Пароканда

Боздошти яке аз бастагони сухангӯи ҲНИТ аз сафар ба Русия

aa75Ба гузориши сойти Payom, субҳи имрӯз мақомоти тоҷик паспорти хориҷии янгаи Маҳмудҷон Файзараҳмоновро, ки қасд дошт фардо ҳамроҳи ду фарзандаш ба Маскав сафар кунад, гирифтанд.
Бар пояи ин гузориш, мақомоти маҳаллии ноҳияи Кумсангир ба хонаи падарии Маҳмудҷон Файзараҳмонов, фаъоли сиёсӣ, воқеъ дар деҳаи Пахтакори ҷамоати Панҷи ин ноҳия рафта, паспортҳои хориҷии Фирӯза Файзраҳмонова, янгаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва фарзандонаш (фарзандони Фирӯза) Сумайраи 9-моҳа ва Муҳаммади 2-соларо, ки қарор буд фардо ба Маскав парвоз кунанд, гирифтанд.

Тибқи гузориш, фазои хона, ки дар он модари 60-солаи Маҳмудҷон, Файзраҳмонова Маснавихон, ҳамроҳи ду келинаш зиндагӣ мекунад, дар пайи “ташрифоварӣ”-и мақомот тарсу ваҳм фаро гирифтааст.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки мақомоти тоҷик Маснавихон Файзраҳмонова, модари 60-солаи М. Файзраҳмоновро, ки бемории қалбӣ дорад, пештар барои бозпурсӣ даъват карда буданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.