Перейти к содержимому

2016; соли оташу илтиҳоб барои Ховари Миёна

Дар охирин моҳҳои соли гузашта вуқӯи ҳодисаи Мино сабаби кушта шудани беш аз 2000 нафар аз ҳоҷиёни кишварҳои мухталиф шуд, ки фавти беш аз 400 эронӣ дар ин ҳодиса ва аксуламали нодурусти Саудӣ ба он, ин ҳодисаро ба нуқтаи оғози давраи сарди равобит миёни Эрону Арабистон табдил кард.

Зарбаи дуввум ба равобити сарди Эрону Арабистон боз ҳам аз сӯи саудиҳо сурат гирифт ва он эъдоми Шайх Боқир ан-Намир, фаъоли ҳуқуқи башар ва руҳонии барҷастаи шиъаи Арабистон буд, ки бо вокунишҳои манфии фаровони шиъаён минҷумла ҳукумати Эрон мувоҷеҳ шуд ва дар муқобил Эрон низ хиёбонҳоеро, ки сафорат ва консулгарии Арабистон дар он воқеъ буд, ба номи Шайх Боқир ан-Намир гузошт, ҳарчанд номи хиёбонҳо баъд аз чанд рӯз ба ҳолати собиқ бозгашт. Аммо зарбаи ниҳоӣ замоне буд, ки иддае дар Теҳрон ба сафорати Арабистон ҳуҷум бурда ва артиши Арабистон дар Санъо сафорати Эронро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор дод.

Ин силсилаиттифоқот оташи зери хокистари равобити Эрону Арабистонро албатта аз сӯи арабҳо рӯшан карда ва сабаби печидатар шудани авзоъи минтақа шудааст; печидагие, ки Оли Сауд ба далели адами дарки саҳеҳи паёмадҳои он аз он истиқбол низ мекунад.

Иддае чашм интизори вуруди Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Русия ба ин даргириҳо буда ва ҷабҳагирии онҳоро барои ҳалли масъала таъйинкунанда мепиндоранд. Вале Борок Убомо дар соли охири ҳузур дар Кохи Сафед, чандон ба вуруд ба масъалаи Эрону Арабистон рағбат надорад; зеро паёмадҳои он ба ҳеч ваҷҳ қобили пешбинӣ нест. Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз як сӯ дар шароити эъмоли фишор ба Арабистон намебошад ва далели он на мушкилоти молӣ, балки ниёзи онҳо барои ҳифзи суботи минтақа буда, ва аз сӯи дигар қодир ба ҷабҳагирӣ алайҳи Эрон нест, чун ин ҷабҳагирӣ ояндаи барҷомро ба хатар хоҳад андохт, ва дар ин сурат яке аз дастовардҳое, ки демукротҳо солҳо барои он талош карда ва онро нуқтаи мусбати пурранги сиёсати хориҷии худ мехонанд, аз байн хоҳад рафт, ва албатта фишорҳои 5+1 барои ҳифзу иҷрои барҷом бар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико низ бетаъсир нахоҳад буд.

Русия низ шароите мушобеҳи Иёлоти Муттаҳидаи Омрикоро дорад, вале ба навъе дигар. Ҷабҳагирии русҳо дар даргирии Эрон ва Арабистон, сиёсатҳои онҳо дар Ховари Миёнаро дучори гиреҳхӯрдагӣ хоҳад кард. Набояд фаромӯш кунем, Русия баъд аз дарки амалии душвории фаротар аз тасаввураш дар ҷанги бо ДОЪИШ, бо камоли эҳтиёт дар боби Ховари Миёна тасмимгирӣ карда ва монанди Иёлоти Муттаҳидаи Омрико бемуҳобо амал намекунад. Истинтоҷи ин мавзӯъ бо баррасии амалкарди Русия дар қиболи Яман ва Туркия чандон печида нест.

Аз сӯи дигар, Эрон ва Арабистон ҳам ҳеч тамоюле барои даргирии низомии мустақим бо якдигар надошта ва эҳтимоли вуқӯи ҷанг миёни ин ду кишвар тақрибан сифр аст. Ин масъала даргириҳои Эрону Арабистонро беш аз пеш ба кишварҳои дигар кашонда ва сабаби идомаи ҷангҳои ниёбатӣ дар Сурия, Ироқ ва ҳатто Яман хоҳад шуд. Албатта набояд аз Муҳаммад бен Салмон — ҷонишини валиъаҳд ва вазири дифои камтаҷрибаи Арабистон ва ҳаракоти носанҷида ва ғайри қобили пешбинии вай ба роҳатӣ чашмпӯшӣ кард. Вай ҳар лаҳза мумкин аст бо як амали носанҷида, қудратҳои минтақаро ба вокунише сахт водорад.

Туркия, дигар бозигари масоили Ховари Миёна, ба зоҳир дорои гаройиш ба самти Арабистон аст, то Эрон. Лекин набояд фаромӯш кард, Онкоро ба ҳамроҳи Қоҳира, рақибони аслии Оли Сауд барои ифои нақши «бародари бузург» дар ҷаҳони аҳли суннат буда ва аз ҳампошии сиёсии Арабистон низ орзуи пинҳони онҳост. Аз ин рӯ, туркҳо дар даргириҳои миёни Эрону Арабистон вуруди чашмгире нахоҳанд кард, вале бояд мунтазири аксуламали Онкоро ба ин даргирӣ дар хоки Сурия ва Ироқ бошем. Туркия, ки дар моҳҳои поёнии 2015 бо сарнагунии ҳавопаймои Русия дар осмони Сурия ва ҷабҳагириҳои баъди он, намунае комил ва возеҳ аз дастпочагии сиёсӣ ва низомиро ба маърази намойиш қарор дод, аз ҳар ҳарбае ҳаддиаксари истифодаро барои кӯмак ба туркманҳои Сурия ва ҳатто ДОЪИШ дар муқобили курдҳо ва давлати Асад хоҳад бурд, ки ин низ дорои паёмадҳое аст, ки дар оянда на танҳо аз сӯи Эрон ва Русия, балки ҳатто аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико шоҳиди он хоҳем буд.

Ин дар шароите аст, ки дастпочагӣ ва ҳаракоти ғайри қобили пешбинии Ардуғон ба сиёсати дохилии Туркия низ русух карда ва ин кишварро дар гирдобе аз мушкилот миёни туркҳо ва курдҳо, секулористҳо ва исломгароён, демукротҳо ва ҳаводорони ҳокимияти мутлақа ва … қарор хоҳад дод.

Дар ин байн гаройиши ДОЪИШ ба тағйири пойтахт аз Сурия ба маконе амн низ бо амалҳо ва аксуламалҳои фаровоне мувоҷеҳ хоҳад шуд, ки минҷумла метавон ба эҳтимоли ҳамлаи низомии муҷаддади НАТО ба Либӣ ва идомаи ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва НАТО дар Афғонистон ишора кард, ки табъан сиёсатҳои кишварҳои Афғонистон, Покистон ва Эронро дучори тағйир хоҳад кард ва чи басо ин тағйири сиёсат ба соири кишварҳои минтақа низ сароят кунад.

Миср ва «Исроил» низ беш аз соли гузашта даргири нерӯҳои шӯъбаи ДОЪИШ дар саҳрои Сино, яъне гурӯҳи «Вилояти Сино», ки онро бештар бо номи Ансори Байтул-муқаддас мешинохтем хоҳанд буд ва раҳбарии нерӯҳои вилояти Сино аз навори Ғазза, ин давлатҳои начандон дӯстро ба ҳамкориҳои иҷборӣ суқ дод, ки имтиёзоти мутақобили радду бадалшуда миёни онҳо мусаббиби вақойеъи сиёсии дохилӣ барои ин ду кишвар хоҳад буд, ки бояд мунтазири он буд.

Бо ин ҳол, соли 2015 бо вуқӯи вақойеъе ғайри қобили пешбинӣ поён пазируфта ва соли 2016 низ бо рух додани иттифоқоте ғайри қобили пешбинӣ оғоз шуд, ки нуқтаи иштироки тамоми онҳо танишзоии беш аз пеш дар Ховари Миёна буда ва аз ин рӯй бо ҷуръат метавон дар соли 2016, Ховари Миёнаро дар гирдобе аз оташ ва илтиҳоб тасаввур кард.

Khabaronline

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: