Перейти к содержимому

«Мехоҳанд, аз Раҳмон Брежневи дигаре бисозанд»

F_L0D9DexZkИнак, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, расман дорои унвони «Пешвои миллат» шуд ва ҳатто пешниҳодҳое мекунанд мабнӣ бар ин ки дар мадорис ва донишгоҳҳои кишвар «Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат» барои донишомӯзон ва донишҷӯён тадрис шавад.

Ҳол, муҳимтарин масъалае, ки дар ин миён матраҳ аст ин аст, ки «Пешвои миллат» унвон шудани раисиҷумҳур, чӣ чизеро барои ҷомеа ба армуғон меоварад? Зеро, ғолибан чунин аст, ки вақте ҳукуматҳо – ҳар ҳукумате ва дар ҳар кишваре — сиёсати муайянеро пеш бигирад, интизори ҷомеа беш аз ҳар чизе дигар, аввал ин аст, ки оё вазъи онҳо дар ҳамаи ҷиҳот бо ин сиёсати ҷадид беҳбуд хоҳад ёфт на?

11138514_10153434851501112_40665679435683787_nУмеди Ҷайҳонӣ, фаъоли фарҳангии тоҷик, бо баёни ин ки бо «Пешвои миллат» унвон шудани раисиҷумҳур, ҳеч тағийр ва дигаргуние дар ҷомеа падид нахоҳад омад, мегӯяд: «Пештар аз раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам, кишвардороне будаанд, ки шоҳаншоҳу подшоҳу султону соҳибқирону «ҳафт осмон дар зери наъли аспон» унвон доштаанд, вале на кишварашон ободу ҷовидон монд ва на ному нишонашон

Вай меафзояд: «Ба гумонам, касоне ки раисҷумҳури Тоҷикистонро моил ба пазириши чунин унвонҳои пуку бемуҳтаво мекунанд, мехоҳанд аз ӯ Брежневе бисозанд, ки аз аҳволу авзоъи кишвар хабаре надошт

2244Бахтиёр Аминӣ, шоир ва фаъоли иҷтимоӣ низ ба ҳамин бовар аст. Ӯ мегӯяд: «Албатта вазъ беҳбуд нахоҳад ёфт. Ва ин ҳама пешвохониву корҳое мисли ин, як зарра ҳам боиси рушду пешрафти мардуму миллат нахоҳад шуд.» Вай меафзояд: «Баръакс, ин пешвохониҳо моро ба ақаб мекашад ва руҳияи ғуломиву бардагиро бештар дар ҷону равонамон ҷо мекунад

Аминӣ, бо баёни ин ки он чӣ имрӯз беш аз ҳар чизи дигаре барои беҳбуд ёфтани вази ҷомеаи тоҷик лозим аст, «ташхиси беморӣ ва дар пайи дармони он шудан аст, вале мо аз ташхиси беморӣ меҳаросем», мегӯяд: «Ва чун мо аз ташхис меҳаросем, наметавонем дар бораи дармон фикр бикунем. Ва бадбахтона, ин беморӣ дорад музаммин (хронический) мегардад ва умеди дармон ҳам ба тартиб рӯз ба рӯз кам мешавад

2233Бек Раҳмонӣ, рӯзноманигори тоҷик, бо таъкид бар ин ки «бо гирифтани ин ё он унвон ва ном, чизе дар ҷомеа тағир намеёбад, хотирнишон мекунад: «Зеро ки беҳбуд ёфтани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаҳо, ба ному унвонҳо бастагӣ надорад

Вай, дар баёни ин ки чӣ чизе барои беҳбуд ёфтани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа лозим аст, мегӯяд: «Ҷомеа барои пешрафт, дар навбати аввал ниёз ба мутахассисон ва сипас ба мустаҳкам кардани зерсохтҳои кишвар дорад

Як коршиноси вобаста ба яке аз марокизи муҳимми давлатӣ, ки хост номаш зикр нашавад, бо баёни ин ки «унвони Пешвои миллат, ки бе шак сазовори Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ба хотири хизматҳое, ки кардаанд ва ҳеч кас наметавонад хизматҳои Ҷаноби Олӣ махсусан дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистонро рад кунад», гуфт: «Набояд мо ба ин унвон аз ҷанбаи маҳз иқтисодӣ нигоҳ кунем ва интизор дошта бошем, ки вазъи иқтисодии мардум беҳтар хоҳад шуд. Балки ба ин унвон бояд аз ҷанбаи сиёсӣ нигоҳ шавад. Дар ҳоли ҳозир, ҷомеаи мо беш аз ҳама ба муттаҳидӣ ва якпорчагӣ ниёзманд аст. Шумо агар ба таърихи кишварҳои мухталиф дар ҳангоми ташаккулёбиашон нигоҳ кунед, мебинед, ки раҳбар ба ҳайси меҳвари муттаҳидкунандаи миллат қарор гирифтааст, дар кишварҳои демократӣ ҳам

1 комментарий »

  1. Тоҷикистон нақшаи ҳукумати Туркияра ифо мекунаду Ҷаноб нақшаи Эрдуғона дар робита бо ДОИШ ҳамонтавре, ки Туркия маркази тамрину утоқи фикрии доишу макони истироҳати бузургонаш буд бо пулҳои милиардии арабу ғарбу америка барои зарба задан ба суриявву муқовимат нҷо ҳам ҳамон мешавад барои зарбазани ба русия шояд!!!

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: