Перейти к содержимому

Бебадилҳо

Нарин Айип, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, дар робита бо эътои унвони «Пешвои Миллат» ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ёддоште дар сойти Zanoza.kg навиштааст.

Айип дар ин ёддошт, аз ҷумла дар мавриди ҷараёни ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ расидани Раҳмон гуфтааст: “Раҳмон масири раёсати «колхоз» то раёсати ҷумҳуриро дар ду сол тай намудааст. Ӯ ҳанӯз, соли 1992 ба ҳайси мақоми раис дар «колхози» Ленини ноҳияи Данғара адои вазифа менамуд ва аз ҳамон ҷо низ ба унвони вакили мардумӣ интихоб гардид. Моҳи ноябри ҳамон сол ба раҳбарии вилояти Кӯлоб расид ва 2-юми декабри ҳамон сол ба унвони Раиси Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд иртиқо пайдо намуд ва пас аз ҳашт рӯз ба ҳамроҳии горди махсуси Ёқуб Салимов вориди шаҳри Душанбе гардид, то барои тамоми умр дар ҳамон ҷо бимонад. 6-уми ноябри соли 1994, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, барандаи аввалин давраи президентии худ гашт”.

Айип бо ишора ба дигар мақомоти сиёсии якумраи Осиёи Миёна, мегӯяд: “Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев низ аз соли 1989 бар сари қудрат омадаанд ва 26 сол аст, ки дар ҷумҳуриҳои Ӯзбакистон ва Қазоқистон ҳукумат доранд”.

Дар мавриди унвону алқоби Ислом Каримов мегӯяд, ҳарчанд унвони расмие ба эшон ато нашуда, лекин расонаҳои дохилӣ ӯро ба унвони “Подшоҳ” ном мебаранд ва ҳама эътироф доранд, ки ӯ бебадил аст ва ҳатто нигарони авзоъ пас эшон ҳастанд, зеро ин марди солхӯрда моҳи январ ба синни 78-солагӣ хоҳад расид.

Нурсултон Назарбоев низ дувуним сол кучактар аз Каримов буда, унвони ифтихории “Елбаси” – пешвои мардумиро касб намудааст, ҳарчанд дар ибтидо ба хотири ҳифзи зоҳир, аз қабули ин унвони баланд сарпечӣ низ намуд.

Ҳамчунин Бердимуҳаммедов унвони “Арқадог” – ҳомии бузург ва умеду такягоҳи миллатро ба худ ихтисос додааст, ки албатта роҳи ӯро салафаш Сафармурод Ниёзов бо гирифтани унвони “Туркменбошӣ” ҳамвор сохта буд.

Ин таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд: «Тамоми ин ановин ба ин далел ба ин афрод таъаллуқ гирифтааст, ки то замонати масунияти онҳо аз қонун ва низ ҳадафи то охири умр бар сари қудрат қарор гирифтанашон таъмин гардад

Ба назари ӯ, «ин ановин ановини ташрифотӣ набуда, балки фалсафаи амиқтаре дорад ва дар ҳақиқат зомини масун мондани онон аз муҷозоти қонунӣ ва низ зомини ҳукуматҳои якумраашон бар кишварҳо ба шумор меравад ва ин ановин ба худии худ, тадоъикунандаи ҳукумат ва қудрати якумраи ин афрод дар ин ҷумҳуриҳост

Айип гурезе ба торих ва торихсозоне мисли Ленину Сталин ва дигарон мезанад ва мегӯяд, ки на Ленин, на Сталин ва на Хрушев дар тамаъи касби ин навъ аз ановин набуданд, ҳарчанд корномаи онон ба маротиб дурахшонтару мондагортар аз корномаҳои сиёсатмадорони мавриди назари мост.

Аз назари Нарин Айип, далоили дарозумрии қудратҳои ҳокима дар Осиёи Миёна, ба фарҳанги шарқиёнаи минтақа бармегардад, ки қудрат муҳимтар аз қонунмандӣ ва қонунмадорист.

Тибқи дидгоҳи ӯ, «шахсе ки ба ҳар наҳве бар сари қудрат омадааст, агар 20 сол бар раъси қудрат ва ҳукумат қарор бигирад, худ ба худ ба зимомдори бебадиле табдил мегардад, ҳарчанд ки дар ин муддат корномаи дурахшоне надошта бошад ва дигар касе наметавонад ҷойгоҳи ӯро соҳиб шавад

Аммо ӯ ишколи корро дар он мебинад, ки қарор гирифтан ва бебадил будан як масъала аст ва соҳиб гаштан ба ановини расмӣ як масъалаи дигар ва ановини расмӣ ва муҳимме мисли «Доҳӣ» ва «Пешво» бояд бар асоси фаъолиятҳои назарраси шахс аз ҷониби афроде пешниҳод шуда ва аз ҷониби мардум мавриди таъйид қарор бигирад, то корсоз бошад.

