Ахлоқи зишт

Чӣ кор кунем, то дигар даст ба гуноҳ назанем?

Номаи яке аз ҷавонони азизамон имрӯз бароям бисёр такондиҳанда буд. Ӯ навиштааст: «Салом, ман як нафар муҳоҷири аз ватан дур дар Питер ҳастам. Ба шумо як савол доштам. Ман як бандаи гунаҳкор, ба сӯи Худо баъди ҳар гуноҳи кардагиям тавба мекардам, аммо боз тавба мешикастам. Оё боз тавба кунам, Худо маро қабул мекунад? Ростӣ, он гуноҳ қариб ки одатам шудааст, ин ҳамон тамошои филмҳои фаҳшо мебошад. Имрӯз дар сомонаи шумо матне-ро хондам дар бораи гуноҳ, ки шайтон чӣ хел ба одам ҳукмфармо мешудааст. Ман намедонам чӣ кор кунам, вақтҳои пеш агар намегузоштам, ки як намозам қазо шавад, ҳозир бошад намоз намехонам. Ният мекунам, ки сар кунам монанде ки як касе маҷбурам мекунад, ки нахон, дилам сиёҳ мешавад, дар пеши Худо шармандаам, чӣ кор карданамро намедонам, ба ман як маслиҳат медодед Устоди азиз, дар ҳаққи ман ва монанди ман барин одамҳо дуо кунед, илтимос!»

* * *

Дар посух ба дархости ин ҷавони азиз, арзам ин аст:

1. Аввалан, саъй кунед, ҳаргиз ноумедӣ бар шумо мусаллат нашавад. Ноумед аз раҳмати Худо, фақат шайтон аст, ва чун он лаъин ноумед аст, талош мекунад, дар дили инсонҳо низ тухми ноумедиро бикорад. Бидонед, дари раҳмати Худо ҳамеша боз аст ва Ӯ Таъоло тавбаи тавбакунандаро мепазирад, модоме ки тавба ҳақиқӣ ва самимӣ ва тавбаи насуҳ бошад:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا تُوبُوا إِلَى اللَّهِ تَوْبَةً نَّصُوحًا

«Эй касоне, ки имон овардаед! Ба сӯи Худо тавбаи насуҳ намоед.» (Таҳрим, 8)

Тавба албатта ин нест, ки инсон ба забон лафзи тавбаро ҷорӣ кунад ва бигӯяд, тавба кардам! Тавба ин нест. Тавба ба тоҷикӣ ба маънои «бозгаштан» аст; бозгаштан аз гуноҳон. Тавбакунанда қасд кардааст, ки дигар ба гуноҳе, ки аз ӯ сар зада бознагардад. Ва тавбаи насуҳ тавбае аст, ки холисона барои Худо буда ва банда ба қасди ба гуноҳ барнагаштан карда бошад.

Ҳазрати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

التَّائِبُ حَبِيبُ اللهِ، وَالتَّائِبُ مِنَ الذَّنْبِ كَمَنْ لا ذَنْبَ لَهُ

«Тавбакунанда ҳабиб ва дӯсти Худост. Тавбакунанда аз гуноҳ, мисли касе аст, ки гуноҳе аз ӯ сар назадааст.» (Эҳёи улуми дин, Ғаззолӣ, ҷ.4, саҳ.7)

Албатта, тавба бояд фавран сурат гирад. Яъне ҳаргоҳ аз инсон гуноҳе сар бизанад, ҳамон лаҳза камар барои тарки гуноҳ ва дигар барнагаштан ба онро бибандад, на инки бар худ замзама кунад, ки ҳанӯз ҷавон ҳастам ва фурсати тавба боқӣ аст! Зеро чунин замзамаҳое аз васвасаи шайтон аст ва бояд шадидан аз он парҳез намуд. Ва асосан, инсон аз куҷо медонад, ки барои вай фурсат ҳанӯз боқист, ҳатто агар ҷавон аст? Аз куҷо медонад, ки чанд лаҳзаи дигар чӣ сарнавиште ӯро дар интизор аст? Шояд баъд аз чанд лаҳза бар асари тасодуф ва ё бар асари таваққуфи қалб ва ё ҳар оризаи дигаре аз дунё равад? Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Худо мефармояд:

إِنَّمَا التَّوْبَةُ عَلَى اللّهِ لِلَّذِينَ يَعْمَلُونَ السُّوَءَ بِجَهَالَةٍ ثُمَّ يَتُوبُونَ مِن قَرِيبٍ فَأُوْلَئِكَ يَتُوبُ اللّهُ عَلَيْهِمْ وَكَانَ اللّهُ عَلِيماً حَكِيماً. وَلَيْسَتِ التَّوْبَةُ لِلَّذِينَ يَعْمَلُونَ السَّيِّئَاتِ حَتَّى إِذَا حَضَرَ أَحَدَهُمُ الْمَوْتُ قَالَ إِنِّي تُبْتُ الآنَ وَلاَ الَّذِينَ يَمُوتُونَ وَهُمْ كُفَّارٌ أُوْلَئِكَ أَعْتَدْنَا لَهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا

«(Қабули) тавба бар Худо танҳо барои касоне аст, ки аз рӯйи нодонӣ (яъне надониста) гуноҳ кунанд, сипас фавран тавба намоянд. Ононанд, ки Худо (ба бахшоиши хеш) тавбаи онҳоро мепазирад ва Худованд доно ва боҳикмат аст. Тавба барои касоне нест, ки корҳои бад ва гуноҳ кунанд то вақте ки марги онҳо фаро расад, бигӯянд: “Инак тавба кардам”. Ва на барои касоне, ки бо ҳоли куфр бимиранд. Ононро азобе дарднок омода сохтаем.» (Нисо, 17-18)

Бинобар ин, бародари азизам, ҳаргиз ноумедиро ба худ роҳ надиҳед, ҳатто агар то ин лаҳза чандин бор тавба карда ва тавбаатонро шикастаед, боз ҳам тавба кунед. Раҳмати Худо ба қадре густарда ва васеъ аст, ки дар як ривоят ба ин мазмун омада, ки «раҳмати Худо ба қадре аст, ки агар шайтон низ аз он огоҳ бошад, ба худ ноумедӣ роҳ намедиҳад.»

Дар ҳикояте, ки Имом Ғаззолӣ (р) дар Эҳёи худ овардааст, мехонем, дар Бани Исроил ҷавоне буд, ки бист сол Худоро ибодат кард, сипас бист сол Ӯро маъсият намуд. Онгоҳ назаре ба ойина афканд ва дид, ки дигар ришаш сафед шуда ва пир гаштааст. Ин ҳолат ӯро нороҳат сохт ва гуфт: Парвардигоро! Туро бист сол итоат намудам ва сипас бист сол нофармоният кардам. Агар боз ба сӯят баргардам, оё маро қабул хоҳӣ намуд? Сипас аз гӯяндае, ки бо чашмон дида намешуд, чунин садое шунид: Моро дӯст доштӣ, Мо ҳам туро дӯст доштем. Моро тарк гуфтӣ, Мо ҳам туро тарк кардем. Моро маъсият ва нофармонӣ кардӣ, бароят мӯҳлат додем. Агар боз ба сӯйи Мо баргардӣ, қабулат хоҳем намуд. (Эҳёи улуми дин, Ғазолӣ, ҷ.4, саҳ.23)

* * *

2. Нуктаи дуввум он ки дар ҳиҷрат ва ғарибӣ, саъй кунед ҳамсари азизатон дар каноратон бошад. Инсон, фориғ аз ҷиҳати руҳӣ, ҳатто ба лиҳози физикӣ низ ниёз ба ҳамсар дорад. Ҳол, агар бароятон мақдур нест, ки ҳамсаратон ба ҳамроҳӣ шумо бошад, пас дар ғурбат зане дигар гиред бародари азизам! Яъне вақте инсон барои баровардани ниёзҳои ҷисмии худ, миёни анҷоми гуноҳ ва миёни ин ки аз роҳи шаръӣ ин ниёзро бароварда созад қарор бигирад, пас беҳтар он аст, ки зан гирад, бо русҳо ҳам метавонед издивоҷ кунед агар мусалмон пайдо нашавад. Аммо ҳаргиз даст ба зино назанед, ки аз гуноҳони кабира аст.

Ва агар барои ин кор низ қодир набошед, пас рӯза гиред ва саъй кунед, фикри омезиши ҷинсӣ ҳаргиз ба зеҳнатон хутур накунад. Агар инсон фикраш ба коре дигар машғул бошад ва фикри омезиши ҷинсӣ ба зеҳни муборакаш хутур накунад, метавонад то охири умр ҳам зан нагирад.

* * *

3. Нуктаи севвум дар бораи тамошои филмҳои фаҳшост. Бибинед бародари азизам, тамошои ин гуна филмҳо ҳам як навъ зино ба шумор меравад. Дар истилоҳ, ба он зинои чашм мегӯянд. Аз ин кор парҳез кунед, ки зарару зиёнаш на танҳо руҳӣ ва маънавист, балки ҷисмӣ ҳам ҳаст. Одам дар асари тамошои ин гуна саҳнаҳо, мубтало ба бемориҳои равонӣ хоҳад шуд, асабҳояш хароб хоҳанд гашт, таъодули руҳӣ ва равонии худро аз даст хоҳад дод, муҳаббат ва ишқаш нисбат ба ҳамсари худаш аз байн хоҳад рафт.

Хуб, беҳтарин роҳ барои парҳез аз ин кор, аз байн бурдани заминаҳои он аст. Ва заминаи он, ё телевизиюн аст ва ё интернет. Бинобар ин, агар дар хона ва ё утоқи шумо телевизиюн бошад, онро бифурӯшед. Барои огоҳӣ ва иттилоъ аз ахбор, худатонро одат диҳед, ки аз тариқи радио ба онҳо гӯш кунед. Ва ҳамчунин агар дидед, вуруд ба интернет шуморо ба ин кор мекашонад, гӯри падари интерет, бо он муддате худоҳофизӣ кунед.

Бале, агар як нафар инсон дорои чунон иродаи қавие бошад, ки битавонад дунболи фаҳшо дар фазои маҷозӣ наравад, дар ин сурат метавонад аз худ нигарон набошад. Бинобар ин, инсон бояд дорои иродаи қавӣ бошад. Дар нуктаи чаҳорум дар ин бора бештар сӯҳбат хоҳам кард.

* * *

4. Инки фармудед, тавба мекунам ва боз тавбаамро мешиканам ва онҷо ҳам, ки мехоҳам намоз бихонам, касе водорам мекунад, ки нахонам, инҳо ҳама натиҷаи надоштани иродаи қавӣ аст. Дар зайл бароятон роҳҳои тақвияти иродаро нишон медиҳам. Яъне чанд чиз ҳаст, ки агар мо онҳоро анҷом диҳем, иродаамон қавӣ хоҳад шуд, ба гунае ки агар тасмим бигиред, ки кореро накунед, роҳат намекунед. Ва ин роҳҳо иборатанд аз:

— саъй кунед, бо барнома зиндагӣ кунед. Масалан, кай бояд ба кор машғул бошед, кай бо фарзандон ва ҳамсар ба берун барои тафреҳ равед, кай мутолеа мекунед, кай ба ахбор гӯш мекунед ва ғайра… Яъне тамоми корҳоятон тибқи барнома буда ва муназзам бошанд. Агар бе барнома зиндагӣ кунед, гоҳе соатҳо пушти телевизиюн мешинед ва ё гоҳе соатҳо бо гапҳои беҳуда машғул мешавед ва намедонед, ки умратон дорад мегузарад;

— ҳар рӯз субҳ ҳаддиақал 20 дақиқа ба таври мураттаб ва дар соате муайян, варзиш кунед;

— хондани намозҳо дар аввали вақт, ва дар сурати имкон, чанд дақиқа қабл аз азони субҳ аз хоб бедор шуда, намози шаб бихонед, ва агар дар он вақт бедор нашудед, қазои онро ба ҷой оваред;

— худатонро пойбанд созед, ки ҳар рӯз аз Қуръон тиловат кунед (ҳаддиақал 50 оят);

— мухолифат бо ҳавоҳои нафсонӣ нақши бисёр муассире дар тақвияти ирода ва ниҳодина кардани он дар даруни инсон дорад;

— корҳоеро, ки ба ӯҳда мегиред, нотамом раҳо накунед, балки онҳоро ба наҳви аҳсан ва то расидан ба натиҷаи матлуб идома диҳед;

— аз парокандакорӣ ва ошуфтагӣ дар корҳо, ки мӯҷиби ба ҳам рехтани фикрӣ мешавад, бипарҳезед ва ба фаъолиятҳои худ тамаркуз ва инсиҷом бахшед;

— агар метавонед рӯза бигиред, ки дар тақвияти ирода муфид аст, ва агар наметавонед рӯза гиред, ҳаддиақал аз хӯрдан ва нӯшиданҳои беравия худдорӣ кунед;

— мутолеаи китобҳои ахлоқӣ махсусан зиндагиномаи авлиёуллоҳ ва уламои вораста, дар тақвияти ирода муассир аст.

* * *

Умедворам, посухам бароятон муфид воқеъ шуда бошад.

Саломат бошед бародари азизам!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.