Перейти к содержимому

Андарзе ба «Пешвои миллат»

Зебо Назарова

Аз дасти тақдир наметавон гурехт ва лоҷарам бояд кирдорҳои худро посух гуфт. Агар кирдори хубе доштем, посухи муносиби онро дархоҳем ёфт. Аммо агар кирдори носолиму золимонае доштем, агар бар касе зулме раво дидем ва ё ҳаққи касеро баноҳақ хӯрдаем, набояд хотирҷамъ сар бар болинӣ осудагӣ бигзорем, ки подоши онро хоҳем гирифт ва посухи кардаамонро хоҳем пардохт.

***

Ҳикоят

Даступойбуридае ҳазорпое бикушт. Соҳибдиле бар ӯ бигузашт ва гуфт: Субҳналлоҳ! Бо ҳазор пое, ки дошт, чун аҷалаш фаро расид, аз бедаступое натавонист гурехт.

***

Чу ояд зи пас душмани ҷонситон

Бибандад аҷал пои марди давон

Дар он дам, ки душман паёпай расид

Камони киёнӣ нашояд кашид.

(Гулистони Саъдӣ)

***

Ин ҳикояти омӯзандаи Шайх Саъдӣ метавонад ишора ба ин мавзӯъ дошта бошад, ки агарчи имрӯз фарди золиме мисли президент Раҳмон, барои худаш, бо касби ҳазорон ному лақаб, амсоли «Пешвои миллат» ва дигару дигар ва низ дар атрофаш ҷамъ намудани ҳазорон муҳофиз ва ҳазорон чоплусу хушомадгӯ, боз ҳам агар замонаш фаро расад, ба дасти тақдир, сарнагун хоҳад шуд…

Ва он вақт, на ҷоҳу мақомаш, на муҳофизонаш, на фарзандону наздиконаш ва на атрофиёни чоплусу косалес, ҳеҷ кадом, ҳеҷ коре нахоҳанд тавонист ва нотавону забун, сарнагунии ҷанобашонро ба тамошо хоҳанд нишаст…

Аз мукофоти амал ғофил мабош

Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.

1 комментарий »

  1. Зишти зишт аст дар вилояти шоҳ
    Гург бар тахту Юсуф андар чоҳ
    Бад шавад тан, чу дин табоҳ шавад
    Зулми лашкар зи ҷаври шоҳ шавад.
    (Марзбонномаи Низомии Арузии Самарқандӣ)

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: