Сиёсат

Баёнияи Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Инак, боз як табаддулоти давлатӣ сурат гирифт. Бо қабули қонун дар бораи «Пешвои миллат» Тоҷикистон ба як кишвари асримиёнагӣ бадал гардид.

Дар тамоми дунё мардум ҳақ доранд ба таври мусолиматомез ҳукуматашонро иваз кунанд, аммо Эмомалӣ Раҳмонов мехоҳад, ки ин ҳаққи мардумро нодида гирад ва хостаҳои онҳоро зери по кунад.

Барои ӯ хостаҳои худаш ва хонаводааш аз хостаҳо ва ниёзҳои мардум болотар аст.

Дар долонҳои ҳукумат боз барои як назарсанҷӣ-референдуми сохтаю бофта омодагӣ мебинанд, ки дар асоси он «Пешвои миллат» метавонад то мурданаш дар интихобот ширкат варзад ва бо тақаллубу дасткории натиҷаҳои интихобот худашро пирӯз эълом кунад.

Нуктаи дигар дар Қонуни Асосии кишвар, ки эътибораш дар назди ҳукуматдорон аз пӯшак-памперс ҳам пасттар рафта ва ҳар вақт ки хоҳанд, онро иваз мекунанд, ин аст, ки онҳое, ки синнашон ба 30 расидааст, метавонанд дар интихоботи президентӣ ширкат варзанд. Ин танҳо ба хотири он аст, ки писари ҳоло 28-солаи Раҳмонов — Рустам битавонад, ки дар интихоботи оянда ширкат биварзад. То он замон вай 33-сола мешавад ва тибқи қонуни ҳозира наметавонад номзад шавад.

Бӯҳрони амиқи сиёсӣ ва иқтисодӣ Ватани моро зери домони сиёҳи худ гирифтааст. Гушнагӣ хонаводаҳои зиёдеро таҳдид менамояд. Имрӯз бисёр оилаҳо ақаллан нони хӯрданӣ надоранд. Бемориҳо зиёд мешаванд. Аз ноумедӣ ва ноилоҷӣ ҳар рӯз чандин нафар даст ба худкушӣ мезанад. Аммо Эмомалӣ Раҳмонов парвое надорад. Садои гиряи тифлакони гурусна, муҳоҷирони ҳайрону зор то қасру кушкҳои ӯ ва пайвандонаш намерасад.

Раҳмонов аз бӯҳрони шадиди кунунӣ роҳи бурунрафтро наёфта истодааст. Зеро ин «академики ифтихорӣ»-и чандин донишгоҳи баном муътабар барои раҳондани ҷомеъа аз бӯҳрон дониши казоӣ надорад!

Сохтори хонаводагӣ ва авлодии ӯ рӯ ба шикаст оварда ва Тоҷикистонро ба сӯи варта мебарад, ки оқибатхои вазнинеро ба бор меорад. Аммо Раҳмонов ва гумоштагони ӯ ба ҷои роҳ ҷустан аз бунбаст, даст ба саркӯбу зӯроварӣ мезананд, шахсиятҳои дигарандешро зиндон мекунанд, ҳизбҳо ва рӯзномаҳо, сойтҳо ва даҳони мардумро мебанданд, тарсу ҳаросро дар ҷомеа эҷод менамоянд, ки мардум ғуломона хомӯш бошанд ва зиндагии ғуломиро бипазиранд.

Баъди бӯҳрони Россия, даромади асосии буҷа, ки аз ҳисоби муҳоҷирон буд, ду баробар кам гардид. Зимнан, Тоҷикистон ягона кишварест, ки асоси буҷаашро пули муҳоҷир ташкил медиҳад. Ҳоло, ки буҷа холист, ҳукумат фақат ба василаи андозҷамъкунӣ хуни мардумро мемакад, бар мардум зулм мекунад ва охирин боқимондаҳои бизнеси хурду миёнаро нобуд месозад. Зиёда аз 30 ҳазор тоҷирони миёнаро муфлисшавӣ-банкрот интизор аст.

Аммо ҳамаи корхонаҳо ва ширкатҳо ва ҷойҳои пурдаромадро, ки хешони «Пешво» тасарруф кардаанд ё аз они худ кардаанд, на танҳо андоз намесупоранд, балки имтиёзҳои зиёде доранд, ки он ҳам аз ҳисоби пули бо хуну ашк коркардаи муҳоҷирон рӯпӯш карда мешавад.

Ҳамаи бахшҳои иқтисод, ки сарват ва даромад дорад, дар зери дасти хонавода аст ва онҳо миллионҳо долар фоида мегиранд, вале мардум дар фақру тангдастӣ ба сар мебаранд. Аз фурӯши пахта то тилло, аз ворид кадани орду гандум то ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз роҳҳои пулакӣ то сохтмони манзил, аз ҳоҷатхонаҳои пулакӣ то фоҳишахонаҳо – ҳама — дар дасти онҳост.

Имрӯз миллионҳо ҷавон ҷои кор надоранд, хона надоранд, ояндаашон мубҳаму норӯшан аст, аммо фарзандони ин хонавода дар кишварҳои гуногун қасру кушкҳо мехаранд, ба гаронтарин мошинҳои люкс саворанд ва дар бонкҳои хориҷӣ миллион- миллион пул доранд.

Ҳамватанони азиз!

Дигар вақти бечоранолӣ нест. Дигар танҳо ба дуо мурод ҳосил намегардад. Дигар вақти амал омад. Мо бояд сарнавишти худамонро худамон ба даст бигирем ва пеши роҳи табаддулот, худкомагӣ ва диктатураи раҳмоновиро бигирем. Вагарна, мо чун миллат нест мешавем ва ё ба ғуломони асри 21 табдил меёбем, ки на ҳуқуқе доранд, на озодие, на шарофате.

Мо ҳамаро ба мубориза бар муқобили режими ғуломдорӣ даъват менамоем ва намегузорем, ки ғуломони дирӯза имрӯз ғуломдор гарданд.

Додоҷон Атовуллоев, роҳбари Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон

19.01. 2016

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.