Перейти к содержимому

Паёми Раҳмон ва таклифи опозисиюн

Сайидюнуси Истаравшанӣ

8888Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии имрӯзи худ дар порлумон, бо ишора ба ин ки «воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябр, яъне сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сурат гирифтанд» ва инки «вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлат тақозо дорад», изҳор кард: «Аз ин лиҳоз, ба Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 таҳия ва пешниҳод намояд

Вай ҳамчунин гуфтааст: «Дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгӯи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад

Раҳмон афзудааст: «Бинобар ин, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ вазифадор карда мешаванд, ки муқаррароти Кодекси ҷиноятӣ ва дигар қонунҳои дахлдорро вобаста ба ин масъалаҳо ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ карда, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба онҳо ба Ҳукумат хулосаҳои мушаххас пешниҳод намоянд

Вай таъкид карда: «Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбутаро зарур аст, ки доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок манзур созанд

* * *

Гузашта аз инки он чӣ Раҳмон дар бораи ошӯби женерол Абдуҳалим Назарзода мегӯяд, мабнӣ бар ин ки гӯӣ «сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ» будааст дурӯғе беш нест ва балки ин сенорию аз сӯйи худи мақомот тартиб ва ба иҷро гузошта шуда буд, ва он ҳам бо ҳадафи ҳазфи комили ҲНИТ аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон, ва ҳамчунин фориғ аз онки дар ҳаводиси солҳои 90-ум теруристҳои воқеӣ касоне буданд, ки бо кӯмаки режимҳои ҳамсоя давлати қонунии Тоҷикистонро сарнагун ва бо кудато сари кор омада буданд, гузашта аз ҳамаи инҳо, он чӣ аз паёми аризу тавили имрӯзи Раҳмон метавон бардошт намуд иборат аст аз: фароҳам сохтани заминаҳои муносиб то соли 2020 барои боқӣ мондан бар арикаи қудрат, ва ё лоақал супурдани он ба писараш.

Ва барои ин кор, Раҳмон тасмим дорад, арсаи сиёсии Тоҷикистонро ба сурати ниҳоӣ аз падидае ба номи Мухолиф поксозӣ кунад. Ҳол, чӣ мухолиф дар дохили кишвар ва чӣ дар берун аз қаламрави он. Инки Раҳмон имрӯз таъкид рӯйи ин дошт, ки Додситонии кулл «дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм ва теруризм барои солҳои 2016-2020 таҳия ва пешниҳод намояд«, дақиқан барои ҳамин манзур будааст. Вагарна, чаро торихи ниҳоиро соли 2020 эълом мекунад, на масалан соли 2021 ё 2025? Посух комилан рӯшан аст. Зеро дар ин сол қарор аст, ё худаш бар арш боқӣ бимонад ва чи басо то мурдан, ва ё ақаллан писараш вориси тоҷу тахти ӯ бишавад.

Тибқи ин барнома, дар дохили кишвар ҳар ҳизб ва гурӯҳ ва афроде, ки оҳанги мухолифат бо тасмимҳои Раҳмон аз сӯйи онҳо ба машом бирасад (ҳарчанд ба сурати мусолиматомез), инҳо ё хафа мешаванд ва ё ба зиндон андохта хоҳанд шуд ва ё дар беҳтарин шароит, «тавба» карда ва ба саффи «лаббайкгӯён» мулҳақ хоҳанд шуд. Роҳи севвуме барояшон боқӣ нахоҳанд гузошт.

Ва аммо роҳҳои халосӣ аз аҳзоб ва гурӯҳҳо ва афроди мухолиф, ки дар берун аз қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, бар мабнои ин барнома ва истротежӣ, иборат хоҳад буд аз:

1. Аввалан, ҳазфи физикии онҳо, ки ба назарам, Кумитаи амният аз ин ба баъд беш аз ҳар чизе дигар, ба фикри куштан ва қатли онҳо хоҳад шуд; ҳамон коре ки бо Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов карда буданд;

2. Ва сониян, фишори бештар ворид кардан ба наздикон ва бастагони эшон, ки дар дохили кишвар зиндагӣ мекунанд. Аз онҳо хоста мешавад, то ба ҳар роҳе ба писар ё падар ва ё бародари худ фишор оваранд, ки даст аз мубориза бардорад;

3. Ва солисан, татмеъи онон; ба ин маъно, ки ҳукумат талош хоҳад кард, мухолифонро ба ҳар роҳе, ё бо пул ва ё бо ваъдаи мансаб, бихарад. Ин барнома албатта дар «Протколи 32-20» низ мавриди таъкид қарор гирифтааст;

4. Ва робеъан, эҷоди тафриқа ва ихтилоф миёни мухолифон; ба ин тартиб, ки масалан якеро маъмур мекунанд, то дар либоси «одами хайрхоҳ» миёни мухолифон рахна карда ва так-таки фаъолонро нисбат ба дигарӣ бадбин кунад. Масалан, ба яке бигӯяд, аз фалонӣ эҳтиёт кун, ки корманди Кумитаи амният аст, ва ба он дигарӣ ҳам бигӯяд, ки он яке маъмури КДАМ аст ва аз ӯ эҳтиёт кун. Ин як барномаи озмудашуда аст ва чӣ бадбахтиҳое, ки бо ҳамин тарфанд, афроди опозисиюн нисбат ба якдигар бадбин шуда ва ба ҷойи мубориза бо душмани воқеӣ, ба ҷони якдигар уфтодаанд.

Дар ҳаминҷо лозим аст, ёдоварӣ кунам, ки азизони фаъол бисёр ҳушёр бошанд ва гӯли ҳарфи ину онро нахӯранд. Инсон набояд сода бошад.

5. Ва хомисан, тибқи ин барнома ва истротежӣ, ҳукумат талош хоҳад кард, бо ҳар роҳе давлатҳои кишварҳоеро, ки мухолифон дар он муқим ҳастанд, мутақоъид созад, ки бар онҳо фишор ворид кунад ва аз сарзаминаш берун намояд.

Барои хунсо кардани ин шайтанати ҳукумат, аҳзоб ва гурӯҳҳо ва афроди опозисиюн бояд бо расонаҳои мӯътабар ва ҷомеаи маданӣ ва созмонҳои мухталифи кишварҳое, ки дар он муқим ҳастанд, иртибот барқарор карда ва воқеиятро дар он кишварҳо ва барои ҷаҳониён мунъакис кунанд. Ин нуктаро пештар ҳам барои азизони Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон гуфта будам ва такрор мекунам, ки мубориза фақат дар даруни фазои маҷозӣ хулоса намешавад. Шумо бояд ба берун ҳам баройед. Чаро то кунун Анҷуман сабти расмӣ нашудааст? Чаро то ҳанӯз конфронси матбуотӣ бо ҳузури расонаҳои кишваре, ки дар он ҳастед, тартиб надодаед? Чаро расонаҳои мӯътабар дар бораи шумо ақаллан як мақола ва гузориш мунташир накардааст? Қасди нороҳат кардани азизонро надорам, вале шумо азизон биҷунбед. Ин корҳо беҳтар ва ба маротиб таъсираш бештар аз он аст, ки аз Раҳмон ва хонаводааш «шаклакҳои бемаънӣ» ва «тасовири мушмаизкунанда» дуруст карда ва дар сафаҳоти худ дар Фейсбук бигузоред.

Ҳамчунин дар робита бо фаъолиятҳои ахири ҲНИТ ҳам – ки албатта беҳтар шудааст – ҳарф барои гуфтан зиёд аст. Шумо алъон дар марҳилае ғайр аз он марҳилае ҳастед, ки қаблан дар дохил фаъолият мекардед. Саъй кунед, барномаҳои телевизиюнии шумо якранг ва якнавохт набошад. Дар иҷрои барномаҳо, фақат ба нерӯҳои худатон иктифо накунед. Имрӯза дар Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон нерӯҳои ҷавони боистеъдод фаровон ҳастанд, чаро аз онҳо истифода намекунед? Қарор нест, афроде, ки бо шумо ҳамкорӣ кунад, фақат наҳзатӣ ва дар хатте бошанд, ки мавриди писанди шумост.

Ба ҳар ҳол, ҳарф барои гуфтан зиёд аст, ки дар як ёддошт қарор ҳам нест ҳамаи онҳо гуфта бишавад. Иншоаллоҳ агар умре боқӣ буд, дар оянда низ дар ин мавзӯъ баҳс хоҳем кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: