «ҳаром аст», «ҳалол аст», «фарз аст», «воҷиб аст», «ботил аст», «ҷоиз аст» ва ё «ҷоиз нест» ва ғайра, ки баёнкунандаи ҳукми шаръии мавзӯи муайяне мебошанд, чунин нест, ки дар Қуръон ва ё суннат айнан ба ҳамин лафзҳо ворид шуда бошанд, балки аҳкоми шаръӣ (бо ин лафзҳо) тавассути муҷтаҳидҳо аз Қуръон ва суннат истинбот ва баён шудаанд.

Ба сухани дигар, гоҳе дар Қуръон ва суннат ҳукми як мавзӯъ бо лафзе дигар адо мешавад — ки албатта маънои ҳамон ҳаром будан ва ё воҷиб буданро дорад — аммо муҷтаҳидҳо онро ба лафзи «ҳаром аст» ва ё «воҷиб аст» баён кардаанд.

Ба унвони мисол, дар Қуръон агар ба анҷоми як кор дастур шуда бошад, муҷтаҳидҳо онро дар китобҳои фиқҳӣ ба сурати «Ин кор фарз аст (ва ё воҷиб аст)» баён кардаанд, мисли ин ки дар Қуръон омада: «Намозро барпо бидоред…» (яъне ба барпоии намоз дастур шуда), аммо дар китобҳои фиқҳӣ ин матлаб чунин омадааст: «Барпоии намоз фарз аст«.

Ва ҳамчунин, агар дар Қуръон ва суннат аз анҷоми як кор манъ шуда бошад, муҷтаҳидҳо дар китобҳои фиқҳии худ онро ба сурати «Ин кор ҳаром аст» баён намудаанд, мисли он ҷо, ки дар Қуръон гуфта шуда: «Шароб ва қимор ва бутҳо ва азлом (ки навъе бахтозмоӣ буда) палид ва аз амали шайтон мебошанд. Пас, аз он бипарҳезед…» (Сураи Моида, ояти 90) ва муҷтаҳидҳо ин матлабро дар китобҳои фиқҳӣ ба ин сурат баён фармудаанд: «Шароб ҳаром аст«, «Қимор ҳаром аст» ва ғайра…

Бинобар ин, касе ки иддаъо мекунад, ҳаром будани шароб дар Қуръон ба сароҳат баён нашуда, ӯ ё воқеан нодон ва ҷоҳил аст ва ё тазоҳур ба надонистан мекунад; зеро лафзе сареҳтар ва ошкортар аз ин лафз, ки мегӯяд: «Пас, аз он бипарҳезед» дар мавриди шароб ёфт намешавад. Аммо ин ки ба сурати «ҳаром аст» баён нашуда, ин ҳарф навъе бозӣ бо лафз аст. Магар ҳаром будан яъне чӣ? Оё ғайр аз ин ки «ба он наздикӣ накун» ва ё «аз он бипарҳез»?

Ин нуктаро ҳам арз кунам: ин ки аҳкоми шаръиро аз Қуръон ва суннат бояд муҷтаҳидҳо истинбот кунанд ва на ҳар касе дигар, ин ба дастури худи Қуръони Карим аст, на ин ки як чизи мандароварданӣ бошад. Истиноботи аҳкоми шаръӣ кори саҳл ва осоне нест. Қуръони Карим мефармояд:

وما كان المؤمنون لينفروا كافة فلولا نفر من كل فرقة منهم طائفة ليتفقهوا في الدين ولينذروا قومهم إذا رجعوا إليهم لعلهم يحذرون

«Ва ҳамаи мӯъминонро нашояд, ки берун раванд, пас чаро аз миёни ҳар гурӯҳе аз онҳо, ҷамъе берун нараванд, то дар дин фақеҳ бишаванд ва мардуми хешро чун ба сӯйи эшон бозгарданд ҳушдор ва бим диҳанд, шояд ки битарсанд ва бипарҳезанд.» (Сураи Тавба, ояти 122)

Дар ин оят ба сароҳат дастур медиҳад, ки бояд аз миёни ҳар қавме ҷамъе камар барои фарогирии улуми динӣ бибанданд ва дар дин фақеҳ шаванд ва ба мардум дини онҳоро биомӯзанд. Дар дин фақеҳ шудан, яъне ин ки фаҳми амиқ ва дақиқ нисбат ба маорифи динӣ пайдо кардан. Ва чунин ҳам нест, ки ҳар касе ки метавонад Қуръон бихонад, ӯ қодир ба истинботи аҳкоми шаръӣ бошад, ҳатто агар забони арабӣ ҳам бидонад. Чунин нест. Фақеҳ ва муҷтаҳид шудан кори бисёр сахт аст; сахттар аз он ки тасаввураш меравад. Аз ин рӯст, ки мо дар ҳар сад солаҳо як муҷтаҳид ва фақеҳи воқеӣ пайдо мекунем; зеро муҷтаҳид шудан бисёр душвор аст. Одам агар дорои нубуғ бошад, метавонад Эйнштейн шавад, вале муҷтаҳид шудан ба ин осонӣ нест ҳатто агар нубуғ ҳам дошта бошӣ.

Посухи шубҳаи дуввум:

Шубҳаи дигар ин буд, ки агар хамр ҳаром аст, пас чаро дар ояте аз Қуръон дар бораи он гуфта шудааст: «Дар он судҳое барои мардум ҳаст»? Ва ё дар ояте дигар гуфта шуда: «Ба намоз наздик машавед дар ҳоле ки маст ҳастед…»? Оё фақат дар ҳангоми намоз нӯшидани он ҷоиз нест, вале дар ғайри он ҷоиз аст?

Барои посухёбӣ ба ин шубҳа, ба нукоти зайл таваҷҷӯҳ бифармоед:

1. Нӯшидани шароб дар ҳамаи динҳои осмонӣ ҳаром буда ва агар дар масеҳият ин амал роиҷ ва ҷоиз аст, дар асари инҳироф аз таъолими осмонии Инҷил ва ҳазрати Исо (а) мебошад. Дар ривоят аст, ки:

ما بعث الله نبيا الا بتحريم الخمر

«Худованд ҳеч паёмбареро нафиристода, магар ба ҳаром шумурдани хамр«.

Дар ислом низ нӯшидани шароб аз аввал ҳаром буда, вале заминаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои баёни ҳукми қатъии он фароҳам набуда ва ба ҳамин хотир як бора барои аъроби ҷоҳилӣ нозил нашуда, балки ба тадриҷ ва дар тайи мароҳиле бо фароҳам кардани заминаҳои руҳӣ ва иҷтимоӣ ҳукми қатъии он барои мардум баён шудааст.

Нахуст дар баъзе сураҳои маккӣ ишораҳое ба зиштии шурби хамр шудааст, чунон ки дар ояти 67 сураи Наҳл омадааст:

ومن الثمرات النخيل والاعناب تتخذون منه سکرا ورزقا حسنا

«Аз меваҳои дарахти хурмо ва ангур сукр (масткунанда) ва рӯзиҳои покиза фароҳам месозед

Дар ин ҷо «сукр»-ро (яъне шаробро, ки аз ангур ва хурмо мегирифтанд), дуруст дар муқобили рӯзии покиза (ризқи ҳасан) қарор додааст ва онро нӯшидании нопок ва олуда шумурдааст. Вале одати зишти шаробхорӣ дар миёни аъроб амиқтар ва решадортар аз он буд, ки бо ин ишораҳо решакан шавад. Ба илова, шароб бахше аз даромадҳои иқтисодии онҳоро ташкил медод, ба ҳамин хотир вақте ки мусалмонон ба Мадина мунтақил шуданд ва ҳукумати исломӣ ташкил шуд, дуввумин дастур дар заминаи манъи шаробхорӣ ба сурати қотеътаре нозил шуд, то афкорро барои таҳрими ниҳоии он омодатар созад:

يسئلونک عن الخمر والميسر قل فيهما اثم کبير ومنافع للناس واثمهما اکبر من نفعهما

«Аз ту дар бораи шароб ва қимор мепурсанд. Ба онҳо бигӯ: дар ин ду гуноҳи бузург ва манфиатҳое барои мардум аст, вале гуноҳ ва зиёни онҳо аз нафъ ва судашон бештар аст.» (Сураи Бақара, ояти 219)

Ба дунболи он, дар ояти 43 сураи Нисо ба мусалмонон сареҳан дастур дода шуд, ки дар ҳоли мастӣ ҳаргиз намоз нахонанд, то бидонанд бо Худои худ чӣ мегӯянд:

يا ايها الذين آمنوا لا تقربوا الصلوه وانتم سکاري حتي تعلموا ما تقولون

«Эй мӯъминон! Ба намоз наздик нашавед дар ҳоле ки маст ҳастед, то бидонед чӣ мегӯед

Албатта, мафҳуми ин оят он набуд, ки дар ғайри намоз нӯшидани шароб ҷоиз мебошад, балки барнома ҳамон таҳрими тадриҷӣ ва гом ба гом буд.

Ва саранҷом, пас аз он ки ба тадриҷ мардум омода шуданд, ҳукми қатъии шурби хамр бо сароҳати комил ва баёни қотеъ нозил гардид:

يا ايها الذين آمنوا انما الخمر والميسر والانصاب والازلام رجس من عمل الشيطان فاجتنبوه لعلکم تفلحون

«Эй касоне ки имон овардаед! Шароб ва қимор ва бутҳо ва азлом (ки навъе бахтозмоӣ буда) палид ва аз амали шайтон мебошанд, Пас, аз он бипарҳезед, то растгор шавед.» (Сураи Моида, ояти 90).

Дар ояти баъд, яъне ояти 91 сураи Моида, бархе зиёнҳои ошкори шароб ва қимор баён шудааст:

انما يريد الشيطان ان يوقع بينکم العداوه والبغضاء في الخمر والميسر ويصدکم عن ذکر الله وعن الصلوه فهل انتم منتهون

«Шайтон мехоҳад аз роҳи шароб ва қимор базри душманӣ ва кина ва адоватро дар миёни шумо бикорад ва аз намоз ва ёди Худо боздорад, оё шумо худдорӣ хоҳед кард?»

2. Баёни тадриҷии як ҳукм, ба ин маъно нест, ки аввал он ҳалол буда ва ба тадриҷ ҳаром гардида бошад. Чунин нест. Балки ба ин маъност, ки аз аввал ҳаром буда, вале баёни ҳаром будани он барои мардум ба тадриҷ сурат пазируфта. Ислоҳи як ҷомеаи сар то по фосид, дар як рӯз ва як дафъа амре маҳол аст. Бинобар ин, аҳкоми илоҳӣ ба тадриҷ иблоғ мешуд, то ҷомеа қудрати ҷазб ва пазириши онро бо омодагии бештар ва беҳтар дошта бошад.

3. Торих гувоҳ аст, ки шаробхорӣ яке аз одатҳои мардуми асри ҷоҳилӣ будааст. Рӯшан аст, ки агар ислом мехост бидуни риояти усули равонӣ ва иҷтимоӣ, бо ин балои бузург ба мубориза бархезад, муваффақ намешуд. Аз ин рӯ, аз равиши таҳрими тадриҷӣ ва омода сохтани афкор истифода кард. Дар марҳилаи аввал, ба асли зиштӣ ва палидии хамр тазаккур дод. Дар марҳилаи дуввум, ба манофеи ҷузъӣ ва зиёнҳои бузурги хамр ишора кард. Дар марҳилаи севвум дастур дод, ки дар ҳоли мастӣ намоз нахонед. Ва билохира, дар марҳилаи ниҳоӣ бо қотеияти тамом ҳукми онро баён фармуд.

Посухи шубҳаи севвум:

Шубҳаи севвум ин буд, ки барои чӣ дар ояте аз Қуръони Карим — он ҷо, ки биҳишт тавсиф мешавад — омада: «…ва рӯдҳое аз хамр, ки барои нӯшандагон лаззатбахш аст»? Агар хамр бад аст, пас дар биҳишт чӣ кор мекунад?

Посух он аст, ки бояд бидонем, аввалин муфассири Қуръон худи Қуъон аст, бад-ин маъно, ки бархе оятҳо бархеи дигарро маъно мекунанд. Дар масъалаи мавриди назар ҳам, масъала аз ҳамин қарор аст. Агар дар ҷойе мефармояд:

وَاَنهارٌ مِن خَمرٍ لَذَّةٍ للشاربين

…ва рӯдҳое аз хамр, ки барои нӯшандагон лаззатбахш аст.“ (Сураи Муҳаммад, ояти 15), дар ҷойи дигар моҳияти ин хамрро барои мо баён дошта, мефармояд:

لا فيها غول ولا هم عنها يُنزفون

…на дар он фасоди ақл аст ва на эшон аз он ба бадмастӣ меафтанд.“ (Соффот 47)

Бинобар ин, шароби таҳур ва поке, ки дар биҳишт ба парҳезкорон ваъда шудааст, ногуфта пайдост, ки ҳеҷ иртиботе ба хамр ва шароби олудаи ин дунёӣ надорад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.