Перейти к содержимому

Тавсияи Мавлавӣ Абдулҳамид ба ҳокимони Осиёи Миёна

87564Мавлавӣ Абдулҳамид дар ихтитомияи 29-умин конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ, ки шомгоҳи сешанбе (29.12.2015) дар Теҳрон баргузор шуд, зимни таъкид бар аҳаммияти ваҳдати ҷаҳони ислом дар шароити кунунӣ, ба тавсияи давлатмардони Осиёи Миёна пардохт ва гуфт: «Тавсияи банда ба давлатҳои Осиёи Миёна он аст, ки бар исломгароҳо сахтгирӣ накунанд, зеро яке аз авомили эҷоди ифротгароӣ дар ҷаҳон, зулми баъзе аз ҳукуматҳои истибдодӣ ва худкома ва саркӯби исломгароҳост. Шояд баъзе аз ин гурӯҳҳои исломгаро ин зулму саркӯбро таҳаммул кунанд, аммо гурӯҳе, ки таҳаммул намекунанд, ба такфир ва ифротгароӣ рӯй меоваранд. Лизо исломгароҳо бояд дар Осиёи Миёна аз озодӣ бархӯрдор бошанд

Ба гузориши сойти Sunnatonline, Мавлавӣ Абдулҳамид дар ибтидои суханонаш пас аз ҳамду сипоси Парвардигор, ба хотири фароҳам намудани фурсати гирд омадани уламои ҷаҳони ислом, бо ҳадафи ваҳдати уммати исломӣ, хидмати тамоми ширкаткунандагон дар ин конфронс, бавижа меҳмонони хориҷӣ салом ва хайрамақдам арз кард ва аз тамоми масъулин ва дастандаркорони баргузории ин конфронс тақдир ва ташаккур намуд.

Мавлавӣ Абдулҳамид сипас изҳор дошт: «Мо дар ҳоле ин конфронси ваҳдатро баргузор мекунем, ки ҷаҳони ислом бо чолишҳо ва бӯҳронҳои бисёр ҷиддӣ мувоҷеҳ аст. Тарҳҳои истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнизми ғосиб дар ҳоли иҷроӣ шудан алайҳи мусалмонон ҳаст. Оворагӣ ва паноҳандагии мусалмонон ба кишварҳои урупоӣ, қатли омм ва кушторҳои дастаҷамъии мусалмонон ва вайронӣ ва нобудии дороиҳои мусалмонон қалби инсонро ҷариҳадор мекунад

Вай дар идома афзуд: «Мутаассифона, мусалмонон дар кишварҳои мухталифи исломӣ дучори ихтилоф ва даргирӣ ҳастанд. Мусалмононе, ки бояд бо ваҳдати калима, иттиҳод, музокира, гуфтумон ва сиъаи садр масоилашонро пеш бибаранд, бо мушкилоти мутаъаддиде мувоҷеҳанд. Истикбор ва душманони истеъморӣ, ки ҳеч тараҳҳуме бар мусалмонон надоранд, муваффақ шудаанд барои расидан ба манофеи худашон мусалмононро гурӯҳ-гурӯҳ ва даста-даста кунанд.»

Имомҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон, ба таъкидҳои Қуръон ва Суннат дар бораи ваҳдати мусалмонон ишора кард ва гуфт: «Мутаассифона, мусалмонон бо вуҷуди он ки китоби беназире монанди Қуръон ва раҳбари бузурге ҳамчун Набии Раҳмат (с)-ро дар ихтиёр доранд — ки Қуръон ва Паёмбари Акрам (с) мусалмононро даъват ба ваҳдат ва инсиҷом медиҳанд ва ақли солим низ даъват ба ваҳдат медиҳад — аммо боз ҳам гирифтори тафриқа ва ихтилоф ҳастанд

Вай хотирнишон кард: «Торих шоҳид аст миллатҳое, ки бо якдигар муттаҳид шудаанд, тавонистаанд дар дунё муваффақ шаванд ва пирӯзиҳои бисёр бузургеро касб кунанд. Миллатҳои бофарҳанг ва оқил миллатҳое ҳастанд, ки бо якдигар ваҳдат доранд. Ихтилоф дар ҳар асру замоне барои мусалмонон зарар ва нуқсон ба дунбол доштааст. Боризтарин намунаи ихтилофе, ки дар садри ислом пеш омад, боис шуд мусалмонон ба фирқаҳо ва мазоҳиби мухталиф табдил шаванд ва то имрӯз ҳамон ихтилоф боқӣ мондааст

Ин олими барҷастаи аҳли суннати Эрон дар идома ба вазифаи уламо ва давлатҳои исломӣ дар заминаи эҷоди ваҳдат ишора кард ва гуфт: «Вазифаи уламо ва давлатҳои исломӣ дар ин шароит бисёр сангин аст. Баргузории чунин ҷаласот ва конфронсҳое кори бисёр хубе аст, аммо мӯътақидем, ки давлатҳои исломӣ бояд боби ваҳдати калима ва гуфтумонро боз кунанд. Давлати ҷаноби дуктур Руҳонӣ як давлати эътидолгаро ва аҳли гуфтумон аст ва алҳамду лиллоҳ масъулини мо ва дар раъси ҳамаи онон Раҳбари Муаззами Инқилоб, дар низоми Ҷумҳурии Исломӣ аҳли гуфтумон ҳастанд

Вай «гуфтумон»-ро беҳтарин роҳи ҳалли бӯҳронҳои кунунӣ донист ва гуфт: «Фатҳи боби гуфтумонро дар шароити кунунӣ байни давлатҳои исломӣ бисёр лозим ва зарурӣ медонем. Ихтилофоти давлатҳо ба таври табиӣ бар миллатҳо таъсир мегузорад. То замоне, ки давлатҳои исломӣ бо якдигар муттаҳид нашаванд, иттиҳоди миллатҳо мушкил аст. Лизо мо мӯътақидем, ки гуфтумон, ташкили давлатҳои миллӣ ва фарогир, беҳтарин роҳи ҳалли бӯҳронҳои кунунии ҷаҳони ислом аст.»

Имомҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон дар идомаи суханонаш дар 29-умин конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ, ба ташреҳи мавозеъи ҷомеаи аҳли суннати Эрон пардохт ва изҳор дошт: «Банда ба меҳмононе, ки дар ин конфронс ҳузур доранд ва низ ба масъулини худамон эълом мекунам, ки ҷомеаи аҳли суннати Эрон аз ҳар навъ ифротгароӣ ва такфир безор, ва бо ҳар гуна ифротгароӣ мухолиф аст

Вай дар идома таъкид кард: «Бародарони аҳли суннат бо вуҷуди мушкилоти фаровоне, ки доштанд, аммо дар ростои ваҳдат ва амнияти миллӣ кӯмак кардаанд. Дар 8 соли дифоъи муқаддас шаҳид додаанд. Банда ба масъулин итминон медиҳам, ки мо ҷомеаи аҳли суннат марздорони хуб ва амонатдоре барои низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастем ва то ҷое, ки тавоноӣ дошта бошем, ба ҳеч кас иҷозаи тасарруфи як ваҷаб аз хоки кишварро намедиҳем

Мавлавӣ Абдулҳамид хотирнишон кард: «Ваҳдат бисёр ҳаётӣ ва муҳим аст. Мо аз бародарони шиъаи худамон мехоҳем, ки моро рақиби худ надонанд, балки мо рафиқи онон ҳастем. Мо бо ҳам мухолиф нестем, балки дӯстоне ҳастем, ки бо мусолимат дар канори якдигар зиндагӣ мекунем. Банда зимни ташаккур аз масъулин ба хотири таваҷҷӯҳ ба аҳли суннат, тавсия мекунам, ки бародарони аҳли суннати худро бештар дарёбед ва ононро бештар мавриди таваҷҷӯҳ ва тафаққуд қарор диҳед, зеро ҷомеаи аҳли суннат дар канори шумо ҳастанд ва барои дифоъ аз хоки кишвар, сахтиҳо ва мушкилотро таҳаммул мекунанд

Вай дар идомаи суханонаш уламои шиъа ва суннӣ ва низ давлатҳои исломиро мавриди хитоб қарор дод ва гуфт: «Тавсияи банда ба тамоми уламо, мароҷеи бузургвори тақлид ва муфтиёни азизи шиъа ва суннӣ он аст, ки дар шароити кунунӣ, ки ислом дар хатар аст, масъулият ва расолати ҳамаи мо сангин аст ва бояд ба масъулият ва вазифаи худ амал кунем. Ҳамчунин тавсияи банда ба тамоми давлатҳои исломӣ он аст, ки ба хостаи ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабии худашон таваҷҷӯҳ кунанд ва ба ҳуқуқи онҳо расидагӣ намоянд.»

Мавлавӣ Абдулҳамид афзуд: «Тавсияи банда ба давлатҳои Осиёи Миёна он аст, ки бар исломгароҳо сахтгирӣ накунанд, зеро яке аз авомили эҷоди ифротгароӣ дар ҷаҳон зулми баъзе аз ҳукуматҳои истибдодӣ ва худкома ва саркӯби исломгароҳост. Шояд баъзе аз ин гурӯҳҳои исломгаро ин зулму саркӯбро таҳаммул кунанд, аммо гурӯҳе, ки таҳаммул намекунанд, ба такфир ва ифротгароӣ рӯй меоваранд. Лизо исломгароҳо бояд дар Осиёи Миёна аз озодӣ бархӯрдор бошанд

Мавлавӣ Абдулҳамид хотирнишон кард: «Аз давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон низ мехоҳам ҳамон тавр ки аз мусалмонони Фаластин ва соири мусалмонон ҳимоят мекунад, ба давлатҳои исломие, ки бар аҳли дин фишор меоваранд тавсия кунад, то муроъоти ҳоли исломгароҳоро бикунанд.»

Мавлавӣ Абдулҳамид дар поён изҳор дошт: «Тавсияи банда ба шиъа ва суннӣ он аст, ки якдигарро ба оғӯш бигиранд ва манозили худро барои ибодат бар рӯйи якдигар боз кунанд ва бо якдигар муҳаббату дӯстӣ дошта бошанд

2 Comments »

  1. Ман як чизро намефахмам 29 сол шуд ин конфронси вахдати исломй баргузор мешавад. 29 сол шуд ин конфронс кору фаъолият мекунад, аммо хеч натичае наммебинам. Вазъи мусалмонон бадтар шудаистодаасту бехтар не. Чанги шиъаву сунни дигар охиста охиста дорад ба авчи худаш мерасад. Як ба минтака назар андозед! Чи мебинед? Ма бо ин суэанхом зидди ин чорабинихо нестам, ман гуфтаниям, ки чаро натича нест чаро? Ин хама масраф ин хама захмат ин хама уламо андешмандон чамъ мешаванд, вале бе натича….

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: