Перейти к содержимому

Таъкиди Тоҷикистон ва Арабистон бар муборизаи муштарак бар зидди теруризм ва ифротгароӣ

23527272663_08bca22094_hДар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо валиаҳди Арабистони Саудӣ, бар масъалаи ҳамкорӣ дар заминаи муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир таъкид шудааст.

Ба гузориши сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар «мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо валиаҳди Мамлакати Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Нойиф ибни Абдулазиз Оли Сауд, ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.»

Тибқи ин гузориш, «бо баёни қаноатмандӣ аз заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар, ки зимни ин сафар бо як зумра санадҳои нав тақвият ёфт, изҳори умед карда шуд, ки арсаҳои ҳамкорӣ густариш хоҳад ёфт.»

Гузориш афзудааст: «Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили ҳамкории босамар дар муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир зоҳир гардид

Ҳамчунин дар дидори Раҳмон бо валии валиаҳд вазири дифои Мамлакати Арабистони Саудӣ, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд гуфтааст: “Мо ҷонибдори ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳо бо Тоҷикистонем.

Бар асоси гузориши сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор «масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва татбиқи амалии тавофуқоти сатҳи олӣ, ки имрӯз миёни Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ ҳосил гардид, ба таври муфассал баррасӣ шуд.»

Ин гузориш афзудааст: «Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд бо ёдоварӣ аз ҳаҷми нокифояи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии миёни ду кишвар изҳор дошт, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон гурӯҳи корӣ мефиристад, то ки бевосита роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодию сармоягузориро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳанд

Тасовире аз ин дидорҳо:

23527273703_cab0316554_h

23521261984_03c21f9e2d_h

23521261244_f530ba68ac_h

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: