Перейти к содержимому

Мавлавӣ Абдулҳамид: «Қатъи равобити Эрон ва Арабистон ба нафъи ҷаҳон ислом нест»

87564Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, аз уламои барҷастаи аҳли суннати Эрон, бо ишора ба эъдоми Шайх Боқир ан-Намир ва иттифоқоте, ки ин ҳодиса дар пай дошт, қатъи робитаи Арабистон ва Эронро «ба зарари ҷаҳони ислом» донист.

Ба гузориши пойгоҳи Sunnionline, Мавлавӣ Абдулҳамид дар суханоне дар маросими намози ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон, ба эъдоми Шайх Боқир ан-Намир тавассути ҳукумати Арабистони Саудӣ ишора кард ва гуфт: «Эъдоми Шайх ан-Намир дар Арабистони Саудӣ, ҳодисаи такондиҳанда буд, ки сабаби парешонӣ ва таҳрики эҳсосот шуд. Шайх ан-Намир яке аз уламои шиъа буд, ки махсусан пас аз инки дар Арабистони Саудӣ ба зиндон афтод, тарафдорони зиёде пайдо кард.»

Вай дар идома афзуд: «Эъдоми Шайх ан-Намир на танҳо дар ҷомеаи шиъа таъсироте манфӣ эҷод кард ва эҳсосоти азизони шиъаи моро ҷариҳадор кард, балки мояи парешонӣ ва нигаронии шиъа ва суннӣ шуд, зеро куштани олим, чӣ шиъа ва ё суннӣ ва ҳатто олими масеҳӣ ва аҳли китоб, мӯҷиби ҷариҳадор шудани эҳсосоти мардум мешавад, магар ин ки фард муртакиби қатл шуда бошад, ки дастури шариъат дар ҳаққи вай иҷро мешавад. Аммо агар фарде, бавижа як олим, ки мардум нисбат ба ӯ эътиқодоти мазҳабӣ дошта бошанд, муртакиби қатл нашуда бошад, набояд ӯро ба қатл расонд ва эҳсосоти мазҳабӣ ва эътиқодии мардумро таҳрик кард

Имомҷумъаи аҳли суннати Зоҳидони Эрон, ба бархе вокунишҳо ба эъдоми Шайх ан-Намир ишора кард ва гуфт: «Масъалаи эъдоми Шайх ан-Намир эътирозоти бахши бузурге аз ҷомеаҳоро ба дунбол дошт, ки бар эъдоми ин олим эътироз карданд. Мо низ эъдоми эшонро тақбеҳ кардем, зеро куштани як олим нуқсони бисёр зиёде барои ҷомеа дар пай дорад. Агар фарде мушкиле дорад, бояд роҳе ғайр аз куштан, ки мулойимтар буда ва бо ҳикмат наздик бошад, ихтиёр шавад.»

Мавлавӣ Абдулҳамид дар идома, ба бархе иттифоқоти дохили Эрон дар вокуниш ба эъдоми Шайх ан-Намир ишора кард ва гуфт: «Ҳамла ба сафоратхона ва консулгарии Арабистон дар Теҳрон ва Машҳад, шоистаи шаъни миллати Эрон набуд, зеро аз лиҳози шаръ, урф ва қавонини байналмилалӣ, тамоми сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва диплумотҳо бояд дар амнияти комил қарор дошта бошанд. Агар як давлат дар ҷойе муртакиби гуноҳ ва иштибоҳе мешавад, бояд намояндагии ӯ дар дигар кишварҳо маҳфуз бошанд ва набояд афроди худсар мубодират ба коре кунанд, ки ба эътибори як миллат ва низом зарба ворид шавад

Вай хотирнишон кард: «Албатта ҳеч кадом аз масъулин, чӣ раҳбари муъаззами инқилоб ва ё соири масъулин, ба ин иттифоқ розӣ набуданд ва мӯҷиби нигаронии онон шуд. Бинобар ин, умедворем, масъулин дар ин замина барномарезӣ ва тартибе иттихоз намоянд, то дар оянда ҳеч фард ё гурӯҳе ҷуръат надошта бошад ба ҳайсияти миллат ва низом зарба ворид кунанд.»

Мавлавӣ Абдулҳамид дар вокуниш ба қатъи робитаи Арабистон ва Эрон изҳор дошт: «Қатъи робитаи Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба нафъи минтақа ва мусалмонон нест, балки барои ҷомеаи исломӣ нуқсон дорад. Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мавқеияти вижае дар минтақа бархӯрдоранд ва ду кишвари муҳимми ҷаҳони ислом ба шумор мераванд, ки метавонанд мушкилот ва ихтилофоти минтақаро ҳаллу фасл кунанд. Бинобар ин, набояд таниш ва ихтилоф байни ин ду кишвар ташдид пайдо кунад. Набояд кишварҳои исломӣ иртиботи худро бо якдигар қатъ кунанд. Ин қатъи иртибот ба зарари миллатҳо ва ҷаҳони ислом тамом мешавад. Аз ин рӯ, умедворем ин робита ҳарчӣ сареътар бо гуфтумон ва тадбир ва андеша барқарор шавад

Қонуни эъдом дар бархе кишварҳо бояд мавриди таҷдиди назар қарор гирад

Мавлавӣ Абдулҳамид дар идомаи суханони худ, аз қонуни эъдом дар бархе кишварҳо интиқод кард ва гуфт: «Эъдом чизи дурусте набуда ва сахттарин муҷозот аст. Мавориди иҷрои ҳукми эъдом дар шариати ислом, бисёр маъдуд аст. Бинобар ин, тавсияи мо ба тамоми давлатҳои исломӣ ва ғайри исломӣ, ки қонуни эъдом дар онҳо вуҷуд дорад он аст, ки дар ин қонун таҷдиди назар сурат гирад.»

Вай хотирнишон кард: «Қавонини ҳар мамлакате бояд таҷдиди назар шаванд ва дар сурати ниёз тағйир дода шаванд. Қавонини ҳеч кишваре «ваҳйи осмонӣ» нестанд, ки қобили тағйир набошанд, балки бардошт ва сохтаи инсонҳо ҳастанд ва инсонҳо ҳатто агар фуқаҳо ва уламо бошанд, мумкин аст дар сохти қавонин муртакиби хато ва иштибоҳ шаванд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: