Пароканда

Моҷарои иқдоми шармовари иддае паноҳҷӯ ва ҳикояти Саъдӣ

888Дар ниҳоят, ҳамон гуна ки пешбинӣ мешуд, иқдоми шармовари иддае паноҳҷӯ дар дастдарозӣ ба занон ва дуздӣ аз онҳо дар ҷашнҳои шаби соли нав дар Олмон, фақат худи онҳоро гирифтор накард, балки давлати Онгело Меркел — садри аъзами Олмон, бо пешниҳоди тағйир дар бархе сиёсатҳои давлати Берлин, аз сиёсати пешини худ дар заминаи ҷазби паноҳҷӯён фосила гирифт ва дар гирдиҳамоии рӯзи шанбеи ҳизби ҳокими демукрот-масеҳӣ, эълом кард: «Агар тибқи қонуни мавҷуд, ихроҷи паноҳҷӯёни муҷрим аз Олмон осон набошад, бояд барои тағйири қонун фикре кард

Ин суханони Меркел ба ин маъност, ки ӯ аз тағйири қонуни феълии Олмон ва сахттар шудани он дар қиболи паноҳҷӯён ҳимоят мекунад. Бар асоси қонуни феълии Олмон, танҳо замоне метавон як паноҳҷӯро аз ин кишвар ихроҷ кард, ки ҷурме муртакиб шуда бошад, ки муҷозоти он 3 сол зиндон аст, ва илова бар он, бими хатари ҷонӣ барои бозгашти паноҳҷӯ ба кишвараш вуҷуд надошта бошад. Аммо дар сурати тағйири ин қонун, мумкин аст дар ҳар ду шарти ихроҷи паноҳҷӯён таҷдиди назар сурат гирад, ки кори ихроҷи онҳоро осон мекунад.

Ин тағйири сиёсати давлати Олмон албатта аз рӯзҳо пеш қобили пешбинӣ буд; ҳангоме ки хабари дастдарозии ҷинсӣ ва сирқат тавассути бархе паноҳҷӯёни тозаворид дар рӯзҳои гузашта, дар садри ахбори расонаҳои олмонӣ қарор гирифт ва бархе гурӯҳҳои ростгаро (аз ҷумла ҷунбиши ростгарои Pegida) бо баргузории тазоҳуроти эътирозӣ, сиёсатҳои Меркелро ба боди интиқод гирифтанд.

Аз назари бисёре аз ростгароён, сиёсати давлати Меркел дар ҷазби беш аз 1 милюн паноҳҷӯ дар соли 2015, навъе худзанӣ ба ҳисоб меомад, зеро ба назари онҳо, имкони контроли паноҳҷӯён, ки ба сурати мавҷе густарда аз як минтақаи даргир ва бесубот вориди Олмон ва бархе дигар аз кишварҳои урупоӣ шудаанд, вуҷуд надорад.

Аммо мухолифатҳои мухолифон замоне ки иштибоҳе аз сӯйи худи паноҳҷӯён ва муҳоҷирон сар назада буд, дар амал натавонист дар сиёсатҳои давлати хонум Меркел таъсир гузорад. Вале иқдоми иддае андак аз паноҳҷӯён – ки ҳатто ба 10 нафар ҳам намерасад — дар ниҳоят баҳонае шуд, то сиёсатҳои «дарҳои боз»-и хонуми Меркел поён ёбад.

Олмон дар миёни кишварҳои урупоӣ мутасоҳилтарин рӯйкардро дар қиболи паноҳҷӯён дар пеш гирифтааст ва ҳатто дар замоне ки мавҷи шадиди расонаӣ пас аз воқеҳои ҷашни соли нав дар шаҳри Келн ва чанд шаҳри дигари Олмон алайҳи паноҳҷӯён ва муҳоҷирон сурат гирифт, фаъолони ҷомеаи мадании олмонӣ бо баргузории таҷаммуъҳое, аз мунтақидон хостанд, ҳамаи паноҳҷӯёнро ба як чӯб наронанд ва иқдоми иддае ангуштшумор аз паноҳҷӯён, боиси тасвия ҳисоби куллӣ бо ҳамаи паноҳҷӯён нашавад. Бо ин вуҷуд, иқдоми бархе аз паноҳҷӯён он қадр нафратангез ва зишт буд, ки кори дифоъ аз ҳуқуқи паноҳҷӯёнро бисёр сахттар аз гузашта кард.

Вуруди мавҷи садҳо ҳазор нафарии паноҳҷӯён ба Олмон низ бо вуҷуди мухолифатҳои густардаи бархе маҳофили ростгарои олмонӣ ва бархе дигар аз давлатҳои урупоӣ дар моҳҳои гузашта, бевақфа идома дошт ва давлати хонум Меркел бо вуҷуди ҳамаи мухолифатҳо, дарҳоро ба рӯйи онҳо боз гузошта буд, аммо бархе аз ҳамин паноҳҷӯён коре карданд, ки асбоби хиҷолати хонуми садри аъзамро фароҳам карданд ва ба ҳамроҳи он, сарнавишти анбӯҳе аз паноҳҷӯёнро низ таҳти таъсир қарор доданд.

Масали моҷарои «таҷовуз ва сирқати шабона»-и иддае аз паноҳҷӯёни тозаворид ба Олмон ба занони олмонӣ дар ҷашнҳои шаби соли нави милодӣ, дуруст шабеҳи ҳикояте аз «Гулистон»-и Саъдӣ аст; зеро ҳам «таҷовуз ва ғорат» дар шаб буд ва ҳам ба зиндон афтодани ҳамаи дарвешони ҳамтариқи он дузди ношиноси ҳамроҳи корвони дарвешон.

Ҳикояти боби дуввуми «Гулистон»-и Саъдӣ хонданӣ аст:

Тане чанд аз равандагон муттафиқи саёҳат буданду шарики ранҷу роҳат. Хостам, то мурофиқат кунам, мувофиқат накарданд. Гуфтам:

— Аз карами ахлоқи бузургон баъид аст рӯй аз мусоҳибати мискинон тофтан ва фоида дареғ доштан, ки ман дар нафси хеш ин қадр қудрату суръат мешиносам, ки дар хидмати мардони порсо ёри шотир бошам, на бори хотир.

Ин лам акун рокиба-л-мавошӣ,

Асъо лакум ҳомила-л-ғавошӣ.

Тарҷумаи байт:

Агар ба чорпоён савор нестам, кӯшиш мекунам, зинпӯши шуморо бар дӯш гирам.

Яке з-он миён гуфт:

— Аз ин сухан, ки шунидӣ, дил танг мадор, ки дар ин рӯзҳо дузде ба сурати дарвешон баромад ва худро дар силки сӯҳбати мо мунтазам кард.

Чӣ донанд мардум, ки дар ҷома кист?

Нависанда донад, ки дар нома чист.

Ва аз он ҷо, ки саломати ҳоли дарвешон аст, гумони фузулаш набурданд ва ба ёрӣ қабулаш карданд.

Сурати ҳоли орифон далқ аст,

Ин қадар бас, чу рӯй дар халқ аст.

Дар амал кӯшу ҳар чӣ хоҳӣ, пӯш,

Тоҷ бар сар ниҳу алам бар дӯш.

Тарки дунёву шаҳват асту ҳавас

Порсоӣ, на тарки ҷомаву бас.

Дар гажоганд мард бояд буд,

Бар муханнас силоҳи ҷанг чӣ суд?

Рӯзе то шаб рафта будем ва шабонгоҳ ба пои ҳисор хуфта. Дузди бетавфиқ ибриқи рафиқ бардошт, ки ба таҳорат меравам ва ба ғорат мерафт.

Порсо бин, ки хирқа дар бар кард,

Ҷомаи Каъбаро ҷули хар кард.

Чандон ки аз назари дарвешон ғоиб шуд, ба бурҷе рафт ва дурҷе бидуздид, то рӯз равшан шуд. Дар он торик маблағе роҳ рафта буд ва рафиқон бегуноҳ хуфта. Бомдодон ҳамаро ба қалъа дароварданд ва бурданду ба зиндон карданд. Аз он таърих тарки сӯҳбат гуфтему тариқи узлат гирифтем, ки «в-ас-саломату фил-ваҳдати» (Ва ҳамоно тандурустӣ ва эминӣ дар танҳоист).

Чу аз қавме яке бедонишӣ кард,

На кеҳро манзалат монад, на меҳро.

Шунидастӣ, ки гове дар алафхор

Биёлояд ҳама говони деҳро.

Гуфтам, ки сипосу миннат Худойро, ки аз баракати дарвешон маҳрум намондам. Гарчи ба сурат аз сӯҳбат ваҳид афтодам, бад-ин ҳикоят, ки гуфтӣ, мустафид гаштам ва амсоли маро ҳамаи умр он насиҳат ба кор ояд.

Ба як нотарошида дар маҷлисе

Биранҷад дили ҳушмандон басе.

Агар биркае пур кунанд аз гулоб,

Саге дар вай афтад, кунад манҷалоб.

Asriran

Рубрики:Пароканда

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.