Перейти к содержимому

Сардаргумии режими Раҳмон

Ёддоште аз Маҳмудхон Бурҳонов

Дар тӯли муддати ду даҳа аз ҳукумати Раҳмон метавон гуфт, ки кишвари Тоҷикистон дар як «декрети сиёсӣ» ба сар мебурд ва ба ғайр аз фаъолиятҳои Додоҷон Атоуллоев ва гурӯҳи «Ватандор», амалан ҳеҷ гуна вокуниши сареҳи сиёсӣ дар баробари сиёсатҳои худхоҳонаи Раҳмон дида намешуд.

Аммо аз чанд соли ахир мо шоҳиди як ҷаҳиши сиёсӣ дар кишвар ҳастем, ба гунае ки ин вокунишҳо режимро дучори навъе сардаргумии сиёсӣ намуда, то ҷое, ки режим водор шуд шитобза ба амалҳои носанҷида даст занад, ки ҳамагӣ бар зарари худаш тамом бишавад.

Чанд намуна аз бедориҳои сиёсӣ дар солҳои ахир ва аксуламалҳои шитобзадаи режим:

1 – Зайд Саидов:

Ӯ як соҳибкори корнишондода ва вазири собиқи саноат дар ҳамин ҳукумати Раҳмон буд, ҳам дар замони фаъолияташ дар вазорат ва ҳам дар муддати соҳибкорияш борҳо аз тарафи шахси раисиҷумҳур мавриди таърифу тамҷид қарор гирифта ва мукофотҳое аз дастони ӯ дарёфт кардааст. Аммо ҳамин вазири шоиста ва соҳибкори муваффақ вақте хост ҳизбе таъсис намояд, он ҳам сирфан бо ангезаҳои иқтисодӣ, ба гунае бо хашми режим рӯбарӯ шуд, ки гуё дар як «минтақаи мамнӯъа» ва қаламрави шахсии Раҳмон по гузошта бошад. Бархӯрди хасмонаи режим бо Зайд Саидов ба ҳадде буд, ки ингор ҳаргиз бо ӯ ҳамкорӣ надошта ва аз корномаи ӯ хабаре надошта бошанд. Ҳама чиз якшаба фаромӯш шуд ва вазиру надими дирӯз як бора ба «дузду душман» ва соҳибкори хизматнишондода ба «ҷинояткори хиёнатпеша» табдил гашт.

Зайдро бо тӯҳматҳои аҷибу ғариб ба 29 сол зиндон ва мусодираи ҳамаи молу амволаш маҳкум карданд.
Оё беҳтар набуд, ки Раҳмон ба Зайд Саидов майдони фаъолият дода аз потенциалҳои иқтисодии ӯ бештар истифода намояд? Оё воқеъан Зайд барои режими Раҳмон як таҳдид ба шумор мерафт, ҳамон Зайде, ки то дирӯз дар канори Раҳмон қарор дошт?

Ба назар мерасад, ин рафтори режим бо Зайд, комилан аз рӯи шитобзадагӣ ва бидуни ҳеҷ ҳисобу китоби сиёсӣ сурат гирифтааст. Танҳо чизе, ки режимро водор ба ин иштибоҳи фоҳиш кард, шоистагӣ ва тавоноии Зайд ва нокоромадиву белиёқатие, ки режим дар худаш медид, мебошад.

2 – Шаҳид Умаралӣ Қувватов:

Соҳибкори муваффақ ва тоҷири номдор, муассиси ширкатҳои пуровозаи «Фароз» ва «Тоҷирон», касе ки ба ҷуръат метавон гуфт, аз сифр сад ва аз ҳеҷ ҳама чиз сохт. Ин марди боҳиммат бо талошу кӯшиш ва баландназарӣ тавонист, ширкатҳое доир кунад, ки дар дохили Тоҷикистон назире надошт. Умаралӣ Қувватов ҳам монанди Зайд дар сар барномаҳои иқтисодии бузурге барои ободонии кишвар мепарваронд, бинобар ин ҳасодат ва тамаъи хонаводаи Раҳмон барангехта шуд ва ниҳоятан тамоми дороиҳо ва ширкатҳояшро аланан аз дасташ кашида гирифтанд. Гӯё Умаралӣ ҳам мисли Зайд ҳоло вориди «минтақаи мамнӯъа» гашта буд, ки набояд касе ҷуз хонадони Президент по дар он қаламрав мегузошт.

Шаҳид Умаралӣ чун медид, ки имкони иҷрои ормонҳои бузург ва барномаҳои ислоҳӣ дар ин системаи фасодзада вуҷуд надорад, бинобар ин тасмим гирифт аввал бояд ба ислоҳоти сиёсӣ даст занад ва то ин режими фосид аз сари роҳи ҷомеа бардошта нашавад, ҳеҷ пешрафте дар ҳеҷ замина ҳосил нахоҳад шуд.

Ӯ ҷунбиши сиёсии «Гурӯҳи 24» – ро таъсис намуд ва чун имкони фоъолияти сиёсӣ дар дохил вуҷуд надошт, аз кишвар хориҷ шуд ва бо тамоми тавон ба ифшогарӣ ва баёни ҷиноятҳо ва хиёнатҳои режим пардохт.

Дар як муддати кӯтоҳ анбӯҳе аз ҷавонони рашид ва мубориз мисли парвона гирди ӯ ҷамъ омада ва бо ӯ ҳамсадову ҳамнаво гаштанд, он қадр ин ҷавонон пуршӯру бо ангеза вориди муборизоти сиёсӣ шуданд, ки гуӣ муддатҳо дар интизори чунин фурсате буданд, то равзанае пайдо кунанд ва ҳамаи он хашму ғазабе, ки дар гулӯяшон анбошта шуда буд, мисли сейл берун бирезанд.

Дар ин миён бо илҳом аз «Гурӯҳи 24» ҷавонони тоҷик дар Россия гурӯҳи дигаре бо номи “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон “ бо роҳбарияти Мақсуд Иброҳимов таъсис карда ва дар чандин шаҳрҳои Россия пикетҳо, мизи гирдҳо ва митингҳо баргузор намуданд, ки мутаассифона ҳоло роҳбари ин гурӯҳ ва теъдоди зиёде аз аъзоёнаш тавассути режим дастгир ва роҳии зиндон шуданд.

Дар воқеъ метавон гуфт, Умаралӣ Қувватов сабаби як хезиши саросарӣ ва як бедории сиёсӣ гашт, ки ин дар назари режим на фақат як рухдод, балки ҳамчун як ҳодисаи пешбининашуда буд. Ҳоло Умаралӣ барои режим на фақат як музоҳим, балки ҳақиқатан ба як таҳдиди ҷиддӣ бадал гашта буд.
Бинобар ин, режим бар алайҳи Қувватов парвандасозӣ кард ва ӯро ба Интерпол дод, вале пас аз чанд бор дастгирӣ дар Дубай ва Туркия, иттиҳомоти Қувватов собит нашуд ва ӯ дубора озод гашта ба муборизоти худ идома дод. Раҳмон ҳоло ба иштибоҳи худ пай бурда ва сахт аз тамаъварзиҳои хонаводааш пушаймон гашта буд, чун дигар ҳеҷ роҳи қонуние барои пешгирӣ ва дастгирии Қувватов надошт ва танҳо роҳе, ки барояш монда буд, террори ӯ буд.

Аммо террори Умаралӣ барои режим хатаре дошт, ки на камтар аз худи ӯ буд ва он расво шудани режим ва исбот шудани гуфтаҳои Умаралӣ буд, вале гӯё режим чорае ҷуз ин надошт ва дар ниҳоят ба қимати расво шудан даст ба ин ҷинояти ҳавлнок зад.

Ин иштибоҳи бузурги дигари режим буд, ки ба хотири тамаъварзии наздикон аввалан як кадри муваффақу кордонро аз даст дод. Дуввуман на танҳо ӯро аз даст дод, балки ӯро ба як таҳдиди ҷиддӣ бадал кард, ки сароғози як хезиши мардумӣ гашт.

3 – Ҳизби Наҳзати Исломӣ:

Ин ҳизб танҳо ҳизби сиёсии исломӣ дар минтақа буд, ки пас аз созишномаи сулҳ расман дар Тоҷикистон фаъолият мекард. Ин ҳизб гузашта аз он ки бо имзои созишнома ба Раҳмон амалан имкони ҳукумат бахшид, балки бо ҳузураш дар дохили кишвар, расман ба ҳукумати ӯ машрӯъият дода буд. Ба иборати дигар, Раҳмон аз вуҷуд ва ҳузури як ҳизби мухолиф барои худ касби эътибор мекард ва фаъолияти Наҳзат барои Раҳмон ба навъе санади зиндаи демукросӣ дар Тоҷикистон буд.

Аммо ба қавли маъруф “чун қофия ба танг ояд, шоир ба ҷафанг ояд“, режими Раҳмон дақиқан ба ҳамон хотир, ки натавонист Зайд Саидов ва Умаралӣ Қувватовро таҳаммул бикунад ва як фурсатро табдил ба як хатар намояд, пеши фаъолияти Наҳзатро ҳам гирифт ва аз як ҳизби бедардисар як мухолифи сарсахт сохт. Ба назар мерасад, иллати ин иқдоми режим ҳам беш аз тавони Наҳзат, эҳсоси заъфи худи режим мебошад.

Аммо ин иштибоҳ ҳақиқатан як иштибоҳи стратегӣ барои режим буд, чун ҳоло Раҳмон танҳо баҳонаи демукросӣ будани ҳукуматашро ҳам аз даст дод ва баъд аз ин ба ҷойи руст шудан дар пушти Наҳзат дар маҷомеъи байналмилалӣ, бояд бо ҳазору як заҳмат ба тавҷеҳи худ бипардозад, ки на, мо дар Тоҷикистон демукросӣ дорем.

Дар ҳақиқат Раҳмон бо бастани Наҳзат ва «экстримистӣ» эълон кардани он, ҳам аз дохил зарба хӯрд ва ҳам аз хориҷ. Аз дохил зарба хӯрд, чун ҳамаи ҳаводорони Наҳзатро, ки то кунун барои ҳукумати ӯ мушкилсоз набуданд, амалан ба як мухолифи сарсахт табдил кард. Ва аз хориҷ зарба хӯрд, чун ба баракати Наҳзат то ҳоло аз ҳимояти маҷомеи байналмилалӣ ва баъзе аз ҳукуматҳо бархӯрдор буд, ки акнун бетардид бархе ва ҳатто бештари он ҳимоятҳоро муфт аз даст дод.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: