Таҳлилот

Баррасии охирин таҳаввулоти Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним

000000000000000000000000000000000000000000000000000000000000000000000765Сайиюднуси Истаравшанӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории Тасним, ба таҳлил ва баррасии охирин таҳаввулоти Тоҷикистон ва сафари ахири раисиҷумҳури ин кишвар ба Арабистон ва иттихози мавозеъи хасмона алайҳи Эрон пардохт.

Тоҷикистон ахиран бидунии далели возеҳе ҲНИТ-ро «ҳизбе теруристӣ» муаррифӣ кардааст

Истаравшанӣ дар ин мусоҳиба гуфт: «Иллати мавозеъи хасмонаи ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон алайҳи Эрон ин аст, ки Тоҷикистон ахиран Ҳизби наҳзати исломиро бидуни ҳеч гуна далели возеҳе ҳизбе «ифротӣ ва теруристӣ» муаррифӣ кард ва аз ин рӯ мушорикати раиси ҲНИТ дар Конфронси ваҳдати исломӣ дар Теҳрон ва меҳмони вижаи ин конфронс хонда шуданаш ва дидори Кабирӣ бо раҳбари Эрон ва интишори тасовир ва ахбори ин дидор, боиси нороҳатии Тоҷикистон гардид. Албатта, ин рӯйдодҳо пеш аз сафари Раҳмон ба Арабистони Саудӣ буд ва ҳатто сафири Эрон дар Тоҷикистонро фаро хонда ва эътирози худро низ иброз доштанд.

Солҳост, ки робитаи Эрон ва ҲНИТ самимӣ аст

Истаравшанӣ дар идома гуфт: «Тоҷикистон хуб медонад, ки Эрон аз ҷунбишҳои исломӣ ҳимоят мекунад ва инро низ хуб медонад, ки ин барои нахустин бор нест, ки раиси ҲНИТ ба Эрон сафар ва бо раҳбари ин кишвар дидор мекунад ва ҳатто ҳудуди 15 сол пеш, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд ва бо висотати Эрон ва Русия ба сулҳ анҷомид, даргирӣ асосан миёни давлат ва ҲНИТ буд ва Эрон дар он замон низ ҳомӣ ва пуштибони ин ҳизб буд ва давлати Тоҷикистон ҳеч гуна мухолифате бо ин мавзӯъ надошт ва медонист, ки Эрон ҳомии ҲНИТ аст ва ҳатто пеш аз дидори оқои Муҳиддин Кабирӣ — раиси ин ҳизб бо раҳбари Эрон, давлати Тоҷикистон ба хубӣ медонист, ки робитаи ин ҳизб бо Эрон самимӣ аст. Бинобар ин, суол ин аст, ки чаро ҳамакнун Тоҷикистон ин мавзӯъро баҳонае барои сардии равобит ва иттихози мавозеъ алайҳи Эрон қарор додааст? Ба назар мерасад, Арабистон дар ин замина нақши калидӣ ифо мекунад.»

Арабистон бо эътои пул ба Тоҷикистон, ба дунболи тағйири мавзеъи Тоҷикистон алайҳи Эрон аст

Истаравшанӣ афзуд: «Тоҷикистон ибтидо эълом кард, ки қасд дорад, ба «эътилофи исломӣ» бипайвандад ва замоне ки Раҳмон ба Арабистон сафар кард, 3 рӯз дар онҷо монд ва ваъдаҳое аз Арабистон мабнӣ бар дарёфти кӯмакҳои молӣ болиғ бар 105 милюн дулор дарёфт кард. Комилан мушаххас аст, ки Арабистон бо эътои ин пулҳо ба Тоҷикистон, ба дунболи он буда, ки Душанбе мавзеъгирии тунде алайҳи Эрон иттихоз карда ва аз Теҳрон фосила бигирад.»

Истаравшанӣ дар идомаи ин мусоҳиба гуфт: «Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба якбора эълом мекунад, ки Кабирӣ «терурист» буда ва Эрон низ аз «теруристҳо» истиқбол мекунад ва суол ин аст, ки чаро ин мавзӯъ қаблан ҳеч гуна ишколе надоштааст дар ҳоле ки Кабирӣ борҳо ба Эрон сафар карда ва дар конфронсҳои мутаъаддид ширкат карда буд? Ҷавоб ин аст, ки далели ин мавзеъгирӣ, Арабистон аст ва ин кишвар аз чанде пеш талош дорад, ки кишварҳоро алайҳи Эрон басиҷ кунад.»

Ин коршиноси сиёсӣ гуфт: «Тоҷикистон бидуни ҳеч гуна далеле ҲНИТ-ро «теруристӣ ва ифротӣ» хонда ҳол он ки то кунун ҳеч гуна ҷиноят ё иқдоми ифротӣ аз сӯи ин ҳизб рӯй надодааст ва фақат давлати Тоҷикистон муддаъӣ аст, ки ин ҳизб ифротӣ аст, аммо ҳеч кишвари дигаре ин иддаъоро надорад ва ҳатто Кабирӣ дар Урупо иқомат дорад ва ҳеч кишвари урупоӣ чунин иддаъоеро дар бораи ҲНИТ надорад.»

Вай гуфт: «Эътирози ахири давлати Тоҷикистон ва сардии равобит комилан аҷиб аст ва мавзӯи ҲНИТ баҳонае шуд, то Тоҷикистон аз Эрон фосила бигирад ва ба Арабистон хушхидматӣ кунад. Оқои Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази таҳқиқоти истротежики раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кардааст, ки ҳар кишваре, ки бо мо ингуна рафтор мекунад, пушаймон хоҳад шуд, ки манзураш Эрон будааст. Аммо суол ин аст, ки ҳамакнун аз ин вазъият чӣ касе зиён мекунад?!»

Истаравшанӣ афзуд: «Эрон дар Тоҷикистон чандин прусаҳо аз ҷумла нерӯгоҳи обӣ-барқии Сантӯда-2-ро сохт ва роҳи шимол ва ҷанубро бо як тунел ба тӯли 5 километр сохт ва дар мавориди сахт дар канори кишвари мо истод. Замоне ки Ӯзбакистон Тоҷикистонро таҳрим кард, ин Эрон буд, ки дар канори Тоҷикистон истод ва лизо агар Худой нокарда равобит миёни ду кишвар қатъ шавад, ин Тоҷикистон аст ки зарар хоҳад кард, на Эрон.»

1 ответ »

  1. Муҳтарам, Саидюнуси Истаравшанӣ! Фикр мекунам, мавзӯъи матраҳшавандаро, зиёд муболиға, намудед! Шумо чунин мусоҳиба намудед, ки гӯё, сафири Эрон дар Тоҷикистон бошед. Хоҳиш мекунам, бигӯед оё Шумо шаҳрванди Тоҷикистон мебошед ё аз Эрон??? Чун, барои шаҳрванди Тоҷикистон чунин андешарони нисбати Ватану миллати хеш, ҳеҷ қобили қабул нест!!!

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.