Ӯ дар идома мегӯяд, агар фарде соҳиби эътибори хоссе дар назди мардум гашт, мардум худ ӯро ба ановини олӣ ном мебаранд ва дар воқеъ ин ановин аз ҷониби мардум эъто мешавад.

Айип ишора ба замоне мекунад, ки ин «бузургони бебадил» бар сари қудрат омада буданд ва аз он ба унвони халае ном мебарад, ки омадани ин афродро дар он мақтаи замонӣ касе ҷиддӣ намегирифт ва фикр мекардаанд ба муддати ду-се соле бар сари қудрат хоҳанд монд, аммо ин афрод бо қарор гирифтан бар раъси қудрат ба муддатҳои 20 сол ва бештар ва аз сари роҳ бардоштани тамоми рақибони эҳтимолӣ, табдил ба «шахсони бебадиле» гаштанд ва имрӯз ҳар унвонеро, ки дӯст медоранд, тасоҳуб менамоянд.

Ин таҳлилгари масоили сиёсӣ, ҳар унвонеро, ки ба соҳибмансабон эъто мешавад, нишонаи қудратталабӣ ва диктотурӣ ва яккатозии онон дониста ва дар зимн, ишора ба чанд тан аз соҳибмансабони қудратталабе намудааст, ки ба қудратҳои мутлақа расида ва соҳиби унвонҳое гашта будаанд, мисли раисиҷумҳури Гоитӣ, ки ба лақаби “Пешвои Фарҳехтаи Инқилоб” машҳур гашта буд ё раисиҷумҳури Угондо, ки унвони “Ҷаноби Олӣ Президенти Доимулумр”-ро касб карда буд ва ё руасои ҷумҳури Куреи Шимолӣ, ки яке “Пешвои Бузург” ва дигарӣ, унвони “Падари Миллат”-ро ба худ ихтисос дода буданд ва раисиҷумҳури феълӣ, ки унвони “Фарҳехтаи Фарҳехтагон”-ро касб кардааст.

Ӯ гуфтааст, аз тарафе ҳам унвонҳои мардумие вуҷуд дорад, ки на бар асоси қонуну дастурот, балки бар асоси эътимод ва эҳтироми мардум барои касе, ба хотири хадамоти шоиста эъто мешавад, мисли “Маҳатма” дар фарҳанги ҳиндуҳо, “Аке” дар фарҳанги қирғизҳои то инқилоб ва монанди он.

Бо нигоҳ ба торихи кишвари Омрико, менависад, то замони Франклин Рузвелт дар Омрико, мамнӯияти қонуние барои бештар аз ду давра ба раёсати ҷумҳурӣ расидани афрод вуҷуд надошт, балки ҳамаи руасои ҷумҳури Омрико ба пайравӣ аз Ҷурҷ Вошингтун, пас аз ду давра худро канор мекашиданд. Вале пас аз он ки мардуми Омрико ба марде, ки кишварро аз бӯҳрон наҷот дода буд, итминон намуданд ва бори сеюму чаҳорум ба раёсати ҷумҳур расид, мардум ба фикри ин афтоданд, ки накунад дар оянда «каси бебадиле» пайдо шавад.

Бинобар ин, омрикоиҳо ба ин фикр афтоданд, ки ҳоло ки барои як нафар ин имконият фароҳам гашт, пас дар оянда касоне мисли эшон пайдо мешаванд, ки мехоҳанд бештар ҳукумат кунанд, бинобар ин, дар соли 1951 қонунеро тасвиб намуданд, ки бар асоси он, касе наметавонист беш аз ду давра мақоми раёсати ҷумҳуриро тасоҳуб кунад.

Ӯ дар поён бо таваҷҷӯҳ ба шароити сиёсии кишвари Қирзистон, аз ҷумла ба ин матлаб ишора мекунад, ки ҳарчанд пас аз инқилоби соли 2010 дар Ҷумҳурии Қирғизистон низ порлумон қавонини усулиеро дар ин робита ба тасвиб расонд, аммо ба назар мерасад, ҳукуматдорони имрӯза худро хеле пойбанд ба он намедонад ва бинобар ин шояд дур набошад, ки дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ низ дар ояндаи начандон дур, шоҳиди эъто шудани унвонҳову лақабҳое барои ҳокимони он гардем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: