Перейти к содержимому

Оё ҷуз ин аст?

(Ба муносибати милоди фархундаи Хотами паёмбарон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с))

Мехоҳам, ин навишторро бо иқтибос аз суханони Никита Михалков, коргардони шаҳири русӣ, оғоз кунам. Дақиқан ёдам нест, шояд 2 ё 3 сол пеш буд, матлабе дар расонаҳо мунташир шуд дар бораи маҳбубтарин исм дар дунё, ки тибқи омор, дӯстдоштанитарин ном номи ҳазрати Муҳаммад (с) будааст. Дар ҳамон замон, дар барномае дар шабакаи телевизиюнии «РТР Планета», ҳамин мавзӯъ матраҳ шуд ва Никита Михалков сухани воқеан аҷибе дар ин барнома гуфта буд. Ӯ ба ин мазмун изҳор дошт, «бо ин ки Муҳаммад (с) душманони зиёде дошта ва то ба имрӯз ҳастанд ва алайҳи вай таблиғоти густарда мешавад, ва аз тарафе ҳам, баъзе аз пайравонаш (манзураш, баъзе аз теруристҳои замони мост, ки мутаассифона худро мусалмон медонанд) бо кирдорҳо ва рафторҳои зишт ва нописанди худ, номи ӯ ва дини ӯро сиёҳ мекунанд, вале бо ин ҳама, мебинем, номи ӯ дар ин рӯзгор маҳбубтарин ном дар ҷаҳон мебошад

Михалков, дар баёни чароии маҳбубияти номи ҳазрати Муҳаммад (с) дар рӯзгори мо гуфта буд: «Ба назари ман, Муҳаммад (с) аз як ҳимоят ва пуштибонии осмонӣ (аз сӯйи Худо) бархӯрдор аст. Вагарна, бо вуҷуди ин ҳама душманиҳо аз сӯйи душманонаш ва ҳамоқатҳо аз тарафи «дӯстонаш», маҳол буд, ки то ба имрӯз аз вай номе ва нишоне боқӣ бимонад…»

Ва ин сухан комилан дуруст аст. Зеро, бо ин ҳама душманиҳое, ки имрӯзҳо бо ойини ислом ва шахси ҳазрати Муҳаммад (с) мешавад ва таблиғоте, ки алайҳи вуҷуди нозанини паёмбари Хотам дар расонаҳо мебинем, ва низ ҳамоқатҳо ва балоҳатҳое, ки ба гуфтаи Никита Михалков, аз сӯйи афроде ба ном мусалмон ва ба номи ислом имрӯзҳо мушоҳида мекунем — аз сар буриданҳо, ба бардагӣ гирифтанҳо ва бардафурӯшиҳо, ба дор карданҳо ва ба салиб овехтанҳо, зинда-зинда ба оташ кашиданҳо ва ҷигархориҳо ва ғайра аз рафторҳои комилан зидди исломӣ ва зидди инсонӣ – одам пеши худ мегӯяд, дигар ин ойин шӯълааш ба тамом хомӯш ва аз Муҳаммад (с) ҳам дигар нишоне боқӣ нахоҳад монд.

Имрӯзҳо магар на ин аст, ки на танҳо душманони ислом аз шарқу ғарб шамшер алайҳи он аз рӯ бастаанд, балки пайравонаш ҳам дар ҳоли хӯрдани гӯшти ҳамдигаранд? Агар дар фазои ҳақиқӣ машғули хӯрдани гӯшти якдигар дар Сурия, Ироқ, Яман ва соири манотиқ ҳастанд, дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои моҳвораӣ аммо, андармони иттиҳомзаниҳо ба якдигаранд, ки ту шиъа ҳастӣ ва ту салафӣ, ту суннӣ ҳастӣ ва ту сӯфӣ, ва ба қадре ба аъмоқи торих фурӯ рафта ва ба хотири ҳаводиси гузашта ва инки фалон саҳоба халифа буда ва на фалон дигарӣ, ба ҷони якдигар афтодаанд, ки дигар фаромӯшашон шудааст, ки дар қарни 21 зиндагӣ мекунанд.

Бо ин ҳисоб ва бар мабнои суннати торих ва бар асоси қонуни сабабият — ки бар ҷаҳони ҳастӣ ҳукмфармост – оё аз ислом номе мемонд ва аз ҳазрати Муҳаммад (с) нишоне? Шояд як тамошобини бетараф ва аз берун бигӯяд, бо вуҷуди инҳо, номи ҳазрати Муҳаммад (с) ва динаш на ин ки маҳбубтарин, балки «манфуртарин» мебуд…

Аммо чаро ҳанӯз шӯълааш на ин ки хомӯш нашуда, балки дурахшонтар гардида? Ва номи он ҷаноб (с) на ин ки аз ёдҳо нарафта, балки мондагортар шуда?

Сабабаш дақиқан ҳамон чизе аст, ки Никита Михалков мегӯяд.

Зеро ин Худост, ки муҳаббат ва алоқа ба ҳазрати Муҳаммад (с)-ро дар дилҳо қарор дода ва номашро боло бурда:

وَرَفَعْنَا لَكَ ذِكْرَكَ

«Ва ном ва овозаатро баланд кардем.» (Сураи Шарҳ, ояти 4)

Ва ин Худост, ки ваъда дода, дини Муҳаммад (с)-ро пирӯз хоҳад кард, ҳарчанд хушоянди кофирон нест:

يُرِيدُونَ أَنْ يُطْفِئُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَيَأْبَى اللَّهُ إِلَّا أَنْ يُتِمَّ نُورَهُ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ

«Мехоҳанд, нур (дин)-и Худоро бо даҳонҳошон хомӯш кунанд ва Худо ҷуз ин намехоҳад, ки нури худро тамом ва ошкор созад, агарчӣ кофирон хуш надоранд.» (Сураи Тавба, ояти 32)

هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَى وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ

«Ӯст, ки паёмбари худро бо роҳнамоӣ ба роҳи рост ва дини ҳақ фиристод, то онро бар ҳамаи динҳо чира гардонад, ҳарчанд мушрикон хуш надоранд.» (Сураи Тавба, ояти 33)

يُرِيدُونَ لِيُطْفِئُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَاللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ

«Мехоҳанд, ки нури Худоро бо даҳонҳошон хомӯш кунанд, ва ҳол он ки Худо тамомкунандаи нур (дин)-и хеш аст, ҳарчанд ки кофирон хуш надоранд.» (Сураи Сафф, ояти 8)

Пештар ва ба муносибате, ин достонро нақл карда будам ва такрораш холӣ аз ҳикмат ва фоида нест. Баҳманёр — ки яке аз шогирдони барҷастаи Бӯалӣ Сино ва дар ойини ислом набуд ва мегӯянд зардуштӣ будааст — рӯзе ба устодаш Бӯалӣ гуфт, чаро бо ин ҳама истеъдод ва нубуғ, илм ва доноӣ, иддаъои нубувват ва паёмбарӣ намекунӣ? Агар иддаъо кунӣ, мардум мепазиранд.

Бӯалӣ гуфт: ту чӣ мегӯӣ, ин ҳарфҳо чист, ту аслан мефаҳмӣ чӣ мегӯӣ?

Баҳманёр гуфт: мефаҳмам, матлаб аз ҳамин қарор аст, ки арз кардам.

Бӯалӣ дид шогирдаш намефаҳмад, аз ин рӯ гуфт: ҳоло сабр кун, ҷавобатро дар як вақти муносибе хоҳам дод.

Муддате аз ин моҷаро гузашт. Дар яке аз шабҳои зимистонӣ дар Ҳамадон, ки сармо ва яхбандони он маъруф аст, Бӯалӣ ва Баҳманёр дар як утоқ хобида буданд. Мавқеъи саҳар, ки муаззин аз болои манораи баланде машғули азон гуфтан буд, Шайх Бӯалӣ ба шогирдаш Баҳманёр гуфт: баланд шав ва косаи обе бароям биёвар, ки бисёр ташна ҳастам.

Баҳманёр гуфт: ҳоло вақти об хӯрдан аст? Шумо чун тоза аз хоб бедор шудаед, нӯшидани оби сард бароятон салоҳ нест.

Бӯалӣ гуфт: табиби беҳарифи аср ман ҳастам, медонам чӣ ба салоҳи ман ҳаст ё нест, ту аз нӯшидани об маро манъ мекунӣ, бо он ки зарурат онро иқтизо мекунад?

Баҳманёр гуфт: ман худам алъон арақ дорам, метарсам агар берун биравам, сармо бихӯрам ва мариз шавам.

Шайх гуфт: акнун ҷавоби пурсиши он рӯзи туро дар хусуси даъвои паёмбарӣ мегӯям. Пас, бидон, ки ҳазрати Муҳаммад (с) касе аст, ки солҳо аз беъсати ӯ мегузарад, вале нафси ӯ чунон таъсире дорад, ки акнун муаззин дар вақти саҳар, бо ин ҳама сармои шадид, ва он ҳам аз болои манорае баланд, ба нубувват ва паёмбарии ӯ шаҳодат медиҳад ва номи ӯро ба забон меоварад ва мегӯяд: Ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ! Аммо ман, ки ҳанӯз дар пеши ту ҳозирам ва ту ҳам аз шогирдони хосси ман ҳастӣ, ба ту амр мекунам, косаи обе ба ман биёварӣ, вале нафси ман он қадр таъсир надорад, ки амри маро гардан ниҳӣ, пас, чӣ гуна иддаъои паймбарӣ барои мисли мане мумкин аст?!

Ин ёддоштро бо шеъре аз Мавлоно ба поён мерасонам:

Мустафоро ваъда кард алтофи Ҳақ:

“Гар бимирӣ ту, намирад ин сабақ.

Ман китобу мӯъҷизатро рофеъам,

“Бешу кам кун”-ро зи Қуръон монеъам.

Ман туро андар ду олам ҳофизам,

Тоъинонро аз ҳадисат рофизам.

Кас натонад бешу кам кардан дар ӯ,

Ту беҳ аз ман ҳофизе дигар маҷӯ.

Равнақатро рӯз-рӯз афзун кунам,

Номи ту бар зарру бар нуқра занам.

Минбару меҳроб созам баҳри ту,

Дар муҳаббат, қаҳри ман шуд қаҳри ту.

Номи ту аз тарс пинҳон мегуванд,

Чун намоз оранд, пинҳон мешаванд.

Аз ҳаросу тарси куффори лаъин

Дин-т пинҳон мешавад зери замин.

Ман манора пур кунам офоқро,

Кӯр гардонам ду чашми оқро.

Чокаронат шаҳрҳо гиранду ҷоҳ,

Дини ту гирад зи моҳӣ то ба моҳ.

То қиёмат боқияш дорем мо,

Ту матарс аз насхи дин, эй Мустафо!

Эй расули мо! Ту ҷоду нестӣ,

Содиқӣ, ҳам хирқаи Мусистӣ.

Ҳаст Қуръон мар туро ҳамчун асо,

Куфрҳоро даркашад чун аждаҳо.

Ту агар дар зери хоке хуфтаӣ,

Чун асояш дон ту ончӣ гуфтаӣ.

Қосидонро бар асоят даст не,

Та бихусп, эй шаҳ! Муборак хуфтане.

Тан бихуфта, нури ту бар осмон,

Баҳри пайкори ту зеҳ карда камон.

Фалсафиву ончӣ пӯзаш мекунад,

Қавси нурат тирдӯзаш мекунад.”

Ончунон карду аз он афзун, ки гуфт,

Ӯ бихуфту бахту иқболаш нахуфт.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: