Перейти к содержимому

Аҳдофи сафари Раҳмон аз нигоҳи чанд тан аз коршиносони тоҷик

1411801497_emomali-rahmonЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз (02.01.2015), дар як сафари расмӣ озими Арабистони Саудӣ шуд. Вазири умури хориҷа, ёвари раисиҷумҳур оид ба масоили равобити хориҷӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, вазири нақлиёт, вазири маориф, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Раҳмонро дар ин сафараш ҳамроҳӣ мекунанд.

0987Ҳарамгули Қодир, рӯзноманигори тоҷик, бо баёни ин ки «Тоҷикистон дар вазъияти имрӯз дар талош аст, то равобит ва муносибатҳои худро бо кишварҳо дар шакли нав ба роҳ монад, аз ҷумла дар заминаи мубориза бо ифротгароӣ ва теруризм», изҳор дошт: «Аммо бо Арабистони Саудӣ вазъият фарқ мекунад; зеро бо таваҷҷӯҳ ба ҳайъати Тоҷикистон, ки бештар аз бахши тиҷорат, маориф ва туризм иборат мебошад, метавон гуфт, ба эҳтимоли зиёд Тоҷикистон дар садади дарёфти квота барои донишомӯзони тоҷик ва низ ҷалби бозаргонҳои саудӣ барои сармоягузорӣ дар кишвар ва ҳамчунин зиёд кардани саҳми зоирони тоҷикистонӣ барои ҳаҷ ва умра бошад, ки ҳамеша меҳвари муносибатҳои ду давлат будааст.»

9878Аммо Иззат Амон, коршиноси масоили сиёсӣ назари дигаре дорад. Ӯ мегӯяд: «Ба назари ман, сафари оқои Раҳмон ба Арабистони Саудӣ, чанд ҳадафро дунбол дорад. Аввалан, дар солҳои ахир дар минтақаи Осиёи Марказӣ бахусус дар Тоҷикистон, бархӯрди манофеи абарқудратҳо мушоҳида мешавад. Ва маълум аст, ки Арабистони Саудӣ низ дар минтақа дунболи аҳдофи жеупулитикии худ аст ва дар ин росто, вазифаи шумораи яки Арабистони Саудӣ ба назар мерасад ин муқобила ва мухолифат бо Эрон ва сиёсати густурдаи он дар минтақа ва ба вижа дар Тоҷикистон бошад. Барои расидан ба ин ҳадаф, Арабистони Саудӣ ҳозир аст ҳама кор бикунад.»

Иззат Амон дар идома афзуд: «Ва сониян, ки эҳтимолаш зиёд аст, сафари ахири ҷаноби Раҳмон ба Саудӣ, ба эъломи ташкили як эътилофи низомии кишварҳои исломӣ бармегардад. Муддате пеш Риёз эълом дошта буд, ки дунболи таъсиси як паймони низомӣ миёни кишварҳои исломӣ ба хотири мубориза бо теруризм мебошад. Ва Душанбе аз аввалинҳо шуда ширкати худ дар ин паймонро эълон кард. Бинобар ин, ба назар мерасад, сафари оқои Раҳмон ба Саудӣ, ба хотири гуфтушунид оиди ширкати кишвараш дар ин паймон ва шарту шароити пайвастанаш ба он бошад.»

Иззат Амон ҳамчунин ёдовар шуд: «Ҷалби арабистониҳо барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон низ метавонад аз аҳдофи ин сафар маҳсуб ояд.»

Ин коршиноси масоили сиёсӣ дар поён ёдовар шуд: «Ногуфта намонад, ки бо вуҷуди фишорҳо болои мусалмонон дар Тоҷикистон ва эҷоди маҳдудиятҳо барои мусалмонон, аммо Саудӣ равобити хуберо бо Тоҷикистон барқарор кардааст.»

543423Собир Валиев, коршиноси масоили иқтисодӣ ва муовини раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, дар ин бора мегӯяд: «Албатта дар канори беҳтар кардани муносибатҳои дуҷониба ва баҳсу баррасии авзоъи бӯҳронии охири минтақа, ба хусус Афғонистон, ба назар мерасад, ки яке аз аҳдофи ин сафар, ҷуброни костии буҷаи кишвар бошад, ки ба далели кам шудани интиқоли пул аз сӯйи муҳоҷирон, тақрибан холӣ шуда буд.»

Валиев афзуд: «Ва аз назар ин ҳам дур нест, ки Раҳмон худро ҳамчун пуштибони сунниҳо аз хатари мазҳаби шиъа нишон диҳад ва бикӯшад, ки расонаҳои вобаста ба Арабистон, ки ба форсӣ пахш мешаванд, аз интиқоди Раҳмон ва режимаш даст бардоранд.»

1 комментарий »

  1. Савол дорам, ки чаро дар замоне, ки Русия ҳампаймони дерина ва аслӣ ва ёрикунандаи воқеии Тоҷикистон, ки бо Арабистонт сари ҷанг дорад ба ҳар далеле (маслан арзоншавии нефт), дар чунин замоне Ҷаноболӣ ба Арабистон сафар мекунад? Чаро дар вазъияти буҳронии кишвар аз назари амнияти ки пушти марзҳои Тоҷикистон пур шуда аст аз ДОИШиҳо сафар сурат мегирад? Чаро пас аз даъвати Кабирӣ ба ҶИЭрон дар конфронси ваҳдат ин сафар ба Арабистон омода мешавад? Чаро 3 руз баъд аз шаҳид намудани Шайх Нимир Аннимир Ҷаноб ба Арабистон меравад? ҳамаи ин саволҳо ва саволҳои дигар як рабте доранду берабт нестанд! Ба назари Шумо Мусел ва Аррамодӣ дар Ироқ чигуна ба осонӣ дар дасти ДОИШиҳо афтод? ба назри ман ки Арабистон милиардҳо долар дод ба ниҳомиёни муселу рамодӣ ва онҳо шаҳрро ду даста тақдими доиш намуданд! Оё агар Тоҷикистон ба эътилофи исломии зидди терористи (дар ҳақиқат эътилофи исломии зидди русия ва Эрон), бипайвандад бо гирифтани милиардҳо долар Тоҷикистонро ба дришиҳо месупорад, ки ба манофеи Русия зарба бизананд!???

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: