Ваҳдати исломӣ

Хабаргузории Форс: «Суханони Файзулло Баротзода мавриди таъйид нестанд»

12402080_457225571137697_742099245501919249_oХабаргузории Форс, бо ишора ба суханони Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гуфтааст: «Баргузоркунандагони Конфронси ваҳдати исломӣ аз ҳайъати тоҷик ба хотири нишондани Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар канори Сайидмукаррам Абдулқодирзода узрхоҳӣ кардаанд», ин суханонро «таъйиднашуда» унвон кард.

Хабаргузории Форси Эрон, дар матлабе бо унвони «Вокуниши Тоҷикистон ба ҳузури Кабирӣ дар Конфронси ваҳдати исломӣ», навиштааст: «Ҳузури раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Конфронси ваҳдати исломӣ, вокунишҳоеро аз тарафи давлати Тоҷикистон ва бархе чеҳраҳои ин кишвар ба ҳамроҳ дошт. Ин дар ҳоле аст, ки Кабирӣ дар ҳошияи ин конфронс бо тане чанд аз шахсиятҳои кишварҳои исломӣ дидор ва бо мақоми муаззами раҳбарӣ низ гуфтугӯи кӯтоҳе дошт

Ин хабаргузорӣ навишт: «Дар аввалини ин вокунишҳо давлати Тоҷикистон сафири Эронро дар ин кишвар эҳзор ва маротиби нохушнудии худро дар ин замина унвон кард. Ҳамчунин Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯроии уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар намози ҷумъаи шаҳри Душанбе, даъват аз раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар Конфронси ваҳдати исломиро бе эҳтиромӣ ба миллат ва давлати Тоҷикистон донист

Хабаргузории Форс дар ин гузориши худ афзуд: «Абдулқодирзода, ки худ низ ҷузъи меҳмонони ин конфронс буд, гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ ҳамвора эълом карда, ки бо Тоҷикистон дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг аст, аммо дар Конфронси ваҳдати исломӣ хилофи ин мавзӯъ собит шуд

Форс дар идома навишт: «Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо интиқод аз Теҳрон барои даъват аз Кабирӣ ба 29-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ, дар суханоне таъйиднашуда гуфт, ки дар ин робита баргузоркунандагони ин конфронс аз ҳайъати тоҷик узрхоҳӣ кардаанд

Хабаргузории Форс дар идомаи гузориши худ, иттиҳоми даст доштани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шӯриши женерол Назарзодаро воҳӣ донист ва афзуд: «Вокуниши манфии чеҳраҳои сиёсии тоҷик дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар пайи бурузи бархе нооромиҳо ва амалиёт алайҳи Абдуҳалим Назарзода — муовини собиқи вазорати дифоъ ва шуморе аз тарафдоронаш, Ҳизби наҳзати исломиро ба далоили воҳӣ, ба ҳамдастӣ бо вай дар тарҳи як кудато муттаҳам мекунанд

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст: «Кабирӣ ва Шӯроии олии раҳбарии ин ҳизб, борҳо эълом карданд, ки аз таҳаррукоти Назарзода муталлеъ набуда ва нисбат ба ҳар гуна истифода аз аҳруми хушунат низ интиқод доранд.»

Хабаргузории Форс навишт: «Дар ҳамин ҳол, гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ тайи моҳҳои гузашта боздоштҳои худсарона ва шиканҷаи аъзо ва фаъолони Ҳизби наҳзати исломиро маҳкум карда ва аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки даст аз саркӯби мухолифони сиёсиаш бардорад ва ба ҳаққи озодиҳои шаҳрвандон эҳтиром бигузорад.»

Форс афзуд: «Бархе аз ин созмонҳо гуфтаанд, ки мамнӯияти Ҳизби наҳзати исломӣ ба маънои лағви тавофуқоти сулҳи соли 1997 аст, ки ба ҷанги дохилии 5-сола (1992-1997) дар Тоҷикистон поён дод.»

Ин хабаргузорӣ дар поёни гузориши худ ёдовар шуд: «Тоҷикистон тайи солҳои ахир сиёсатҳои динситезонаеро ба мавриди иҷро гузошта, ки илова бар таътилии танҳо ҳизби исломии миёнарав ва фаъол дар минтақа, маҳдудияти ҳиҷоб, эҷоди маҳдудият барои намозгузорони масоҷид, таътилии амокини мазҳабӣ ва мамнуияти фаъолияти бархе масоҷид, аз ин ҷумла аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.