Ахлоқи зишт

Кори шайтон

Шайтон ибтидо бо васваса корашро оғоз мекунад ва сипас одамиро ба гуноҳони кучак вомедорад, онгоҳ ӯро ором-ором ба сӯйи гуноҳони бузургтар мекашонад ва сипас кор ба ҷойе мерасад, ки зимоми ихтиёри инсонро ба даст мегирад ва ба ҷойи ӯ тасмим гирифта ва ӯро идора мекунад.

Рафторҳои ношоист ва гуноҳон, бавижа ҳангоме ки дар вуҷуди инсон малака ва одат шаванд, монеи бузурге барои дарки вуҷуди поки Худованд хоҳанд шуд. Касе ки ба гуноҳ одат мекунад, олудагии гуноҳ дар ҷонаш нуфуз мекунад ва гуноҳ барои ӯ малака ва одат мегардад; онгоҳ ин садди гуноҳ ҳиҷобе нуфузнопазир дар инсон эҷод мекунад ва монеи расидани инсон ба Худо хоҳад шуд, ва чӣ басо бо истимрор ва пофишорӣ бар гуноҳ, имкони зудудани чунин ҳиҷобе барои инсон вуҷуд надошта бошад:

خَتَمَ اللّهُ عَلَى قُلُوبِهمْ وَعَلَى سَمْعِهِمْ وَعَلَى أَبْصَارِهِمْ غِشَاوَةٌ وَلَهُمْ عَذَابٌ عظِیمٌ

«Худованд бар дилҳои онон ва бар гӯшҳояшон мӯҳр ниҳода ва бар дидгонашон пардае аст ва ононро азобе дарднок аст.» (Сураи Бақара, ояти 7)

Вақте бар дили одамӣ мӯҳр ниҳода шуд ва бар дидагонаш ҳиҷоб уфтод, дигар наметавонад аз абзорҳои шинохт, ки дар вуҷудаш аст, барои дарки ҳақоиқи ҳастӣ баҳра бибарад.

Мӯҳр ниҳода шудан бар дил, яъне масдуд шудани сарчашмаҳои маърифатии инсон. Албатта, чун ҳамаи корҳои ҷорӣ дар ҳастӣ ба лиҳозе ба Худо нисбат дода мешавад, аз ин рӯст, ки Қуръон мефармояд: Худо бар дилҳо мӯҳр ниҳода, вагарна дар воқеъ ин гуноҳон ва рафторҳои ношоисти худи одамист, ки сабаб мегардад бар дили ӯ мӯҳр ниҳода шавад.

Инки бархе мегӯянд, мехоҳанд одами хубе шаванд, вале наметавонанд, аз ҳамин рӯст, ки асири шайтон шуда ва дар ҳақиқат ин шайтон аст, ки онҳоро идора мекунад; ҳамонанди фарди муътоде, ки тағйири моҳият дода ва маводди мухаддир аст, ки вуҷуди ӯро идора мекунад.

Ёдамон бошад, шайтон ҳар касеро бо занҷири хосси худаш мекашонад. Баъзе ҳам, ки эҳтиёҷ ба занҷир надоранд, худ ба дунболи ӯ мераванд ва чӣ бо суръат ҳам мераванд!

Рубрики:Ахлоқи зишт

Помечен как:, ,

1 ответ »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.