Перейти к содержимому

«Ошӯби Назарзода» кори дасти чӣ касе буд?

D790D2A1-B909-4AC0-AD61-AD6E1DB9387F_mw1024_mh1024_sЁддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Бархӯрди ҳукумат бо ҲНИТ пас аз масъалаи Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳадде шитобзадаву ношиёна ва ғайриҳирфаӣ буд, ки шакку тардиди ҳар таҳлилгареро ба яқин бадал мекунад, ки исёни Ҳоҷӣ Ҳалим доме беш набуд, ки ҳукумат бо густардани он, хост танҳо ҳизби мухолифи худро шикор кунад.

Аксулъамалҳои ҳукумат воқеан суолбарангез аст, аз ҷумла: агар ин амалиёт як нақшаи аз пеш тарроҳишуда намебуд, чаро мақомоти қудративу амниятии режим билофосила ангушти иттиҳоми худро ба самти ҲНИТ гирифтанд? Яъне Кумитаи амнияти Ҷумҳури Тоҷикистон то ин ҳадд тезбину огоҳ аз ҳаводиси ошкору пинҳони кишвар аст, ки дар камтарин фурсат, бо суръати нур ҳама чизро ошкор кард?

Агар масъулони амниятии мо то ин ҳадд тезбину огоҳу «супермен» бошанд, пас чӣ гуна аз пешбинии исёни муовини вазири дифоъ — ки ҳамкори худашон мебошад — нотавону оҷиз монаданд? Чаро пас аз он ки масъулин расман эълон карданд, ки “фитнаи Ҳоҷӣ Ҳалим»-ро комилан шикаст доданд, ҳатто як нафар аз ҳамроҳони ӯро дастгир намуда, ба маҳкама накашонданд? Наход як нафар аз ҳамроҳони Ҳоҷӣ Ҳалимро зинда дастгир накарда бошанд?

Чандин суоли бепосухи дигар дар ин қазия вуҷуд дорад, ки ба замми як даста иқдомҳои пас аз он аз тарафи ҳукумат, сохтакорӣ будани ин қазияро ошкор мекунад.

Яке аз масоиле, ки дар фаҳми ҳақиқати ин гуна ҳаводис кӯмак мекунад ин аст, ки бибинем, чӣ касе аз он бештарин баҳрабардориро кардааст?! То ҳанӯз ба ғайр аз ҳукумат ҳеҷ ҷонибе аз ин қазия баҳрабардории сиёсӣ накардааст. Яъне ин қазия ба фоидаи ҳеҷ гурӯҳи сиёсие тамом нашуд.

Аввалин баҳрабардории сиёсии ҳукумат аз қазияи Ҳоҷӣ Ҳалим, ин на танҳо берун рондани рақиби сиёсии ҳукумат яъне ҲНИТ аз майдони сиёсати дохилӣ буд, балки билофосила ҳукумат Наҳзатро гурӯҳи эктримистӣ эълон кард, дар ҳоле ки ҳанӯз фурсате барои анҷоми таҳқиқоти ҳақиқатёб дар ин хусус даст дода бошад. Ин рафтори ҳукумат ҳар касеро ба шак вомедорад, ки гӯё ҳукумат аллакай аз пеш ҳамаи нақшаҳои худро кашида ва нақши ҳар касро пешакӣ таъйин кардааст.

Баҳрабардории дуввуми ҳукумат аз ин қазия, эҷоди фазои амниятӣ дар кишвар ва ҳамвор кардани роҳ барои маҳдуд кардани ғайриқонунии расонаҳои ҷамъӣ аст. Зеро дар ҳолати бавуҷуд омадани фазои амниятӣ, маъмулан дасти ҳукуматҳо нисбат ба анҷоми иқдомоти ғайриқонунӣ бештар боз мешавад ва он фишорҳое, ки дар шароити оддӣ имкони анҷомашро надоранд, дар як фазои амниятӣ озодона анҷом медиҳанд.

Масъалаи дигаре, ки шояд онро ҳам ба навъе баҳрабардории ҳукумат аз ин ҳолати пешомада донист, масъалаи ифшо шудани фурӯши ғайриқонунии яроқу аслиҳа ба Толибон мебошад. Қазия аз ин қарор аст, ки тибқи бархе аз маълумоте, ки ахиран тавассути баъзе аз нашрияҳо мисли нашрияи бритониёии The Sunday Times фош шуд, Тоҷикистон дар соли ҷорӣ чанд бор мизбони музокироти Русия бо Толибон будааст ва дар ин росто ҳамчунин Тоҷикистон ба Толибон ба сурати пинҳонӣ яроқу аслиҳа фурӯхтааст. Ҳатто дар масъалаи гаравгонгирии чанд сарбози тоҷик тавассути Толибон, ки ҳукумати Тоҷикистон эълон намуда буд, бо висотати Қатар он сарбозонро пас гирифтааст, бархе манобеъ фош карда, ки Тоҷикистон он сарбозонро дар ивази таъмини Толибон бо яроқу аслиҳа бозпас гирифтааст.

Гуфта мешавад, ҳамаи ин амалиёти пинҳониро аз тарафи Тоҷикистон, женерол Назарзода анҷом медодааст ва аз он ҷое ки набояд аз он амалиёти пинҳонӣ ягон чизе боқӣ бимонад, режим женеролро ба ин тариқ аз миён бамедорад.

2 Comments »

  1. Фурушандаи аслиха дар точикистон хамеша Хайруллоев будааст ва робитааш бо русхо мустаким аст хукумати Рахмон ин корро хичгох ба собик размандагони Инот бовар намекард ва хамешаам онхо мисли гови ала барои хукумат буданд яъне чудо.

    Нравится

  2. Чаро пас аз он ки масъулин расман эълон карданд, ки “фитнаи Ҳоҷӣ Ҳалим»-ро комилан шикаст доданд, ҳатто як нафар аз ҳамроҳони ӯро дастгир намуда, ба маҳкама накашонданд? Наход як нафар аз ҳамроҳони Ҳоҷӣ Ҳалимро зинда дастгир накарда бошанд?

    Акаи нависанда аз ватан берун баромада мардумро вас вас мекунед. Гурухи Хочи Халимро зинда капидагиша оварда куштан. Барои чи? Барои ки ваё медонистан ки ин коро ташкил кард.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: