Сиёсат

Сафари Раҳмон ба Арабистони Саудӣ

F_L0D9DexZkЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз (02.01.2015), дар як сафари расмӣ озими Арабистони Саудӣ шуд.

Сойти расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин бора навиштааст: «Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода, Раиси ҶСК “Агроинвестбонк” Муродалӣ Алимардон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд

Пештар Азамшо Латифзода, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Ашшарқул-авсат (нашрияи расмии Арабистони Саудӣ), бо таъкид бар ин ки Тоҷикистон «дар ҳоли баррасии пешниҳоди Арабистони Саудӣ мабнӣ бар пайвастан ба эътилофи исломии мубориза бо теруризм аст», гуфта буд: «Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур, тасмим дорад, дар авоили моҳи январ ба манзури гуфтугӯ бо Ходимул-Ҳарамайн Малик Салмон ибни Абдулазиз, аз Риёз боздид кунад». Латифзода ҳадаф аз аз ин гуфтугӯро «тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвари Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ» унвон карда буд.

Абдулбори Атвон, нависандаи фаластинитабор ва сардабири нашрияи Раъюл-явм, дар ёддоште ҳадаф аз ташкили «эътилофи исломии мубориза бо теруризм» аз сӯйи Арабистони Саудиро «дар ҷиҳати таҷзияи мазҳабии минтақа» дониста, ёдовар шуда буд, Арабистон мехоҳад, «то Сойкс-Пикуи ҷадиде шакл бигирад ва минтақа дубора шоҳиди тақсими манотиқи ҷуғрофиёӣ бошад, ва ин бор бар асоси мазҳаб.» Атвон афзудааст: «Ин як моҷароҷӯии бисёр хатарнок аз сӯйи Арабистон аст, ки бо саросемагӣ саъй мекунад, то ҷангеро ба поён нарасонда, вориди ҷанги дигаре шавад ва албатта шавоҳид ва додаҳо ҳокӣ аз он аст, ки доманаи ин ҷанги ҷадид густарда мешавад ва мумкин аст ин ҷанг бо таҳрики Омрико ва «Исроил» ё ҳатто мушорикати «Исроил», ба ҷанги дигаре бо Эрон ва муттаҳидонаш бианҷомад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.