Перейти к содержимому

Малик Салмон ба нафъи писараш аз қудрат канор меравад

87879Салмон бен Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ қасд дорад, ба нафъи писараш Муҳаммад ҷонишини валиаҳд ва вазири дифоъ, аз қудрат канорагирӣ кунад.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмаёдин, Андешкадаи масоили Халиҷи Форс дар Вошингтун аз қавли манобеи огоҳ дар гузорише, навишт: «Малик Салмон дар тарҳе, ки барканории Муҳаммад бен Нойиф, валиаҳд ва вазири кишвари феълӣ дар он пешбинӣ шудааст, ба нафъи писари худ, Муҳаммад бен Салмон, ҷонишини валиаҳд ва вазири дифоъ канор меравад

Дар ин гузориш омадааст, ки Малик Салмон ба бародаронаш гуфтааст, ки суботи Арабистон ниёзманди тағйир аст ва ӯ қасд дорад зимни барканории Муҳаммад бен Нойиф, валиаҳди кунунӣ, ҳукуматро ба писараш мунтақил кунад.

Ин андешкада дар гузориши худ, бо ишора ба надоштани фарзанди писар барои валиаҳди кунунии Саудӣ эълом кард, ки «Муҳаммад бен Нойиф ду духтар дорад ва ба далели эътиёд ба кукоин, ки рӯи фарзандоварии ӯ асар гузошта, фарзанди писар надорад. Аммо Муҳаммад бен Салмон ду духтар ва ду писар ба номҳои Салмон ва Машҳур дорад

Аз замони таъсиси Арабистони Саудӣ дар соли 1932 симати подшоҳӣ аз Абдулазиз ба тартиб ба писаронаш Сауд, Файсал, Холид, Фаҳд, Абдуллоҳ ва ниҳоятан дар 23-уми январи 2015 ба Салмон расид.

Аз ин рӯ, бар асоси риволи маъмул подшоҳии Арабистон баъд аз Салмон бен Абдулазиз бояд ба Муҳаммад бен Нойиф валиаҳди феълӣ мунтақил шавад, аммо писарамуяш Муҳаммад бен Салмон, ҷонишини валиаҳд ва вазири дифоъи феълӣ, ӯро ба ҳошия рондааст.

Дар идомаи ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки Малик Салмон бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи подшоҳии Ӯрдун дар интиқоли қудрат аз падар ба писар истинод кардааст.

Дар гузориши ин марказ ҳамчунин омадааст, ки Малик Салмон бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи аз даст рафтани мансабҳои писарони подшоҳони қаблӣ ба дунболи марги падарашон, мехоҳад аз такрор нашудани ин мавзӯъ барои Муҳаммад бен Салмон фарзанди худ итминон ҳосил кунад, навишт: «Салмон дар назар дорад, то вақте зиндааст итминон ёбад, ки писараш пас аз маргаш аз қудрат канор зада нашавад

Ин гузориш хотирнишон карда, ки манобеи мутталеъ замони дақиқе барои канорагирии (Салмон) аз қудрат эълом накардаанд, аммо мӯътақиданд, ки зарфи чанд ҳафтаи оянда ин мавзӯъ анҷом хоҳад шуд.

Ин манобеъ ҳамчунин гуфтаанд, ки подшоҳи Саудӣ дар ҳоли ҳазина ва пардохти садҳо милюн дулор барои ҷалби ҳимоят аз ин тасмими худ дар даруни хондони ҳоким бар ин кишвар аст.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзномаи Индипендент низ ахиран дар гузорише навишт: «Вақте Салмон дар январи соли 2015 ба унвони подшоҳи Арабистон интихоб шуд, бемор ва ба шиддат муттакӣ ба писараш буд

Ин рӯзнома афзуд: «Гуфта мешавад, ки подшоҳи 79-солаи Арабистон дучори бемории заволи ақл шуда ва қодир ба тамаркузи беш аз чанд соат дар рӯз нест ва амалан Муҳаммад бен Салмон қудрати воқеиро дар Арабистон дар даст дорад

Рӯзномаи Индипендент идома дод: «Қудрати Муҳаммад бен Салмон дар чанд моҳи нахусти ҳукумати падараш ба шиддат афзоиш ёфт ва зимни ба даст овардани вазорати дифоъ, мудирияти ширкати нафтии Арамко ва ниҳоди ҷадид аммо қудратманди Шӯрои умури иқтисодӣ ва тавсиъаи Арабистон ва низ Сандуқи сармоягузории умумии ин кишварро бар ӯҳда гирифт

Ин рӯзнома навишт: «Муҳаммад бен Салмон агарчи ба унвони муовини валиаҳди Арабистон ном бурда мешавад, аммо мавқеияташ аз рақибаш Муҳаммад бен Нойиф, валиаҳд ва вазири кишвари Арабистон, ба далели тавоноияш дар ҷазби дарбориён, беҳтар аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: